Главная / Илм / АНОР

АНОР

granatАНОР (Punica granatum), нор, руммон, бутта ё дарахтест начандон калони сертана. То 2 – 5 м кад мекашад. Навдахояш хокистарранги сабзтоб, пустлохи шоххояш хокистарранги хира, баргаш байзашакли нугтез, гулаш сурхи кузачамонанд, зангулашакл. Мевааш калон, пусташ чармгуни сурх ё зардтоб. Апр. – май гул карда, мевааш сент. – окт. мепазад. Анорзорхои табии дар Точикистон дар к.-куххои Дарвоз, Каротегин ва Хисор мавчуданд.
А. растании доруии кадимист. Абуалии Сино хама узвхои А.-ро шифобахш хисобидааст. Бино ба маълумоти у гули А. хама гуна хунравиро бозмедорад, хангоми хунравии милки дандон муфид аст, дандонхои ликконакро устувор ва хунпартоиро рафъ мекунад, барои хунравии захми руда ва бачадон манфиат дорад. Оби А.-и турш хангоми табларза ва илтихоби меъда нафъ меорад. Хокаи гули А. чарохату захмхои кухна, чойхои кафидагии пустро шифо мебахшад. Аз он мархам тайёр карда, ба чурра мебанданд. Шайхурраис тухми бо асал омехтаи А.-ро барои нохунхурак, захмхои бадзот ва захми макъад мархами хуб хисобидааст. Пустлохи шохчахои навраси А. давои хуби пешоброн, хайзовар ва киччарон мебошад. Ба акидаи у хама узвхои А. хангоми номураттабии кори дил кумак мерасонад.
Дар китоби «Махзану-л-адвия» омада, ки «… куввати кабзият дар чамеи аъзои он мавчуд аст, хатто оби афшурдаи он низ хамин асар (таъсир)-ро дорад, харчанд кабзияти он хис намешавад… Ва чихати таквияти чигар ва яракон, сипурз, тапидани дил, дарди сина, чихати соф кардани овоз ва фарбех кардани бадан ва гузаштани гизо нофеъ аст… Зиёд хурдани он муфсиди гизо ва мураххи (сусткунандаи) меъда ва музирри сохибони хуммо (таб) аст ба сабаби бодовар буданаш».
Дар тибби халки пустлохи шохчаву тана, гул, мева ва пучоки А.-ро барои муоличаи беморихои заъфарма, обхура, сулфа, меъда, зики нафас, захрбод ва чун воситаи рафъи дард, кобиз (зидди исхол), киччарон, оби онро барои табобати зангила ва чун омили иштихоовар истифода мебаранд.
Дар тибби илми чушоб ва киёми пустлохи тана, шохча, реша ва пусти А.-ро хамчун омили киччарон ва хангоми заъфи меъдаву руда тавсия медиханд: 40 – 45 г пустлохи майдакардаро дар 400 мл об 6 соат тар карда мемонанд. Баъд онро то 200 мл монданаш мечушонанд ва полида хунук мекунанд. Чушобро дар давоми як соат нушида, баъди ним соат давои исхоловар медиханд.
Дар амалияи гиёхшифои чушоби пучоки А.-ро хангоми дарунрави, исхоли хунин, илтихоби меъдаву руда тавсия медиханд. Барои тайёр кардани чушоб 2 чумчача пусти А.-и майдакардаро дар як истакон об андохта 15 дакика чушондан лозим (барои 2 руз). Чушоби пустлохи реша ва шохчаи А. (50 г пустлохи майдакардаро дар 0,5 л об 15 дакика мечушонанд)-ро барои рафъи кирмхои макканда самарабахш мехисобанд. А. меваи пархези ва сергизо аст. Афшураи А. канд, чавхари лиму, глюкоза, танин ва витамини С дорад.
Ад.: Хикмати арсхо (мураттибон В.А. Капранов, Р. Хошимов), Д., 1975; Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …