Главная / Илм / АНВАРОВ Айманчон Ковланчонович

АНВАРОВ Айманчон Ковланчонович

terapevtАНВАРОВ Айманчон Ковланчонович (08. 12. 1939, ш. Душанбе – 23. 01. 2002, хамон чо), терапевт, доктори илмхои тиб (1998), проф. (2000). Хатмкардаи факултаи муоличавии ДДТТ (1965). Духтури терапевти беморхонаи минтакавии хочагии ба номи Ленини нох. Ленин (хозира Рудаки; 1965 – 66), ординатори кафедраи бехдошти ичтимои ва ташкили тандурустии ДДТТ (1966 – 67), аспиранти кафедраи бехдошти ичтимои ва ташкили тандурустии Донишкадаи такмили ихтисоси духтурони ш. Москва (1967 – 70), ассистенти кафедраи бехдошти ичтимои ва ташкили тандурустии ДДТТ (1970 – 74), сардухтури Хонаи маорифи санитарии чумхурияви (1974 – 78), сардухтури Беморхонаи клиникии чумхуриявии №3 (1978 – 79), ассистент, дотсент (1979 – 87) ва мудири кафедраи бехдошти ичтимои ва ташкили тандурустии ДДТТ (1987 – 2002). Муаллифи зиёда аз 140 асару маколахои илми, аз чумла 3 монография ва 30 дастури методист, ки ба масъалахои бехдошти ичтимои ва ташкили тандурусти, менечменти молияви бахшида шудаанд. «Барномаи чумхуриявии тадбирхои аввалини бехтар сохтани шароит ва хифзи мехнат барои солхои 1998 – 2000» – ротахия кардааст. Зери рохбарии у 2 наф. рисолахои номзади химоя кардаанд. Бо медали «Ветерани мехнат», «Нишони фахрии Салиби Сурх» ва ифтихорномахои сохави сарфароз гардонда шудааст.
Ос.: Формирование здорового образа жизни населения, Д., 1991; Социально-гигиенический анализ младенческой смертности, Д., 1998; Медико – социальные аспекты планирования семьи в регионе высокой смертности, Д., 1998; Гигиеническая оценка условий труда работниц маятниковых мигрантов легкой промышленности, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …