Главная / Илм / ЯНТОК дар Канзи Шифо (Китоб)

ЯНТОК дар Канзи Шифо (Китоб)

yantoq-660x330ЯНТОК (Yantoq)- онро точикони кадим шутурхор меномиданд ва ба русси «Верблюжья колючка«. Дар хусуси мизочи ин кавлхо гуногун мебошанд. Баъзе гарм ва хушк ва баъзеи дигархо сард ва хушк донистаанд. Хислатхои шифобахши он: ин хусусиятхои гардонандагии варамхо, кушояндагии гиреххо ва поккунандаги дорад, бар зидди захрхо тарёк мебошад. Агар инро бихуранд ё гузошта банданд ва ё онро сухта ба дудаш бидоранд, бавосирро дафъ мекунад.

Оби гиёхи тарашро ситонида ба чашм бимоланд, гули тунуки чашмро дур месозад. Се катра оби холиси онро хангоми дили нахор будан дар бини чаконанд ва баъд аз як соат равгани бунафшаро аз болои он дар бини бикашанд, дарди сари кухнаро дафъ мекунад. Аз янток равган хам тартиб медиханд, ки ин тавр аст. Оби барги тари онро дар зарфе андохта, аз болояш баробари оби барг равгани зайтун андохта, бо оташи мулоим мечушонанд, то он ки об батамом бухор шаваду равган бимонад. Ин равгани янток хисоб меёбад.

Ин равганро бихуранд ё бимоланд, барои дардхои бугумхо ва хамаи иллатхои аз сарди ба амал омада дармон мешавад. Гулашро куфта, гузошта банданд, бавосирро хушк мекунад.

yantoq-2

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …