Главная / Илм / АНГУР

АНГУР

angurАНГУР меваест маъмул. Дар Точикистон 211 навъи А. парвариш меёбад. А.-ро барои тархури, афшурагири ва мавиз хушконидан, пухтани мураббо, ширини ва майкаши истифода мебаранд. Дар таркиби А. канд, турши, витаминхои А, С, В, моддахои пектини, намакхои минералии калий, калсий, магний, фосфор, охан, манган мавчуд аст. Афшураи А. мубодилаи моддахоро дар организм бехтар ва гемоглобини хунро зиёд карда, ба системаи асаб ва мушакхо таквият мебахшад. 1л афшураи А. ба организми одам аз 700 то 1000 калория гарми медихад.
Дар бораи хусусиятхои давоии А. олимони кадим Дискуридус (а. 1 то м.), табибони Академияи Гундишопур, Абуалии Сино ва бисёр табибони машхури Хиндустон, Миср ва Хитой маълумот додаанд. Бино ба гуфтаи Абуалии Сино истеъмоли А.-и тару тоза дамиш меорад. А.-и чида овезонкарда хушхазм аст ва баданро кувват мебахшад. А. ва мавизи донадор барои дарди рудахо давои хуб аст. Мавиз гурда ва масонаро нафъ мебахшад. Бино ба маълумоти Мухаммад Хусайни Шерози А. хунро зиёд, холати узвхои нафас ва шушро бехтар, чисмро фарбех мекунад.
Табибони халки шираи гураи А., инчунин навъхои турши онро чун воситаи иштихоовар ва хозим ба кор мебаранд. А.-и пухта расида, бахусус ангури сиёх, хангоми камхуни ва чун воситаи таквиятбахш барои беморони заифу бемадор тавсия дода мешавад.
Аз гураи А. сирко тайёр мекунанд, ки давои хуби иштихоовар аст. Барг ва навдахои токро хангоми муоличаи галаёни хун ва диабети канд тавсия медиханд. Тарзи тахияи он: 4 чумча (40 – 50 г) барги хушки токро дар 0,5 л оби чуш чой карда, баъд дар оташи паст 10 – 15 дакика мечушонанд. Сипас онро полида, рузе 3 – 4 маротиба пеш аз хурок 0,5 истакон менушанд.
Дар тибби муосир А. барои муоличаи касалихои сил, иллати дил, чигар, меъда, шуш, асаб ва г. истифода мешавад. Илми тиб мукаррар кардааст, ки хар кас бояд рузе 300 – 500 г А. истеъмол намояд. Шарбати А. хунро тоза мекунад, мубодилаи моддахоро вусъат мебахшад, тарашшухи шираи меъдаро меафзояд. А. хангоми муоличаи рахит, бавосир, назлаи меъда ва руда, исхоли кухна ва омоси чигар низ муфид аст.
Истеъмоли А.-и ширин барои одамони гирифтори касалии канд, исхоли хунини шадид, фишори хун чоиз нест. Истеъмоли А. бо шир, бодиринг, харбуза, оби маъдани, мохи боиси ихтилоли кори меъда мешавад. Ниг. низ Ампелотерапия, Ангургура, Ток.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …