Главная / Илм / АНТИФРИЗ

АНТИФРИЗ

antifrizАНТИФРИЗ (аз анти… ва англ. freeze – ях бастан), махлули обии баъзе моддахо, ки аз сармо ях намебандад. А.-ро зимистон ба системаи сардонии мухаррики дарунсуз мерезанд. Барои системаи сардонии мухаррикхои дарунсуз истифодаи А.-хое, ки дар таркибашон этиленгликол, обу спирт, обу глитсерин, махлули баъзе намакхои гайриорганики ва г. доранд, мувофиктар аст. А.-ро инчунин барои ях набастани оинаи мошин низ истифода мебаранд.
А.-е, ки аз омехтаи этиленгликол ва об иборат аст, бештар истифода мешавад. Этиленгликол моеъи часпаки берангу буй буда, харор. чушишаш 197,4° аст. Дар саноат ду навъи А.-и этиленгликоли (40 ва 65; ракамхо харор. яхбандии онхоро нишон медиханд) истехсол мешавад. А.-и этиленгликолии 40 аз 53% этиленгликол ва 47% об, А.-и этиленгликолии 65 бошад, аз 65% этиленгликол ва 35% об иборат аст.
А.-и этиленгликоли захр буда, металлу резинаро вайрон мекунад. Барои пешгири намудани ин холат ба чунин А.-хо моддахои махсус хамрох менамоянд. Хангоми сарукор доштан бо А. эхтиёт бояд шуд. Бо дахон тавассути рудахои резини берун кашидани А. метавонад боиси захролуди ва хатто марг гардад. Кушидан лозим, ки А. ба пуст нарасад. Дар мавриди ба мухаррик рехтани А. аз дастпушаки резини истифода кардан лозим аст.
Хангоми захролуди аз А. системаи асабхои маркази, гурдахо ва чигар осеб меёбанд. Бо максади пешгирии захролуди ба коидахои бехатари риоя кардан лозим аст. Дар руи зарфе, ки А. нигох дошта шудааст, бояд «Захр» навишт.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …