Главная / Илм / АНГУШТЗАНи

АНГУШТЗАНи

ck_AuT_AmoxicilinАНГУШТЗАНи (Perkussio), перкуссия, яке аз усулхои муоинаи узвхои дарун. А.-ро дар тиб аз авв. а. 19 истифода мебаранд. Хангоми ба сатхи бадан ангушт задан, дар узвхои зери он харакатхои лаппишнок ба вучуд меоянд, ки садо ва давомоти муайян доранд. Мас., шуш, ки ковок ва пурхавост, садои возеху рушан мебарорад; чигар ва мушакхо, ки узвхои пурраанд, овози паст медиханд. А. ду хел мешавад: топографи (мавкеи узвро муайян мекунад) ва мукоисави (тагйироти узвро ошкор месозад). Садои кунд дар ягон кисми шуш аломати илтихоб ё плеврит аст; овози накорамонанд далели бисёр хаво доштани бофтахои шуш (мас., эмфиземаи шуш) ва дар шуш мавчуд будани чавф (мас., киста) мебошад; садои кунди пахшхуранда аломати дар чавфи шикам вучуд доштани моеъ (мас., обварам) аст.
Дар вакти А. бемор бояд рост истад ё дар курси нишаста дастонашро руи зону гузорад. А.-и дил имкон медихад, ки мавкеъ, андоза ва конфигуратсияи он муайян карда шавад. Тагйир ёфтани мавкеи дил метавонад аз беморихои шуш (ателектаз, фиброз), кафаси сина (кифосколиоз) ва плевра (пневмоторакс), инчунин аз нукси инкишофи худи дил вобаста бошад. А.-и меъда бо максади мукаррар кардани мавкеи он гузаронда мешавад. Максад аз А.-и чигар муайян кардани мавкеъ ва бузургии он аст (худуди он метавонад хам ба боло ва хам ба поён чой иваз кунад). А.-ро бахри муайян кардани андозаи пешобдон, бачадон (хангоми хомилаги ва фибромиома) ва дарди устухонхо низ истифода бурдан мумкин аст. Ин усули муоинаро одатан барои гурда кор намефармоянд, зеро он бо руда, ки хаво дорад, фаро гирифта шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …