Главная / Илм / АНКИЛОСТОМИДОЗХО

АНКИЛОСТОМИДОЗХО

ankilostomidoziАНКИЛОСТОМИДОЗХО (Ankylostomidoses), як гурухи беморихо, ки кирмхои лунда (анкилостомидахо) ба вучуд меоранд. Дар рудаи одам 2 намуди анкилостомидахо – анкилостома ва некатор сукунат дорад. А. дар мамлакатхои иклимашон торпики ва субтропики пахн шудаанд. Дар мамлакатхои иклимашон муътадил ба А. шахсоне гирифтор мешаванд, ки дар зери замин, дар шароити рутубаташ зиёду харораташ баланд кор мекунанд (конковхо, накбканхо ва г.). Анкилостомидахо бештар ба одамони дехот, ки дар сахро, полиз ва богот кор карда, ба замин поруи носухта меандозанд, сироят менамоянд (хусусан хангоми пои барахна гаштан).
Анкилостомидахои болиг дар рудаи борик, асосан дар рудахои дувоздахангушта ва нахиф маскан мегиранд. Тухми анкилостомидахои модина бо пасафканди бемор хорич шуда, дар шароити мусоид баъди 24 соат ба кирмина мубаддал мегардад (дар хок зиндаги мекунад). Кирминахо ба даруни одам бештар тавассути пуст ва дахон (бо сабзавоту меваи ношуста ё об) ворид мешаванд. Онхо баъд аз 8 – 10 хафта болиг мегарданд.
Бемори баъд аз 2 – 3 мохи сироят падид меояд; он боиси ихтилоли меъдаю руда ва инкишофи камхуни мешавад; баъзан бо бемадори, дарди сар, сарчархзани чараён мегирад. Одатан, хангоми А. инкишофи фикрию чисмонии кудакон суст мешавад. А. баъди аз пасафканди мариз ёфтани тухми кирм ташхис мегардад. Муоличаи А.-ро дар беморхона мегузаронанд (бемор пурра шифо меёбад).
Бахри пешгирии А. ошкор ва муолича намудани шахсоне, ки аз анкилостомидахо сироятнок шудаанд, ахамияти калон дорад; безарар гардонидани ахлоте, ки чун пору истифода мешавад, хеле мухим аст. Хоки чойхои алохидаро (мас., дар шахтахо, назди хочатхонахо) бо намаки оши (1 кг ба 1 м2 дар хар 10 руз як бор) безарар бояд кард. Начосатро бо рохи компосткунони безарар мегардонанд. Дар мавзеъхое, ки А. пахн шудааст, сабзавоту мева, инчунин пеш аз хурок ва баъд аз казои хочат дастонро шустан лозим. Пойлуч гаштан ё дар руи замин нишастану дароз кашидан мумкин нест. Ниг. низ Гелминтозхо.
Ад.: Камардинов Х.К., Тропические и паразитарные болезни человека, Д., 2003; Хамон муаллиф, Инфекционные и паразитарные болезни, Д., 2009.
О.Х. Хусейнов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …