Главная / Илм / АНГУРА

АНГУРА

angurgura-640x330Ангургура — ин самари хоми ангур, яъне норасидаи сабзи турши он аст аз хар навъи ангур, ки бошад. Мизочаш дар аввали дарачаи дувум сард ва дар дувум хушк аст. Агар оби онро дар офтоб гафс гардонанд, мизочаш сардтар ва хушктар мегардад то дарачаи севум.

Хислатхои шифобахши он: хурдани он харорати хун ва сафроро хомуш мекунад, шиддати чушиши сафроро мегардонад, балгами дар меъда пайдошударо пора-пора месозад, дарунро мебандад; намегузорад, ки моддахон бегона ба меъда рехта шаванд; бадан ва чигарро кувват медихад, ташнагиро мешиканад, сустии аъзоро бархам медихад.

Гураи ангурро хушк карда куфта, гузошта банданд, араки баданрю хушбуй мегардонад, шахшулии пустро ислох мекунад ва баъд намегузорад, ки хамон сол араки нохуш аз бадан берун ояд; чушишхои баданро, ки дар тибби хозира аллергия меноманд, дафъ месозад, барои хориш ва сустии бадан фоида дорад.

Вале хурдани ин меъдаи сардмизочро суст мекунад, ба куввати пушти камар (бох) футур мерасонад, дар шикам бод пайдо менамояд, рудахоро ба дард меоварад ва дар одамоне, ки меъдаашон балгами шахшул дошта бошад, ташнаги пайдо мекунад. Барои дафъ кардани зарархои номбаршудааш гулканд ва анчир бихуранд, ислох мекунад.

Агар мавсими гураи ангур набошад, ба чойи он ревоч (чукри) ва туршак (щавель) истеъмол фармоянд, равост. Оби гураи ангурро чушонида гафс карда бихуранд, ташнагиро мешиканад, тафс ва харорати меъдаро сокин мекунад; барои катъ кардани исхоли сафрови, барангехтани иштихо, аз афтодан нигох доштани бача дар шиками модар, кави гардонидани узвхои даруни сина ва даруни шикам, манъ кардани бехузуршавии дил аз чамъ шудани сафро дар меъда дору мешавад.

Оби гураи ангурро дар офтоб хушк кунанд, инро усораи гура меноманд, хурдани усораи он ашаддитарин дарди гулу, варамхои халк, чушиши (пухтани) дахан; хуни бини ва хун кай карданро шифо мебахшад. Агар инро бо оби гандано бихуранд, донаи бавосирро хушк мекунад ва баъд аз ин  бемори сихат меёбад.

Усораи гураи ангурро занхо аз таг бардоранд, бачадонро пок ва холи бади онро ислох мекунад. Ва инро бо сирко хамир карда биёшоманд, хамаи носурхоро, ки захм ва реши бехнашаванда мебошанд, ба ибро меоварад.

Оби гураи ангурро дар гуш чаконанд, даруни гушро аз чирк ва рим пок мегардонад. Бо оби гураи ангур гаргара кунанд, варами халкро тахлил медихад. Усораи инро соида, чун сурма ба чашм кашанд, обравии чашмро нест мекунад, дуруштии пилкхои чашм ва захми хурандаи онро шифо медихад.

Агар бо усораи гураи ангур хукна кунанд, захми рудахоро бархам медихад ва инро занхо дар андомашон бирезанд, рутубати зиёдравандаи бачадонро кам месозад. Хурдани оби холиси гураи ангур куввати нигохдорандаи меъдаро меафзояд.

Чун тутиёро бо оби гураи ангур парварда кунанд, яъне дар он об як шабонаруз тар карда, баъд хушк намуда истеъмол намоянд, хислатхои онро афзун ва кави мегардонад. Вале нушидани оби гураи ангур ба узвхои даруни сина зарар дорад, сурфаро пайдо мекунад. Дар ин холат гулканд бихуранд, кифоя аст, ки ислохи зарар намояд.

Микдори як бор хурдан аз усораи он 4,5 грамм аст. Агар оби гураи ангур ёфт нашавад, ба чойи ин истеъмол кардани оби себи турш раво мебошад. Аз оби гураи ангур шароб хам тайёр мекунанд. Хангоми об гирифтани гурааш, яъне дар вакти ба расидан кариб ояд, обашро гирифта, аз он се микдор ва асали соф як микдор — хардуро якчо карда, се-чор руз дар офтоб мегузоранд, то ба чуш ояд. Баъд соф карда, дар куза ё шиша ба офтоб мегузоранд, то бирасад.

Ошомидани ин шароб исхолро мебандад, меъдаро кави мегардонад, рутубати бисёри бачадонро хушк мекунад, барои бадхазми фоида мебахшад, сусти ва поён фуромадани меъдаро ба ибро меоварад; кулинчро, ки аз сахт гаштани дарун ба амал омада бошад мекушояд, ваборо дафъ мекунад. Агар ин шароб яксола шавад, бехтар ва кавитар мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …