Главная / Илм / АНТИСЕПТИКА

АНТИСЕПТИКА

anticeptikaАНТИСЕПТИКА (Antiseptica; аз анти… ва юн. septikos – мадданок), мачмуи тадбирхоест барои безарар гардонидани чарохат ва тамоми он чи ки хангоми муолича истифода мешавад. А.-ро бар зидди бактерияхое, ки ба чарохат ворид шудаанд, кор мефармоянд, аз ин ру он бештар ахамияти табобати дорад; асептика бошад, ба чарохат рох ёфтани бактерияхоро пешгири мекунад, аз ин чихат ахамияти он профилактики аст. То пайдоиши моддахои антисептики беморихоро бо рохи чаррохи кам табобат мекарданд, зеро баъди чаррохи оризахои гуногун (саромос, уфунати хун ва г.) ба вучуд меомаданд. Баъзан оризахои чаррохи бисёр ва духтурон мачбур мешуданд шуъбаи чаррохии беморхонаро муваккат банданд. Он вактхо хануз маълум набуд, ки сабабгори оризахои чаррохи микробхо мебошанд. Бинобар ин пайдоиши оризахо ба таъсири ким-кадом мабдаи бемориовар (ба ном «миазмахо») вобаста карда мешуд.
Табиати оризахои сироятро духтури мачори И. Земмелвейс ва чаррохи машхури рус Н.И. Пирогов дуруст дарк карданд. Пирогов пайдоишии «миазмахо»-ро бо чарохати газакгирифта алокаманд мекард. Онхо гуё аз чарохатхои варамида, фасоднок ва бофтахои мавтшуда хосил гашта, дар хавои палатахои беморхона пахн мешаванд ва ба беморон сироят мекунанд. И. Земмелвейс харчанд зани зояндаро манбаи уфунат медонист, вале барои мукаррар намудани мабдаи касалиовар – ангезандаи сепсиси баъди зоиш маълумоти кофи надошт. Ба акидаи у пахнкунандаи уфунат на хавои палатахои таваллудхона, балки худи кормандон мебошанд. Аз хамин сабаб И. Земмелвейс бо махлули охаки хлорнок шустани дасти момодоя ва асбобхоро ба амал чори кард. Дар натича бисёр занхои зоянда аз таби баъди зоиш эмин монданд.
С. 1863 микробиологи франсави Л. Пастер собит кард, ки пусиш ва туршшави ба фаъолияти микроорганизмхо вобаста аст. Чаррохи англис Д. Листер дар асоси тадкикоти Л. Пастер ва мушохидахои худ ба хулоса омад, ки сабаби оризахои уфуни (боиси фавт аз чаррохи мегаштанд) микроорганизмхои ба чарохат воридшуда мебошанд. у аввалин шуда усули муборизаро бар зидди микроорганизмхо пешниход кард ва онро А. номид (1867). Усули мазкур ба чарохат рох ёфтани микробхоро пешгири ва микробхои ба чарохат афтодаро нобуд мекард. Чун воситаи бектерисиди (микробкуш) кислотаи карболат истифода мешуд. Бо махлули он асбобу анчоми чаррохиро безарар мегардониданд, духтур дастонашро пеш аз чаррохи мешуст, махлулро ба хонаи чаррохи мепошиданд. Аммо баъд маълум гардид, ки кислотаи карболат захри котил буда, метавонад бофтахои чарохатро нобуд кунад, хангоми нафасгири боиси захролудии организм шавад. Лозим омад, ки аз чунин антисептик даст кашанд. Аммо инкишофи А. ба туфайли моддахои нав, ки таъсирашон зудтару захрнокиашон камтар буд, давом кард. Айни замон чустучуи усулхое, ки микробхоро безарар гардонанду барои организм беосеб бошанд, огоз ёфт.
Мукаррар гашт, ки микроорганизмхо аз таъсири харорати баланд нобуд мешаванд. Чаррохи немис Э. Бергманн тарзи нави безарар гардониданро кашф намуд ва онро асептика номид. Мувофики талаботи асептика хар он чи, ки хангоми чаррохи ё захмбанди ба чарохат мерасад, бояд тамийзи (аз микробхои зинда озод) бошад. Барои тамйиз хавои тафсон, буг ва г. истифода мегарданд. Чизхое, ки ба харорати баланд тоб намеоранд (мас., дастони чаррох), ба тарзи «хунук» (бештар бо моддахои химиёви) тамйиз карда мешаванд. Хини асептика баъзан васоити антисептикиро низ ба кор мебаранд. Бо ёрии маводи А.-и хозира имкон дорад, ки баъзе касалихои ангезандаашон микробхои уфуни (мас., мастит) бидуни чаррохи табобат карда шаванд. Вале ин воситахо хамеша натичаи дилхох намеоранд. Мас., молидани махлули спиртии йод бактерияхои захми на он кадар чукури пуст ва чои харошхурдаро хамон вакт комилан нобуд мекунад, ки агар микробхо такроран таъсир нарасонанд. Аз ин ру хангоми расонидани ёрии аввалини таъчили (дар аснои ярадор шудан, сухтаги) коидахои оддитарини асептикиро бояд риоя кард. Дар хона нигох доштани матои захмбанди (дока ва пахтаи тоза) ва бинт лозим аст. Масолехи захмбандие, ки аз дорухона гирифтаанд, дар сурате тоза (безарар) мемонад, ки агар халтачаи он нодарида ё тар нашуда бошад. Пеш аз кушодани халтача дастхоро бо собун тоза шуста, хушк кардан ва спирт ё атр молидан лозим аст. Хуб мешуд, ки дар хона пинсет хам бошад. Онро пеш аз истифода 10 дак. дар об мечушонанд. Хангоми бастани захм салфеткаро бояд аз як кунчаш гирифт (на аз чое, ки ба сатхи чарохат мерасад). Халтачаи захмбандии шахси барои истифода хеле мувофик аст. Дар сурати набудани масолехи захмбандии тамйизшуда метавон аз матоъи пахтагии тозаю дарзмолкарда истифода намуд. Ниг. низ Захмбанд, Захмбанди.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …