Главная / Илм / АНГУРАК

АНГУРАК

rhamnus-catharticaАНГУРАК (Rhamnus cathartica), сиёхбодом, олучаи хирсак, бутта ё дарахтест сершоху барг. То 8 м кад мекашад. Баргаш байзашакл ё мудаввар. Гулаш майдаи сабз, зардтоб. Мевааш сероб, курашакли сиёх, донакаш сиёхтоб, байзашакл. Май – июн гул карда, июл – сент. мева мебандад. Дар кади сойхо, сохилхои баланди дарёхо, буттазор, тугайзор меруяд. Дар к-куххои Курама, Хисору Дарвоз, мавзеъхои Сирдарё ва Точикистони Чануби (дар баландии 1200 – 1700 м аз с.б.) пахн шудааст.
Дар тиб меваи А.-ро истифода мебаранд. Чушоби шохчаи он хангоми захми меъда, чушоби решааш барои муоличаи назла (катар)-и меъдаю руда, камии туршии меъда муфид аст. Меваи хушки онро чой карда (1 чумча дар 200 мл об) шаб чун давои исхоловар нимистакони менушанд. Гайр аз ин, меваи А.-ро хангоми зардпарвин, нафастанги, обхура, никрис, бавосир ва чун воситаи кайовар низ истифода мебаранд. Накеъи меваи он барои рафъи кабзияти музмин ва заъфи руда тавсия шудааст. Накеъи А.-ро чунин тайёр мекунанд: 10 г меваи куфтаро дар як истакон об 8 соат нигох дошта, баъд пагохию бегохи менушанд ё ба шираи он (бо хиссахои баробар) канд ё асал омехта, пеш аз хоб 3 – 4 чумча истеъмол мекунанд. Тибби муосир чушоб, накеъ, шарбат ва чавхари обии А.-ро чун давои исхоловар тавсия медихад.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …