Главная / Илм / АНТИКОАГУЛЯНТХО

АНТИКОАГУЛЯНТХО

antikoagulianthoАНТИКОАГУЛЯНТХО (Anticoagulantia; аз анти… ва лот. coagulans – лахтабанд), дорухое, ки сади лахтабандии хун гашта, бо ин рох хосил шудани судда (тромб)-ро пешгири менамоянд. А. таъсири бевосита ва бавосита доранд. Ба А.-и таъсирашон бевосита гепарин ва гидроситрати натрий, ба А.-и таъсирашон бавосита неодикумарин, синкумар, фенилин, амефин мансубанд.
А.-хо аз руи баъзе хосиятхо аз якдигар фарк доранд. А.-и таъсирашон бевосита мустакиман ба омилхои лахтабанди, ки дар хун гардиш мекунанд, таъсир мерасонанд. Мас., гепарин фаъолияти тромбопластин, тромбин ва г.-ро фуру менишонад; гидроситрати натрий бошад ионхои озоди калсийро, ки дар мавриди хосил шудани тромбопластин ширкат меварзанд, пайваст менамояд.
А.-и таъсирашон бавосита антагонистхои витамини К мебошанд (витамини мазкур хангоми хосил шудани протромбин дар чигар иштирок мекунад). Онхо ба фаъолияти омилхои лахтабандии хун таъсир намерасонанд.
Табобат бо А.-ро духтур таъин карда, онро зери назорат мегирад. Оризаи хавфноки муолича бо А. хунравихои гуногун аст. Дар мавриди рух намудани нишонахои хунрави муоличаро катъ мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …