Болоравии саноат ва тичорат. Дар саноат ва тичорати солхои 50 – 60-уми асри XIX Англия мавкеи хукмронро ишгол кард. Он ба табаддулоти саноатии дар Англия баамаломада ва горатгарии берахмонаи мустамликахо вобастагй дошт. Яке аз сабабхои дигари мухиме, ки болоравии босуръати саноати Англияро таъмин кард, бархамдихии усули фармонфармоию манъкунй ва ба ивази он чорй намудани тичорати озод мебошад. Бекор кардани конун дар бораи нони соли 1846 ва боч ба молхои ба Англия воридшаванда, исботи ин суханхо мебошанд. Аз чунин кор саноат ва сохибкорони Англия бурд карданд. Онхо дар бозорхои худ аз ракобати ракибони хорнчи наметарсиданд, чунки сифати молхои англисй баланд буд. Дар солхои 60-ум саноатчиёни Англия тавонистанд, ки бо Фаронса, Белгия, Италия, Австрия ва давлатхои Германия якчанд шартномахои нафьовари тичорати банданд.
Сармоядорони Англия бозорхои чахонро бо ёрии тичорати озод аз мол пур карда, бо ин рох ба дастгирии сармоядорони як катор мамлакатхои чахон ноил шуданд. Онхо дар мамлакатхои худ точирони Англияро дастгири мекарданд. Дар навбати худ сармоядорон ва точирони он мамлакатхо бозорхои Англияро аз махсулоти кишоварзи таъмин карда, аз он чо молхои саноатии нисбат ба мамлакатхои худ арзонтару баландсифаттарро харида мебурданд ва бо ин рох даромади калон мегирифганд.
Англия – Устохонаи чахон. Дар солхои 50-60-уми асри XIX Англия ба “устохонаи чахон” табдил ёфт. Дар ин мамлакат рохи охан бар дигар намудхои наклиёт голиб баромад, киштихои буги киштихои бодбондорро аз истифода танг карда бароварданд. Дар натичаи ин аз як чо ба чои дигар бурдани борхо тезтар ва арзонтар гардид. Дар Англия ин навгони ба ривочу равнаки тичорату сохибкори кумак расонид.
Солхои 1857 ва 1866 иктисодиёти Англияро бухрони барзиёди истехсолкунй фаро гирифт, вале он дар ин мамлакат тамоюли ру ба тараккии пуравчи сармоядориро боздошта натавонист. Барой исботи ин хулоса чанд мисол меорем. Дар охири солхои 60-ум дар Англия истехсоли ангишт нисбат ба Германия 5 маротиба ва нисбат ба ИМ А 4 баробар афзуд. Он нисфи чуяни дар чахон истехсол кардамешудагиро истехсол мекард Муваффакияти Англия махсусан дар саноати бофандаги беназир буд. Солхои 60-ум вай дар саноати худ нахи пахтаро баробаэи чамъи хамаи мамлакатхои чахон истифода мекард.
Соли 1850 дар корхонахои бофандагии Англия 21 млн духи механикй истифода бурда мешуд. Соли 1870 бошад, он ба 35 млн адад расид. Иктидори харакатдихандахои дарунсузи дар саноат ва наклиёт маъмулбуда дар соли 1870 ба 4,5 млн кувваи асп расид. Дар ин соха Англия аз Германия 1,5 баробар ва аз Фаронса 2 баробар пеш гузашт.
Сохти сиёсии Англия. Дар солхои 50-60-уми асри XIX Англия на танхо дар саноат ва тичорат бо суръат пеш рафт. Балки дар тарзи идоракунии давлат низ дигаргунихои чидди ба амал омаданд. Дар ин давра дар Англия хукмронии сиёсии буржуазияи саноатй мукаррар гардид. Сохти парламентии идоракунии Англия мустахкам шуд. Хануз соли 1832 палатаи чамоахо ташкил ёфта буд. Дар солхои 50 – 60-ум ин палата палатаи лордхоро фишор дода, ба неруи дуюмдарача табдил дод. Ин кор таъсири сиёсии хокимияти маликаро хеле паст фаровард. Малика Виктория (1837 – 1901) ва хамсари у шохзода Алберт Саксен-Кабургй хамеша ба корхои парламент дахолат мекарданд. Онхо мисли пештара хокимиятро ба нафъи ашрофони феодали ва рухониён истифода бурдани буданд. Вале дар шароити нав ин кор ба онхо мушкил гардид. Дигар ба малика муяссар намешуд, ки ба татбики конунхои кабулкардаи парламенти мамлакат халал расонад.
Он вакт дар Англия хамаги 2 хизб мавчуд буд – консерваторон (тори) ва либералхо (виги). Аз соли 1832 cap карда дар мамлакат асосан либералхо хукмрони мекарданд, вале онхо конунхо ва урфу одатхои асримиёнагиро бекор накарданд. Додхоххо дар додгоххои Англия мисли пештара мурофиаи додгохиро бо либоси мантия ва муйсари сунъй дойр мекарданд. Донишгоххои Оксфорд ва Кембрич сохти табакавию ашрофии идора ва таълимро нигох медоштанд.
Дар хукмронии Англия хизбхои консервативй ва либерал» бо хамдигар ракобат мекарданд. Гох яке ва гох дигаре ба сари хокимият меомад. Ба либералхо муяссар шуд, ки муддати дуру дароз консернаюринро аз хокимият дур кунанд. Дар зарфи солхои 1846-1868 торихо хамаги 3 сол дар сари кудрат буданду хало < (солхои 1852, 1858 – 1859 ва 1867 – 1868). 17 соли дигари ин муддат либералхо дар сари хокимият меистоданд. Онхоро аксарияти гуруххои сиёсии ба торихо зидбуда дастгири менамуданд, зеро тарзи хукмронии ин хизбро хуб меписандиданд.
Дар интихоботи парламентй хамон хизбе голиб мебаромад, ки ба чонибдории он зиёда аз нисфи интихобкунандагон овоз диханд. Хамон хизбе галаба карда метавонист, ки ба аксарияти оммаи халк – сохибкорон, сармоядсрон, точирон, кишоварзон ва зиёиён нафъ оварда тавонад. Сиёсати иктисодии либералхо ба тараккиёти саноату тичорат ва ба хаёти чамъиятии Англия бештар ворид шудани арзишхои демократи шароити мусоид фарохам меовард.
Ба империяи мустамликави табдил ёфгани Англия.
Дар солхои 50 – 60-уми асри XIX баъди дар Чанги Крим шикаст хурдани Русия суръати чангхои истилогаронаи Англия боз хам афзуд. Аз дарачаи баланди тараккиёти иктисодиёт ва флот истифода бурда, хукумати Англия бо хар рох ракибони худро аз бозорхои чахон фишор дода мебаровард. Сиёсати хоричии Англияро манфиатхои сармоядорон ва вазифахои истилогаронаи британия муайян мекарданд. Агар манфиати сармоядорони Англия талаб мекард, ки дар ягон давлат неруе дастгири карда шавад, хукумат бо ин кор мусоидат мекард. Рохбари хамонвактаи либерале Палмерстон, ки сарвазири Англия хам шуда буд, боре иброз дошт: “Британия иттифокчиённ доимй надорад. Он танхо манфиатхои до ими дорад”. Ба ин нигох накарда барои рупуш кардани максадхои аслии сиёсати хоричии мамлакат дипломатхои англис хамеша ва дар хама чо дар бораи хохони сулх будани Британияи Кабир бардуруг лоф мезаданд. Барои ба даст даровардани мустамликахо ва ё тахти таъсири худ даровардани ин ва ё он давлат сиёсатмадорони англис аз хар гуна бахона истифода мебурдацл. Масалан, Англия дар Шарки Наздик тарафи Туркияро бо он сабаб шрифт, ки гуё онро аз тачовузи Русияи подшохй дифоъ мекарда бошад. Дар амал вай дар ин чо сиёсати истилогаронаи худро татбик намуда, Туркияи заифшударо вассали худ гардониданй буд.
Англия халки мустамликахои худро берахмона истисмор мекард. Ин давлат дар миёнахои асри XIX мустамликахоягиро ба манбаи ашёи хом ва бозори молфурушй табдил дод. Соли I860 Англия дар Хиндустон нисбат ба тамоми давлатхои Европа ва ИМА 2 маротаба зиёдтар газвор фурухтааст. Дар худи хамин давра хачми молхое, ки аз Англия барои фуруш ба мамлакатхои Шарки Дур (Чин, Чопон, Корея ва г.) бурдааст, нисбат ба молхое, ки дар мамлакатхои Европа фурухта буд, якуним баробар зиёд аст. Аз се як хиссаи тичорати хоричии Англия ба мустамликахо рост меомад.
Чунин тичорат ба хазнаи Англия хар сол садхо миллион фунт-стерлинг даромад мсовард. Сохибкорони англис аз мустамликахо сарватхои афсонавй гун мекарданд. Хаиаи ин Англияро водор мекард, ки сиёсати истилогаронаи хоричии худро давом бидихад. Масохати мустамликахои Англия каламрави бузургро ташкил мекард. Ахолии онхо зиёда аз 200 миллион нафарро ташкил медод.
Дар солхои 1856 – 1858 Англия. Фаронса ва Русия аз мушкилихои сулолаи Син исгифода бурда (шуриши шйшшхо ба амал омада буд), ба гардани Чин Созишиомаи сулхи Тянсзки (соли 1858)-ро бор карданд. Мувофики он Чин мачбур шуд, ки бандархои худро барои тичорати хорггчй кушояд ва ба хоричиён ичозат днхад, ки ба дохили мамлакат даромада, молхои худро бе пардохти боч фурушанд. Еайр аз ин, Чин бояд ба голибон товони цанг хам медод. Соли 1860 Англия бо хамрохии Фаронса ба Чин тачовузи нав ташкил карда, шахри Пекинро ишгол намуда, касрхои императорро горат ва бомбаборон кард. Бо ин рох онхо Чинро мачбур карданд, ки ба шартномаи сулхи боз хам асоратовартар имзо гузорад.
Дар солхои 50-ум Англия ва ИМА ба души Чопон низ шартномаи асоратоварро бор карданд. Дар солхои 1856 – 1857 Англия бар зидди Эрон чанг карда, ба гардани ин давлат хам шаргномаи беадолати сулхро бор кард. Соли 1849 бошад, шуриши сикххоро дар музофоти Панчоби Хиндустон пахш карда, истилои ин давлатро ба охир расонид. Дар натичаи ин мамлакати бузурги дорой 170-190 миллион нафар ахолй дошта ба ихтиёри ширкати бузурги Вест-Индия гузашт.
Дар охири солхои 60-ум Англия бар зидди Хабашистон чангида, онро тобеи худ гардонид. Дар солхои 50-60-уми асри XIX Англия дар минтакахои дигари кураи замин низ сиёсати забткоронаи худро давом дод. Хамин тарик, Британияи Кабир ба империям бузурги мустамликавй табдил ёфт.
Харакати интимой. Дар натичаи тараккиёги саноати фабрикй ва дар онхо ба таври васеъ истифода бурда шудани мошинхс мехнат шиддатноку пурмахсултар гардид. Бо хамин рох сохибкорон кусури то 10 соат кам кардани рузи кориро бароварданд. Мухочират аз Англия ба И МА, Канада ва Австралия дар солхои 50-ум ва 60-ум нихоят зиёд шуд. Танхо солхои 1852 – 1868 Англияро зиёда аз 3 миллион нафар одамон тарк карданд. Барой хамин дар саноат кувваи коргарй намерасид. Аз ин сабаб музди мехнати коргарон афзуда, ба пастшавии харакати чартистй оварда расонид. Ин холат дар навбати худ обрую эътибори буржуазияро дар байни мехнаткашон зиёд кард.
Харакати коргарй асосан мохияти иктисодй дошт. Коргарон тез- тез корпартой мекарданд, то ки сохибкорон музди мехнати онхоро зиёд кунанд. Авчи баланди харакати корпартой ба солхои 1857-1860 рост омад. Аксарияти корпартоихо дар он давра барон коргарон бомуваффакият анчом меёфтанд. Сохибкорон тавассугн гузашткунихои худ ба коргарон ва табакахои дигари мехнаткашон исбот намуданд, ки дар байни табакахои интимой муросо мумкин аст.
Иттифокхои касабаро дар Англия “тред-юнионхо” меномиданд. Дар аввали солхои 50-ум тред-юнионхо дар мавкеи аз корпартой даст кашидан ва бо сохибкорон бо рохи “дипломатики саноатй” хал кардани мухолнфатхои мехнатй буданд.
Солхои 60-ум дар Англия то 1600 тред-юнионхо мавчуд буданд. Онхо олоти хуби химояи манфиатхои аъзоёни он гардиданд.
Хазинаи тред-юнионхо сол то сол аз маблаг пуртар мешуд. Дорой маблаги калон будан ва ба сохибкорон гуфтушунид карда тавонистан аз кормандони иттифокхои касаба донишхои баландро такозо мекард. Котибхои интихобии пештара, ки белуг кор мекарданд, охиста-охиста бо кормандони маошхург баландмаълумоти касабавй иваз карда шуданд.