Главная / Маданият ва санъат / АНВОЪИ КОФИЯ БО ХУРУФИ ХУРУЧ, МАЗИД ВА НОЙИРА

АНВОЪИ КОФИЯ БО ХУРУФИ ХУРУЧ, МАЗИД ВА НОЙИРА

Донишмандони илми кофия вобаста ба иштироки харфхо, харакатхои кофия ва мавкеъи харфи рави 25 навъи кофияи пурбахоро чудо кардаанд, ки дар шеъри шоирони гузашта ва имрузаи форс – точик мавриди истифода карор гирифтаанд. Мо дар дарси гузашта дах навъи кофияи пурбахоро бо мисолхои шеъри шарх додем. Холо понздах навъи онро пешкаши шумо менамоем:

  1. Кофияи мутлак бо хуруч, яъне кофияе, ки дар решаи он равии мутлак, васл, хуруч ва боз харакате аз кабили тавчех ва мачро омадааст (мисли: «б а р в а р е м» ва а р ъ а р е м»). Мисол:

Мазан бо сипохе зи худ бештар,

Ки натвон зад ангушт бар нештар. (Саъди) Мисоли дигар:

Бо ту ба чуз рохи хаво наспарем,

Чуз ба гараз руи туро нангарем. (Чоми)

Дар калимахои кофияи байти якум чузви «-ештар» решаи кофия буда, харфи «е» ридфи муфрад ё асли, харфи «ш» равии мутлак, харфи «т» васл, садоноки кутохи «а» нафоз, харфи «р» хуруч аст. Дар байти дуюм чузви «-арем» решаи кофия, садоноки кутохи «а» тавчех, харфи «р» равии мутлак, харфи «е» васл, харфи «м» хуруч мебошад.

  1. Кофияи мутлак бо кайд ва хуруч, яъне кофияе, ки дар решааш харакати хазв, харфи кайд, равии мутлак, васл ва хуруч мавчуд аст (мисли: «пайвастанд»-у «бастанд»). Мисол:

Чу хастандат хама поинпарастон,

Забардасти макун бар зерДастон. (Амир Хусрав).

Мисоли дигар:

Тавони бетавонон хаст чандон,

Ки печад сахт дасти зурманДон. (Чоми).

Дар байти аввал чузви «-астон» ва дар байти сони чузви «-андон» решаи кофия буда, дар решаи кофияи аввал садоноки «а» хазв, харфи «с» кайд, харфи «т» равии мутлак, харфи «о» васл, харфи «н» хуруч; дар решаи кофияи сони садоноки кутохи «а» хазв, харфи «н» кайд, харфи «д» равии мутлак, харфи «о» васл ва харфи «н» хуруч мебошад.

  1. Кофияи мутлак бо ридфи муфрад ё асли ва хуруч, яъне кофияе, ки дар решаи он ридфи муфрад, равии мутлак, тавчех, васл, хуруч бошад (мисли: «н и х о д а н д» ва «к у- ш о д а н д»). Мисол:

Аз гамаш то чанд ояд бар дилам беДоДхо

В-аз лабам фаввора хезад шуълаи фарёДхо. (Шухии Хучанди) Мисоли дигар:

Нафрин кунам зи дард фиоли замонаро,

К-у кибр доду мартабат ин куфшонаро[1] .(Шокири Бухорои)

Калимахои «бедодхо»-ю «фарёдхо»-и байти Шухии Хучанди ва калимахои «замонаро»-ю «куфшонаро»-и байти Шокири Бухорои бо хам кофия шудаанд. Дар решаи кофияи байти якум «-одхо» харфи «о» ридфи муфрад, харфи «д» равии мутлак, харфи «х» васл, харфи «о» хуруч дар решаи кофияи байти дуюм «-онаро» харфи «о» ридфи муфрад, харфи «н» равии мутлак, садоноки кутохи «а» мачро, харфи «р» васл, харфи «о» хуруч аст.

  1. Кофияи мутлак бо ридфи мураккаб ва хуруч, яъне кофияе, ки дар решаи он р и д ф и м у ф р а д ё а с л и, р и д ф и м у р а к к а б ё з о и д, р а в и и м у т л а к, м а ч- р о, в а с л в а х у р у ч омада бошад (мисли: «б и н в о х т а н д» ва «м е б е х т а н д). Мисол:

Бузургон нишастанд, хон хостанд,

Бихурданду мачлис биоростанД. (Саъди)

Мисоли дигар:

Зи пеши шаханшох бархостанД,

Забонро ба нафрин биоростанд. (Фирдавси)

Дар харду байт чузви «-останд» решаи кофия буда, харфи «о» ридфи муфрад ё асли, харфи «с» ридфи мураккаб ё зоид, харфи «т» равии мутлак, садоноки кутохи «а» тавчех, харфи «н» васл, харфи «д» хуруч аст.

  1. Кофияи мутлак бо таъсис, дахил ва хуруч, яъне кофияе,ки дар решаи кофияи он харфи таъсис, харфи дахил, харакати ишбоъ, харфи равии мутлак, харакати тавчех, харфи васл, харфи хуруч омада бошад (мисли: «з о л и м а с т» ва «о л и м а с т») . Мисол:

Ай ки атфол ба гахвора дарун аз ситамат,

Сур нодида бичуянд хаме мотамро.

Кафасе шуд зи ту олам ба хама оламиён, Ин-т захмат зи вучуди ту бани Одамро. Вах,ки то рузи киёмат пайи олоиши мулк Тохире аз ту начистар набувад оламро. (Санои)

Дар ин байтхо чузви «-отамро» («одамро» ва «оламро») решаи кофия буда, харфи «о» таъсис, харфхои «т», «д» ва «л» дахил, садоноки «а» ишбоъ, харфи «м» равии мутлак, харфи «р» васл, харфи «о» хуруч аст.

  1. Кофияи мутлак бо кайд, хуруч ва мазид, яъне кофия, ки аз харакати хазв харфи кайд, харфи равии мутлак, харфи васл, харфи хуруч, харакати нафоз ва харфи мазид сохта шудааст (мисли: «ч а с т е м а ш» ва «б а с т е м- а ш»). Мисол:

Хорхо буд дар рахат, кандемаш,

Лолахои чида ор, бандемаш. (М. Солех)

Мисоли дигар:

Ин дил, ки ба зулфи дилбаре бастемаш,

Харчанд гусаст, боз пайвастемаш. (аз « Арузи точики» ).

Дар байти аввал чузви «-андемаш», дар байти сони чузви «-астемаш» решаи кофия буда, садоноки кутохи «а» хазв, харфи «н» (дар кофияи байти дуюм харфи «с», кайд), харфи «д» (дар байти дуюм харфи «т»,
равии мутлак, харфи «е»васл, харфи «м» хуруч, садоноки кутохи «а» нафоз ва харфи «ш» «мазид» мебошад.

  1. Кофияи мутлак бо хуруч ва мазид, яъне кофияе,ки дар решаи он тавчех, равии мутлак, мачро,васл, хуруч, нафоз, мазид омада бошад (мисли: «д и л а с т а ш» ва «г у л а с т а ш»).Мисол:

Дар гулистони висолат чун гуластам,

Дар рахи васли ту, чоно, булбуластам. (М.Солех).

Мисоли дигар:

Чустучу кардам, ки ёбам розу асрори Дилашро,
Бехабар будам, ки дилбар тарк карда манзилашро.
(М.Солех).

мазид аст.

18. Кофияи мутлак бо ридфи муфрад, хуруч ва мазид, яъне кофияе,ки дар решаи он ридфи муфрад, равии мутлак, мачро, васл, хуруч, нафоз ва мазид омада бошад (мисли: «р у х о н а с т а ш» ва «н и ш о н а с т а ш»). Мисол:

Аз харобот чун бихонандаш,

Руй ношуста медавонандаш. (Масъуди Саъд).

Мисоли дигар:

Гарчи бесомонам, аммо дар насаб Сомониям,
Хочаи Сайёд аёли бандаи султониам.
(Абди)

Дар байти аввал чузви «-онандаш» решаи кофия буда, харфи «о» и муфрад, харфи «н» равии мутлак, садоноки кутохи «а» мачро, и «н»-и дуюм васл,харфи «д» хуруч, садоноки кутохи «а» нафоз ва и «ш» мазид аст. Дар байти дуюм чузви «-ониам» решаи кофия буда, и «о» ридфи муфрад, харфи «н» равии мутлак,харфи «и» васл, харфи

Дар харду байт чузвхои «-уластам» ва «-илашро» решаи кофия буда, дар решаи кофияи байти аввал садоноки кутохи «у» тавчех, харфи «л» равии мутлак, садоноки кутохи «а» мачро, харфи «с» васл, харфи «т» хуруч, садоноки кутохи «а» нафоз, харфи «м» мазид; дар решаи кофияи байти сони садоноки кутохи «и» тавчех, харфи «л» равии мутлак, садоноки кутохи «а» мачро, харфи «ш» васл, харфи «р» хуруч, харфи «о» ридф

харф

харф

харф

«а» (дар навишти араби-алиф) хуруч ва харфи «м» мазид мебошад.

  1. Кофияи мутлак бо ридфи мураккаб, хуруч ва мазид, яъне кофияе,ки дар решаи он ридфи муфрад ё асли, ридфи мураккаб ё зоид, равии мутлак, васл, хуруч, нафоз ва мазид омада бошад (мисли: « ш и т о ф т е м а ш» ва «н а ё ф т е м а ш»).

Хар чанд зи пай шитофтемат, Ай гумшудадил, наёфтемат.

Дар ин байт чузви «-офтемат» решаи кофия буда, харфи «о» ридфи муфрад, харфи «ф» ридфи мураккаб, харфи «т» равии мутлак, харфи «е» васл, харфи «м» хуруч, садоноки кутохи «а» нафоз ва харфи «т»-и охир мазид мебошад.

Мисоли дигар:

Гарчи фалак зи пеш биронДасти маро,

Бо банди гарон фуру нишонДасти маро.

Дар ин байт чузви «-ондасти» решаи кофия буда, дар он харфи «о» ридфи муфрад ё асли, харфи «н» ридфи мураккаб ё зоид, харфи «д» равии мутлак, садоноки кутохи «а» мачро, харфи «с» васл, харфи «т» хуруч, харфи «и» мазид аст.

  1. Кофияи мутлак бо таъсис,дахил,хуруч ва мазид, яъне кофияе, ки дар решаи он харфи таъсис, харфи дахил, харакати ишбоъ, харфи равии мутлак, харакати мачро, харфи васл, харфи хуруч, харакати нафоз ва харфи мазид омада бошад ( мисли: « м о й и л а с т а ш » ва « х о с и л а с т а ш»).Мисол:

Гарчи шохи хафт мулкам, оДиластам,

Чун гадоён бахри васлат мойиластам. (М.Солех).

Мисоли дигар:

Дар рохи ишк окилонананд гуйё чун гофилоне, Гофилонанд аз тагофул гуйё чун окцлоне. (М.Солех).

Дар кофияхои «одиластам» ва «мойиластам» чузвхои «-одиластам» ва «ойиластам» решаи кофия буда, харфи «о» таъсис, харфхои «д» ва «й» дахил, садоноки кутохи «и» ишбоъ, харфи «л» равии мутлак, садоноки кутохи «а» мачро, харфи «с» васл, харфи «т» хуруч, садоноки «а» нафоз, харфи «м» мазид аст. Дар кофияи байти дуюм бошад чузвхои «-офилоне» ва «окилоне» решаи кофия буда, харфи «о» таъсис, харфхои «ф» ва «к» дахил, садоноки кутохи «и» ишбоъ, харфи «л» равии мутлак, харфи «о» васл, харфи «н» хуруч ва харфи «е» мазид аст.

  1. Кофияи мутлак бо хуруч, мазид ва нойира, яъне кофияе,ки дар решаи он харакати тавчех, равии мутлак, васл, хуруч, нафоз, мазид ва нойира омада бошад (мисли: «п а р в а р е м а ш о н» ва «о в а р е м а ш о н»).Мисол:

То кай ба хуни дидаву дил парваремашон,

То кай зи рах раванд, ба рах оваремашон. (аз «Арузи точики») Мисол дигар:

Маро бо ёди чонон парвариДанД,

Ба чои асли у чон овариДанД. ( М. Солех).

Дар байти аввал чузвхои «-аремашон» решаи кофия буда, садоноки кутохи «а» тавчех, харфи «р» равии мутлак, харфи «е» васл, харфи «м» хуруч, садоноки кутохи «а» нафоз, харфи «ш» мазид, харфхои «о» ва «н» нойира мебошад. Дар байти дуюм чузвхои «- ариданд» решаи кофия буда, садоноки кутохи «а» тавчех, харфи «р» равии мутлак, харфи «и» васл, харфи «д» хуруч, садоноки кутохи «а» нафоз, харфи «д» нойира аст.

  1. Кофияи мутлак бо кайд, хуруч, мазид ва нойира, яъне кофияе, ки дар решаи он характи хазв, харфхои кайд, равии мутлак, васл, хуруч, харакати нафоз ва харфи нойира омада бошад (мисли: «б у р д е м а ш о н» в а «о з у р д е м а ш о н»). Мисол:

Дустонро рахт аз куи вафо бурдемашон,

Худ биозурдем, аз худ низ озурдемашон.(аз «Арузи точики») Мисоли дигар:

Дар куи васли чонон ёбам чу гардашонро,

Бех з-он,ки дида бошам як лахза ДарДашонро. (М.Солех)

Решаи кофияи байти аввал «-урдемашон» ва решаи кофи байти дуюм «-ардашонро» мебошад.Дар решаи кофияи байти аввал садоноки «у» хазв, харфи «р» кайд, харфи «д» равии мутлак,харфи «е» васл, харфи «м» хуруч, садоноки кутохи «а» нафоз, харфи «ш» мазид ва харфхои «о»-ву «н» нойира аст. Дар решаи кофияи байти дуюм бошад садоноки «а» хазв, харфи «р» кайд, харфи «д» равии мутлак, садоноки кутохи «а» мачро, харфи «ш» васл, харфи «о» хуруч, харфи «н» мазид ва харфхои «р»-ву «о» нойира мебошад.

  1. Кофияи мутлак бо ридфи муфрад, хуруч, мазид ва нойира,яъне кофияе, ки дар решаи он ридфи муфрад, равии мутлак, харакати мачро, харфи васл, харфи хуруч, харакати нафоз, харфхои мазид ва нойира омада бошад (мисли: «й о р а с т а м е» ва «к о р а с т а м е»). Мисол:

Бишнав, ки ман насихати пирон шуниДаам,

Пеш аз ту халк будаву баъд аз ту буДаанД. (Саъди)

Мисоли дигар:

Ч,идди у асли некно.михост,

Хазли у асли шоДкомихост. ( Масъуди Саъд)

Дар байти якум факат як калима («будаанд») ба вазифаи кофия омадааст, зеро байти мусарраъ нест, яъне ин байти аввали газал набуда, яке аз байтхои газал аст. Дар ин кофия чузви «-удаанд» решаи кофия мебошад ва харфи «у» ридфи муфрад, харфи «д» равии мутлак, харфи «а» (дар алифбои араби «хо»-и хавваз аст) васл, харфи «а»-и дуюм (дар алифбои араби харифи «алиф» аст)хуруч, харфи «н» мазид ва харфи «д» нойира аст. Дар байти дуюм бошад чузви «-омихост» решаи кофия буда, харфи «о» ридфи муфрад, харфи «м» равии мутлак, харфи «и»васл, харфи «х» хуруч, харфи «о» мазид ва харфхои «с»-у «т» нойира мебошад.

  1. Кофияи мутлак бо ридфи мураккаб, хуруч, мазид ва нойира, яъне кофияе,ки дар решаи он ридфи муфрад, ридфи мураккаб, равии мутлак, харакати мачро,васл, хуруч, мазид ва нойира (мисли « н а п а р д о х т а н и с т а ш» ва «д а р с о х т а н и с т а ш»). Мисол:

Гар дил зи гами ёр напарДохтанисташ,

Бо у ба хама вучуд Дарсохтанисташ. (аз «Арузи точики») Мисоли дигар:

Ки кассон дар ин рах фарас[2] рондаанд,

Бо лохис[3] аз так фуру мондаанд.

Дар байти аввал чузви «-охтанисташ» решаи кофия буда, харфи «о» ридфи муфрад ё асли, харфи «х» ридфи мураккаб ё зоид, харфи «т» равии мутлак, садоноки кутохи «а» мачро, харфи «н» васл, садоноки «и» нафоз, харфи «с» хуруч, харфи «т» мазид, садоноки кутохи «а» нафоз ва харфи «ш» нойира мебошад. Дар байти дуюм чузви «-ондаанд» решаи кофия буда, харфи «о» ридфи муфрад ё асли, харфи «н» ридфи мураккаб ё зоид, харфи «д» равии мутлак, харфи

«а» («хо»-и хавваз) васл, харфи «а» (алиф) хуруч, харфи «н» мазид ва харфи «д» нойира аст.

  1. Кофияи мутлак бо таъсис, дахил, хуруч, мазид ва нойира, яъне кофияе, ки дар решаи он харфхои таъсис, дахил, харакати ишбоъ, равии мутлак, васл, хуруч, харакати нафоз, мазид ва нойира (мисли: «й о в а р е м а шо н» ва «о в а р е м а ш о н»).Мисол:

Тимори хачри ёрон оваранДашон,

Висол аз чохи гам бароваранДашон. (М.Солех)

Мисоли дигар:

Гар корашон ба чанг расад, йоваремашон,

Бо байраки зафар ба сарой оваремашон. (аз « Арузи точики)

Дар байти аввал чузви «-оварандашон» решаи кофия буда, харфи «о» таъсис, харфи «в» дахил, садоноки кутохи «и» ишбоъ, харфи «р» равии мутлак, садоноки кутохи «а» мачро, харфи «н» васл, харфи «д» хуруч, садоноки кутохи «а» нафоз, харфи «ш» мазид ва харфхои «о»- ю «н» нойира мебошад.Дар байти дуюм чузви «-оваремашон» решаи кофия, харфи «о» таъсис, харфи «в» дахил, садоноки кутохи «а» ишбоъ, харфи «р» равии мутлак, харфи «е» васл, харфи «м» хуруч, садоноки кутохи «а» нафоз ва харфи «ш» мазид ва харфхои «о» ва «н» нойира аст.

Аз чумлаи ин 25 навъи кофия, ки дар боло овардем, як кисмашон хеле камистеъмоланд ва аксари муаллифони китобхои кофия худашон барои онхо байтхои алохида сохтаанд. Ба ин гурухи кофияхо навъхои 16-25 дохил мешаванд.

Илова бар ин, дар ашъори баъзе шоирони адабиёти классик форс- точик ба шеърхое дучор меоем, ки нисфи калимаи кофияшавандаро аз аруз (рукни охири мисраъи аввал) ба ибтидо (рукни аввали мисраъи дуюм) ва нисфи калимаи кофияи мисраъи сеюмро ба аввали мисраъи чахорум ва нисфи калимаи охири мисраъи чахорумро ба аввали мисраъи панчум ва нисфи калимаи охири мисраъи панчумро ба аввали мисраъи шашум ва хамин тарз то охири шеър мегузаронанд.Дар чунин холат харфи рави аз харфи охирини решаги иборат нашуда, аз харфхои мукарарии калима таркиб меёбад, ки ба сари худ хеч гуна маъни надорад.

Сузании Самарканди касидае дорад, ки абёти он ба хамин тарзи кофиябанди иншо шудааст. Барои мисол ду байти онро меорем:

Саъди дин мадхи хочаи мустав-

Фи шунидаву дар дил омад сав-

Дои он навтарику карди тах-

Син бар он вазни шеъру кофия мав…

Дар байни анвоъи кофия кофияхои мукайяд бо ридф, бо харфхои кайд, таъсису дахил, кофияхои мукайяди мучаррад ва мутлаки мучаррад хеле серистеъмоланд.Ин навъи кофияхо якчоя бо радиф дар шеър оханги хушу гуворо ба вучуд меоранд.Дар ин газали Камоли Хучанди кофияи мукайяд бо ридфи муфрад ё асли ва радифи «т у х у ш м е о я д» хеле хушоханг омадааст:

Навбахорон зи лилам буйи т у х у ш м е о я д,

Хамаро богу маро руйи т у х у ш м е о я д.

Хамчу наргис нанихам чашм ба сарви лаби чуй,

Ки маро комати Дилчуйи т у х у ш м е о я д.

З-он хама халка , ки шамшод занад бар сари гул,

Бандаро халкаи гесуйи т у х у ш м е о я д.

Буйи гулзор хуш ояд хама касрову маро

Накхати хоки сари куйи т у х у ш м е о я д.

 Печи сунбул ба чаман хеч намеояд хуш,

Пеши руйи ту хами муйи т у х у ш м е о я д.

Шеваи чашм чу наргис чи кунад ишваву ноз?!

 Шева аз наргиси цоДуйи т у х у ш м е о я д.

 Чашм накшуда ба руйи гул аз он руй, Камол,

 Ки назар бар гули худруйи т у х у ш м е о я д.

Дар боло мо садоноки кутохи баъди дахилро (харакати дахилро) ишбоъ гуфтем, зеро ин барои донистани таълимоти гузаштагон ёри мерасонад. Баъзе донишмандон, аз чумла устод Бахром Сирус таъкид мекунанд, ки садоноки кутохи пеш аз рави омадаро тавчех гуем. Ин тарзи таълим хонандаро ба иштибох меорад, зеро дар китобхои кофияи классики байни ишбоъву тавчех фарк гузоштаанд. Барои хамин, хуб мешавад,ки садоноки кутохи баъди дахилро харакати дахилро и ш б о ъ, садоноки кутохи пеш аз кайдро х а з в садоноки кутохи пеш аз равиро (агар харфи дахил набошад)тавчех, садоноки кутохи баъди равиро мачро ва садоноки кутохи баъди васлу хуручу мазидро нафоз гуем.

Савол ва супоришхо:

  1. Микдори анвоъи кофияи пурбахо чандтоянд?
  2. Аз байни 25 навъи кофия кадомхояшон серистеъмоланд ?
  3. Кадом навъи кофияхо камистеъмоланд?
  4. Дар кофияи мутлак кадом харфхои кофия иштирок мекунанд?
  5. Агар баъди харфи рави харфи васл наомада бошад, онро ба кадом навъи кофия дохил мекунем?
  6. Охирин харфи кофияи мутлак чи ном аст?
  1. Мисоле биоред,ки дар он харфи кайд, хуруч омада бошад.
  2. Дар кофияи мутлак бо ридфи мураккаб ва хуруч боз кадом навъи ридф омада метавонад?
  3. Дар кофияи мутлак бо таъсис, дахил ва хуруч кадом харакатхои кофия омада метавонанд?
  4. Барои чи навъхои кофияхои 16-25 камистеъмоланд?
  5. Харакате, ки баъди харфи дахил меояд, чи ном дорад?
  6. Кадом харакатхо баъди рави меоянд.
  7. Харакати пеш аз харфи рави чи ном дорад.
  8. Кофия ва радиф дар шеър чи ахамият доранд?

[1]     Куфшона – шонаи бофандаги.

[2]     Фарас-асп.

[3]     Лохас, лохис-ночор.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

46

Адабиёт ва илм дар асри XVI

Вазъияти сиёсие, ки аз аввали асри XVI дар Мовароуннахр ва Хуросон фарохам омад, ба хаёти …