Главная / Чамъият / АНГИШТ Конун

АНГИШТ Конун

Конуни Чумхурии Точикистон

 ДАР БОРАИ АНГИШТ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2012, №7, мод. 720)

Конуни мазкур асосхои хукуки, молияви ва ташкилиро дар сохаи ангишт мукаррар намуда, муносибатхои байни шахсони вокеи ва хукукиро дар ин соха танзим менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

angisht

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

ангишт– кандании сахти сузандае, ки дар натичаи пусидани набототи кухан дар зери таъсири омилхои биокимиёви ва физикию кимиёви пайдо шудааст;

истихрочиангишт – мачмуи корхо оид ба канда гирифтани ангишт аз каъри замин;

истифодабарииангишт – истифодабари тарики сузонидан дар оташдонхо, хумдонхо, дастгоххои саноати ва маишии гармидихи, коркарди он ба максади хосил кардани захирахои энергетики дар шакли сахт, моеъ, газмонанд ва махсулот барои саноати кимиёви ва тибби;

тачдидисохторисаноатиангишт – мачмуи чорабинихо оид ба азнавсозии базаи истехсолии самараноки истихрочи (коркарди) ангишт (сланетсхои сузанда) ба максади таъмини хифзи ичтимои ва шугли кормандоне, ки дар натичаи тачдиди сохтори саноати ангишт аз кор озод шудаанд, инчунин халли масъалахои дорои хусусияти экологии ба чунин тачдид алокаманд;

сохаиангишт – кисми таркибии комплекси сузишвори – энергетики буда, мачмуи корхои ташкили, техники ва чараёни технологии вобаста ба чустучу, иктишоф, истихроч, нигохдори, коркард, интикол, фуруши ангишт ва махсулоти коркарди онро дар бар мегирад;

конхоиангишт – чамъшавии табиии ангишт дар каъри замин, ки аз руи сатхи кунунии баходихи ва технологияхои саноати дорои ахамияти иктисоди мебошанд;

намудхоиалтернативиисузишворииазангиштхосилшаванда – намудхои сузишвории аз ангишт хосилшаванда (гази генератор, сузишвории ангишти оболуда, сузишвории моеъи синтетики ва гайра), ки истифодабариашон масрафи захирахои энергетикии кимат ва камчинро кисман ё комилан иваз мекунанд;

дастгириимолиявиисохаиангишт – маблаге, ки аз бучети давлати  ва манбаъхои дигар барои тачдид ва рушди сохаи ангишт ба максади конеъ гардонидани талаботи иктисодиёт ва ахоли ба сузишвори ва дигар махсулотхо равона карда шудааст;

корхоикухи– мачмуи корхо оид ба мустахкамкуни, таъмини бехатарии корхо ва нигохдории хафриёти кухии конхо хангоми истихрочи канданихои фоиданок;

дегазатсия (рафъигазхо) – ба берун кашида баровардани газхои хатарноки тарканда ба максади кам кардани микдори онхо дар шахтахо, кабатхои ангишт ва дар чойхои ангишташон кандашуда то меъёри имконпазири мукарраршуда;

бартарафсозииокибатиичроикорхоикухи – ичрои корхо оид ба бархам додани конхои хафриётшуда ва рох надодани шахсон ба ин конхо, тачзияи тачхизотхо, бархам додани биною иншоот, аз нав баркарор кардани заминхои истифодашуда ва бартарафсозии окибатхои дигар, аз чумла окибатхои экологие, ки дар натичаи ичрои корхои кухи ба вучуд омадаанд;

ухдадорихоиичтимои – ухдадорихои давлат ва (ё) ташкилотхои истихрочкунанда ва коркарди ангишт (сланетсхои сузанда) дар назди кормандоне, ки дар натичаи тачдиди сохтори саноати ангишт ва ё бархамдихии ин ташкилотхо аз кор озод ва ё ихтисор шудаанд, инчунин дигар табакахо (аъзои оилаи кормандони фавтидаи ин ташкилотхо) ва кисмхои харбикунонидашудаи садамавию начотдихи, нафакахурон ва маъюбон;

ташкилотиистихрочкунандавакоркардиангишт – шахси хукукие, ки барои истихроч, коркард, фуруши ангишт ва махсулоти коркарди он таъсис дода шудааст;

корходаршароитихатарнокимехнат – чараёни истехсолот ва ичрои намуди корхое, ки бинобар таъсири омилхои душвор пешгуишавандаи кухи-геологи ва газию динамики барои кормандони ташкилотхои истихрочкунанда ва коркади ангишт хатар доранд;

корходаршароитизарароваримехнат – чараёни истехсолот ва намуди корхое, ки тахти таъсири омилхои зараровар ба саломатии кормандон ичро карда мешаванд;

–  баркароркуниисаломатибаъдибастикори (смена) – мачмуи чорабинихои таъсиррасонии тибби-биологи ба организми коргарон пас аз ивазшавии басти кори бо максади баркарорсозии осебхои чисмони ва рухие, ки дар шароити зараровари мехнат расонида шудаанд;

ангиштихиссави – чудо намудани хиссаи муайяни ангишт барои дастгирии ичтимои ва маишии кормандон;

макомиваколатдоридавлатидарсохаиангишт – макоми давлати, ки фаъолияти сохаи ангиштро танзим менамояд.

 

Моддаи  2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи ангишт

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи ангишт ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Доираи амали Конуни мазкур

Конуни мазкур фаъолияти ташкилотхоро дар чараёни иктишоф, истихроч, коркарди ангишт, сохтмони шахтахо, хизматрасонии садамавию начотдихи ва инчунин бартарафсозии окибатхои вобаста ба корхои кухи, таъмини кафолати ичтимоии кормандони ин ташкилотхо, аз чумла назорати давлати оид ба таъмини бехатариро фаро мегирад.

 

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИ, НАЗОРАТ ВА  ДАСТГИРИИ МОЛИЯВИИ СОХАИ АНГИШТ

 

Моддаи 4. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи ангишт

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи ангишт мансубанд:

– муайян намудани сиёсати ягонаи давлати ва танзими сохаи ангишт;

– муайян намудани макоми ваколатдори давлати дар сохаи ангишт;

– тасдики номгуйи конхои ангишти дорои ахамияти стратеги;

– тасдик намудани барномахои максадноки рушд ва тачдиди сохаи ангишт;

– тасдики барномахои давлати оид ба хифзи ичтимоии кормандони сохаи ангишт;

– тасдики санадхои меъёрии хукуки, коидахо, дастурхои техники, стандартхо оид ба сифати ангишт, тартиби коркарди конхои ангишт.

 

Моддаи 5. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи ангишт

Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи ангишт аз инхо иборатанд:

– тахия ва кабули санадхои зерконуни дар сохаи ангишт;

– назорати истифодаи максадноки Фонди захирахои конхои ангишт;

– додани ичозатнома оид ба истихроч, истифодабари ва коркарди ангишт тибки Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият”;- муайян намудани тартиби ташкил ва анчом додани мониторинг ва назорати риояи ичрои шартхои карордодхо;

– ташкили маркази ягонаи иттилоот оид ба чустучу, иктишоф, истихроч ва коркарди ангишт;

– тасдики коидахои истифодаи иттилооти геологи ва геофизикии конхое, ки моликияти давлатианд ва ба максадхои таълими, илми, тичорати, инчунин берун аз каламрави Чумхурии Точикистон баровардани ин иттилоот чихати тахкики минбаъда;

– муайян намудани зарари дар натичаи риоя накардани талабот оид ба истифодаи окилонаи конхои ангишт  расонидашуда;

– муайян намудани тартиби пешниходи хукуки истифодабарии хавзахои ангиштдошта барои сохтмони иншоотхои зеризамини ва руйизамини;

– тахия ва тасдики коидахои бархамдихи ва боздошти фаъолияти шахтахои  ангишт;

– муайян намудани тартиби хисоботи геологи оид ба сохтор ва захираи конхои ангишт;

– ташкили низоми назорат оид ба  риоя кардани талаботи бехатари нисбати равандхои технологии сохаи ангишт;

– ташхиси лоихахои хуччатхои карордоди ва бакайдгирии онхо;

– муайян намудани микдори ангишт барои коркард чихати таъмини талаботи бозори дохили ба маводи сузишвори;
– мувофика намудани барномахои корхои сейсмологи, иктишофи – геологи бо макомоти марбута;

– таъмини коидахои истифодабарии китъахои ахамияти стратегидоштаи каъри замин;

– ташкили хамкории байналмилали дар сохаи ангишт.

 

Моддаи 6. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар сохаи ангишт

Ба ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар сохаи ангишт дохил мешаванд:

– татбики барномахои минтакавии давлати дар сохаи ангишт;

– назорати хифзи каъри замин ва мухити зист.

 

Моддаи 7. Танзим ва дастгирии давлатии молиявии тачдиди сохаи ангишт

  1. Ба максади таъмини ракобатпазирии сохаи ангишт дар бозори дохили ва хоричи ташкилотхои сохаи ангишт новобаста аз шакли моликияташон дар самтхои зерин аз дастгирии давлатии молияви бархурдор мешаванд:
    – дастгирии давлатии молиявии сохаи ангишт ва истехсоли намудхои сузишвории алтернативи аз ангишт;

– баркарорсозии иктидорхои истехсолии ташкилотхо оид ба истихроч ва коркарди ангишт, тачхизонии техники ва тавсеаи онхо;

– дастгирии молиявии ташкилотхои зараровари сохаи ангишт, ки махсулоти онхо аз руи меъёрхои технологи ивазнашаванда аст ё таъмин намудани минтакахо бо сузишвории дигар бо сабабхои иктисоди гайримаксаднок аст;

– маблаггузории фаъолияти ташкилотхои сохаи ангишт дар давраи муваккатан паст шудани талабот ба ангишт;

– мутобиксозии иктидорхои истехсолии сохаи ангишт ба талаботи тавозуни сузишвори – энергетикии давлати;

– хифзи ичтимоии кормандони сохаи ангишт;

– гузаронидани чорабинихо оид ба татбики сиёсати давлати дар сохаи таъмини бехатарии ичрои корхои сохаи ангишт.

  1. Дастгирии давлатии молиявии ташкилотхои сохаи ангишт бо назардошти талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба сиёсати зиддиинхисори амали шуда, набояд ба ракобатпазирии ташкилотхои нафъовари истихрочкунанда ва коркарди ангишт таъсири манфи расонад.

 

Моддаи 8. Намудхои дастгирии давлатии молиявии ташкилотхои сохаи ангишт

  1. Маблаги дастгирии давлатии молиявии ташкилотхои сохаи ангишт, ичрои корхои иктишофи – геологи хамасола дар бучети давлати алохида нишон дода мешавад.
  2. Ташкилотхои сохаи ангишт новобаста ба иштироки давлат дар сармояи оинномавии онхо аз дастгирии давлатии молияви истифода мебаранд.
  3. Номгуи ташкилотхои сохаи ангиштро, ки аз дастгирии давлатии молияви истифода мебаранд, бо пешниходи макоми ваколатдори давлати дар сохаи ангишт Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.
  4. Ташкилотхои сохаи ангишт, ки маблаги дастгирии давлатии молиявиро тибки таъиноташон истифода намебаранд, аз номгуи ташкилотхои аз чунин дастгири истифодабаранда хорич карда шуда, ин маблаг байни дигар ташкилотхои соха бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати дар сохаи ангишт аз нав таксим карда мешавад.

 

Моддаи 9. Танзими давлатии сифат ва истифодаи самарабахши захирахои ангишт

  1. Сифати ангишт аз руи стандарту меъёрхои техникии истихрочи ангишт (сланетсхои сузанда) ва махсулоти коркарди онхо муайян карда мешавад.
  2. Истифодабари ва коркарди навъхои ангишти коксшаванда ва антратситхо мутобики шартхои техникии таъиноти ин намудхои сузишвори ба рох монда мешаванд.
  3. Бахисобгирии истихроч ва коркарди ангиштро дар шахтахо ва буришхо макоми ваколатдори давлати дар сохаи ангишт тасдик менамояд.

 

Моддаи 10. Танзими давлатии меъёрхо ва коидахои таъмини бехатарии корхои сохаи ангишт

  1. Меъёрхо ва коидахои бехатарии ичрои корхои сохаи ангишт тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва коидахои техники мукаррар карда мешаванд.
  2. Хангоми истихрочи ангишт ба максади ба хадди меъёрхои мукарраршуда кам кардани хатари таркиши гази шахтахо, кабатхои ангишт ва фазои холишудаи шахтахо шамол дода шуда, дегазатсия (рафъи газхо) гузаронида мешаванд.

 

Моддаи 11. Талабот оид ба истихроч, коркард ва истифодаи ангишт

  1. Истихроч ва коркарди ангишт тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар асоси лоихахои тасдикшуда амали мегардад.
  2. Лоихахои истихроч ва коркарди конхои ангишт мавриди экспертизаи давлатии геологи, иктисоди, экологи ва мухандиси-сохтмони карор дода мешаванд.
  3. Тартиб ва тарзи коркарди конхои ангишт мувофики шароити кухию геологи ба рох монда шуда, истихрочи самаранок ва пурраи захирахои каъри замин таъмин карда мешавад.
  4. Захирахои ангишт аз тарафи ташкилотхое, ки ба истихроч ва коркарди саноатии он машгуланд, бо тартиби мукарраргардидаи назорати сифати ангишт ва сари вакт ичро намудани корхои геологи ва маркшейдери истифода карда мешаванд.
  5. Истеъмолкунандагон ухдадоранд ангиштро танхо мувофики таъиноташ истифода баранд. Дар холати истифодабарии ангишт дар оташдонхо, хумдонхои дастгоххои саноати, дегхонахои коммунали ва чараёнхои технологи, ки барои онхо ангишт тибки талаботи техникии  сузишвори барои максадхои мазкур номакбул аст, истеъмолкунандагон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.
  6. Барои оташдонхо, хумдонхои дастгоххои саноати ва коммунали ангиште истифода бурда мешавад, ки ба талаботи коидахои техникии сузишвори ва стандартхои ин намудхои сузишвори мувофик бошад.

 

БОБИ 3. ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ КОРХОДАР СОХАИ АНГИШТ

 

Моддаи 12. Таъмини бехатарии корхо дар сохаи ангишт

  1. Ичрои корхои кухи оид ба истихроч ва коркарди ангишт дар шароити ивазшавии пайдарпаи чойхои кори ва тагйирёбии доимии шароити ин чойхои кори, чойгиршавии мураккаби кухи – геологии кабатхои ангишт ва таъсири номатлуби он ба сатхи замин ва мухити зист, риояи принсипхои зерини бехатарии корхоро зарур мегардонанд:

– афзалиятнокии таъмини бехатарии хаёти инсон ва мухити зист;

– танзими давлатии меъёрхо ва коидахои ичрои бехатарии корхо;

– ташкили шароити бехатарии мехнат дар хар як чойи кори, таъмини пешбурди бехатарии равандхои технологи тибки меъёрхо ва талаботи пешбурди бехатари корхои вобаста ба истихроч ва коркарди ангишт.

  1. Кормандони дар корхои кухи машгул буда, бо воситахои махсуси инфиродии мухофизати, аз чумла бо либос ва пойафзоли махсус ройгон таъмин карда мешаванд.

 

Моддаи 13. Хизматрасонии садамавию начотдихии ташкилотхои истихрочкунанда ва коркарди ангишт

1.Хадамоти хизматрасонии садамавию начотдихи тибки конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис дода мешавад.

  1. Ташкилотхои истихрочкунанда ва коркарди ангишт, новобаста аз шакли моликияташон, дар асоси шартнома аз хизматрасонии хатмии хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои он истифода мебаранд, инчунин аз хисоби худ гурухи садамавию начотдихи ташкил менамоянд.

 

Моддаи 14. Хадамоти хифзи мехнат ва назорати истехсоли

Дар ташкилотхои сохаи ангишт хадамоти ягонаи хифзи мехнат ва назорати истехсоли ташкил карда мешавад.

 

БОБИ 4. ХУСУСИЯТХОИ МЕХНАТ ВА ХИФЗИ ИКТИМОИИ КОРМАНДОНЕ, КИ БА КОРХОИ

ШАРОИТАШОН ВАЗНИН, ХАТАРНОК ВА ЗАРАРОВАРИ СОХАИ АНГИШТ МАШГУЛАНД

 

Моддаи 15. Ичозат додани кормандон ба корхои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари сохаи ангишт

  1. Барои ичрои корхои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари сохаи ангишт мардхои синнашон на кам аз 18 – сола дар сурати доштани хулосаи тибби барои ичрои чунин корхо дар асоси шартномаи (карордоди) мехнати ичозат дода мешаванд.
  2. Номгуи корхои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари сохаи ангишт, нишондихандаи дарачаи хатарноки ва зарароварии касбии сохаи ангишт бо тартиби мукарраргардида аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  3. Номгуи касбу вазифахои мансуб ба корхои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбии сохаи ангишт ба “Руйхати ягонаи касбхо ва вазифахо” бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон дохил карда мешаванд.

 

Моддаи 16. Давомнокии вакти кории кормандони ташкилотхои сохаи ангишт, ки ба корхои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касби машгуланд

Барои кормандони ташкилотхои сохаи ангишт, ки ба корхои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари зеризамини машгуланд, давомнокии вакти кории ихтисоршуда бо тартиби мукарарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 17. Хифзи саломатии кормандони ташкилотхои сохаи ангишт, ки ба корхои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касби машгуланд

  1. Кормандоне, ки ба корхои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбии сохаи ангишт машгуланд, баъди басти кори аз тавонбахшии саломати, инчунин хар сол як маротиба аз ташхиси тибби мегузаранд ва хангоми бемори табобат карда мешаванд.
  2. Харочоти тавонбахшии саломатии кормандон дар чараёни басти кори, табобати давра ба давраи тибби ва табобати кормандони дар кисми 1 моддаи мазкур зикрёфта аз хисоби маблаги ташкилоти сохаи ангишт пардохт карда мешавад.
  3. Тартиб ва шартхои тавонбахшии баъди басти кори, табобати давра ба давраи тибби ва  табобати кормандоне, ки ба кори шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбии сохаи ангишт машгуланд, аз чониби макоми давлатии сохаи тандурусти мукаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 18. Музди мехнати кормандони ташкилотхои сохаи ангишт, ки ба корхои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касби машгуланд

Хадди акалли музди мехнати кормандони машгули корхои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбии сохаи ангишт тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 19. Дастгирии иловагии ичтимоии кормандони ташкилотхои сохаи ангишт ва дигар категорияи шахсон

  1. Дастгирии иловагии ичтимоии кормандон ва нафакахурони ташкилотхои сохаи ангишт тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  2. Хангоми халок ва ё маъюб шудани корманди ташкилотхои сохаи ангишт, ки ба корхои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касби машгул буд, ба хар як узви оилаи дар таъминоташ карордошта илова ба чубронпулии пешбининамудаи Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон ва дигар конунхо аз хисоби ташкилот кумакпулии яквакта дода мешавад.

 

Моддаи 20. Дастгирии ичтимоии кормандони ташкилотхои сохаи ангишт ва дигар категорияи шахсони аз кор озод кардашуда

  1. Ба кормандон ва дигар категорияи шахсони аз кор озод кардашуда дар холати бархамхурии ташкилоти сохаи ангишт, ки дар рузи озодкуни собикаи кориашон дар чунин ташкилот на кам аз панч сол ва хукуки таъмини нафакаро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон доранд, тибки мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат кумакпулии яквакта дода мешавад.
  2. Дар холати фурухтани бастаи (пакети) сахмияхои ташкилоти сохаи ангишт, ки дар мавриди бархам додани конхои (буришхои) ангишт моликияти давлати мебошанд ва инчунин бархам додани кисмхои харбикунонидашудаи садамавию начотдихи ангишти хиссави ба шахсони зерин ройгон дода мешавад:

– ба кормандоне, ки дар минтакахои истихрочкунанда ва коркарди ангишт, дар хонахо ва ошхонахои бо бухори ва дигар дастгохи бо ангишт гармшаванда зиндаги мекунанд, агар онхо чунин хукукро то фурухтани бастаи сахмияхои ташкилоти сохаи ангишт дошта бошанд;

– ба оилахои кормандони конхои ангишт ва кисмхои харбикунонидашудаи садамавию начотдихи, ки дар холати ичрои ухдадорихои мехнати ва ё дар натичаи бемории касби халок шудаанд, ба зан (шавхар), падару модар, фарзандон ва дигар аъзои оилаи гайри кобили мехнати чунин коргарон бинобар сабаби аз даст додани саробон;

– нафакахуроне, ки акаллан дах сол дар конхои ангишт, кисмхои харбикунонидашудаи садамавию начотдихи кор карда, нафакаашон вобаста ба кори ичрокардаашон дар ин ташкилотхо таъин шуда бошад;

– маъюбони мехнат, маъюбони аз руи бемории умумие, ки то маъюб шуданашон хукуки гирифтани ангишти хиссавиро доштанд.

 

Моддаи 21. Манбаъхои маблаггузории чорахои дастгирии ичтимоии кормандони ташкилотхои сохаи ангишт

Чорахои дастгирии ичтимои, ки кисмхои 1 ва 2 моддаи 20 Конуни мазкур мукаррар намудаанд, аз хисоби манбаъхои зерин амали карда мешаванд:

– маблаги бучети давлати барои тачдиди сохаи ангишт дар холати бархамдихии ташкилотхои сохаи ангишт, ки як кисми сахмияи онхо моликияти давлати буданд ва ё дар давраи бархамдихи моликияти давлати мебошанд;

– маблаги ташкилотхои сохаи ангишт, ки хангоми бархамдихи дорои шакли дигари моликият мебошанд.

 

БОБИ 5. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 22. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

    Президенти

Чумхурии Точикистон ЭмомалИ РАХМОН

          ш. Душанбе,

3 июли соли 2012,

№ 870

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …