Главная / Илм / АНТРОПОМЕТРИЯ

АНТРОПОМЕТРИЯ

antropometriyaАНТРОПОМЕТРИЯ (Antrophometria; аз антропо… ва …метрия), колбадшиноси, мачмуи тарзу усулхои мукаррар намудани хусусиятхои морфологии бадани одам: чен кардани кад, вазн, андомхои зохирии бадан (андозаи косахонаи сар, кафаси сина, гардан, китф, бозу, рон, соки по), инчунин нишондодхои вазоифи (гунчоиши шуш, кувваи мушакхо ва г.). Дар мавриди А. аломатхои ченкуни ва тафсири кор фармуда мешаванд. Нишондихандахои ченкуниро бо ракам, нишонахои тафсири (мас., ранги чашм, шакли кафаси сина, шикам, сабзиши муи зери ноф, зери багал ва г.), хангоми муоина бо рохи мукоиса бо меъёрхо, яъне чадвалу моделхо мукаррар мекунанд.
Дар тиб А.-ро бештар зимни тадкики инкишофи чисмони истифода мебаранд. Дар аснои назорати инкишофи чисмонии бачагон А. чун нишондоди кадкаши ва шаклгирии организм ахамияти махсус дорад. Каду вазн, андозаи сару кафаси сина ва диг. узвхои кудакони яксоларо мохе як бор, кудакони синни томактабиро соле 2 – 3 маротиба, синни мактабиро хар сол 1 бор дар рафти муоинаи тибби чен мекунанд. Андозагирии пай дар пайи антропометри имкон медихад, ки нуксхои инкишофи чисмонии бачагон (кадкашии суст, наафзудани вазн чун нишонаи аввалини баъзе беморихо ё ихтилоли низоми инкишоф) сари вакт ошкор карда шаванд. Гайр аз ин, А.-ро дар аснои ташхиси тиббии чавононе, ки ба сафи артиш даъват шудаанд ва хангоми назорати тиббии варзишгарон низ ба кор мебаранд. Натичахои А. дар саноат барои тайёр кардани колабхои сарулибос, пойафзол, мебел, хамчунин дар амалхои лоихакашию чихозонидани чойхои кор мухим аст. А. дар криминалистика ва тибби суди низ ахамияти калон дорад. Бо максади ба даст овардани маълумоти аник колбадро дар сурати барахна будани бадан, одатан, пагохи андоза мегиранд. Андозагирии такрори бояд то хадди имкон дар як вакту соат гузаронида шавад.
Дарозии кадро бо кадченкунак муайян мекунанд. Се чои бадани шахс – пошна, сурин ва шонахо бояд ба кадченкунак расида истад; сарро дар чунин холат тавре нигох бояд дошт, ки мучи гуш ва кунчи берунии косахонаи чашм дар як хати уфуки чой гиранд. Вазнро бо тарозуи тибби бармекашанд. Шахс бояд дар миёначои тарозу рост истад. Вазнро пагохи, пеш аз ношто баркашидан бехтар аст. Атрофи кафаси синаро бо метри тасмашакл чен мекунанд. Шикам дар вакти рост истодан ва ором нафас нагирифтани одам чен карда мешавад. Спирометрия – муайян кардани гунчоиши шуш, яъне гунчоиши зиёдтарин хавоест, ки одам баъд аз нафасгирии чукур онро мебарорад. Онро бо спирометр 2 – 3 бор чен намуда, натичаи бехтаринро ба хисоб мегиранд. Динамометрия – тавассути динамометрхои фанарии баркад ва дасти чен кардани неруи мушакхост. Дастаки динамометр бояд аз зону боло чой нагирад. Динамометрро такон надода кашидан лозим (дар ин маврид зоную даст бояд хам нашаванд). Динамометри дастиро дар каф чунон бояд дошт, ки чадвали он ру ба боло бошад. Хангоми фушурдани асбоб дастро озодона поён фаровардан ё дар ягон тараф нигох доштан лозим аст; баъд аз 2 – 3 маротиба чен кардан, адади бештаринро ба хисоб мегиранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …