Главная / Илм / АНГУДОН

АНГУДОН

angudonАНГУДОН [(Ferula foetida (≈ F. assa-foetlida)], анчудон, ангуза, гандабу, каврак, гиёхест худруи бадбуй (махсусан беху мевааш). Бехаш турбмонанд, гафс. Пояаи рост (то 120 см кад мекашад), гафс (кутраш 5 – 8 см) ва камшох дорад. Баргаш нарм (руяш бепашмак, пушташ серпашмак), зуд пажмурда мешавад; барги бехи пояаш нисбат ба баргхои кисми болотари поя калон (дарозиаш то 40 см), думчадор. Гулаш зардча (моххои март – апр. мешукуфад). Асосан дар минтакаи шибог, бояличу ушнонзори биёбон, алафзори дашт, саксавулзор, регзор, доманакухи зардхок ва гилхоку регхоки вохаи д. Сир ва Точикистони Чануби (дар баландии 350 – 900 м аз с. б.) нуму меёбад. Дар баъзе махалхо анбухи А. масохати нисбатан васеъро фаро мегирад. А. дар шароити табии аз тухмаш руста, соли 8 – 9-ум як маротиба гул мекунад, сипас тамоман нобуд мешавад.
Самг ва шираи хушки беху пояи А. аз кадим бо номи «хилтит» дар тибби Шарк машхур аст. Онро дар байни бисёр кишвархои Шарку Гарб харидфуруш мекарданд. Дискуридус (Диоскорид; а. 1 м.) хабар додааст, ки решаву пояи А.-ро бурида, шираашро чамъ меоваранд, бехтарини он бояд соф, сафедтоб бошад ва зуд хал шавад. Абуали Сино самги А.-ро (бо омехтаи дигар дорухо) барои муоличаи дарди мафосил, фалач, яракон, захми руда ва касалихои пуст (шукуфа, думбал ва г.) истифода мебурд.
Табибони халки бо самги А. саръ, савдои, зики нафас, сил, рагкаши, хала, миёндард, чарохати бадан, касалихои пуст (мас., песи) ва г.-ро табобат мекарданд; барги навсабзашро бо чургот омехта, ба шахсони гирифтори «оташак» ва саратон медоданд. Бехашро зери оташ карда, ба омос мебанданд; самгаш киччаро меронад. Пояи сероби навраси А.-ро (монанди ров, рошак, касруф) казокхо мехуранд, обаш ташнагиро мешиканад. Форсхо ва хиндихо самгашро чун хуриш ба таом меандозанд.
Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 7, Л., 1984; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

as

ТАСВИРИ САТХИ ЗАМИН ДАР ХАРИТАХО. МИКЁСИ БАЛАНДИ ВА УМК (ЧУКУРЙ)

Тарзхои тасвири сатхи замин дар харита Чадвали баландихо ва чукурихо Хангоми тартиб додани харитахо ва …