Главная / Илм / АНОРЕКСИЯ

АНОРЕКСИЯ

anorekciyaАНОРЕКСИЯ (Anorexia; аз an – хиссачаи инкори ва orexis – иштихо), набудани иштихо (дар холати вучуд доштани талаботи физиологи ба он). А. дар натичаи ихтилоли фаъолияти маркази тагзия ба вучуд меояд. Сабаби А. беморихои рухи, ихтилоли фаъолияти гадудхои дохили, захролуди, халал ёфтани мубодилаи моддахо, беморихои узвхои хозима (гастрити шадид, саратон, гастродуоденит ва г.), гизои якхела ва бемаза, истеъмоли дорухои гуногун, беморихои сирояти ва г. мебошанд. Хангоми тулони будани А. муковимати организм суст ва хассосияти он нисбат ба беморихо зиёд мешавад. Дар кудакони хурдсол А. дар натичаи зуран маконидан ва риоя накардани коидахои гизодихи ба амал меояд.
А. метавонад аломати ягон бемори ё худ бемории алохида бошад (А.-и алоими). Дар мавриди охири А. дар натичаи вокуниши асаби ба таъсироти номатлуби гуногун рух менамояд.
Муоличаи А.-и алоими бояд ба рафъ сохтани бемории асоси равона шавад. Гохо ба табобати рухи низ эхтиёт меафтад. Хамчунин обутоби силсилаи асаб (сайругашт дар хавои тоза, обшифои, истифодаи дорухои таскинбахш) ва машгул шудан ба кори дилхох низ манфиат мерасонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …