Главная / Илм / АНГИОКАРДИОГРАФИЯ

АНГИОКАРДИОГРАФИЯ

angiokardiografiiaАНГИОКАРДИОГРАФИЯ (аз ангио…, кардио… ва …графия), ба даст овардани тасвири рентгении артерияхо, венахо ё чавфи дил баъди ба онхо равон сохтани моддахои контрасти. А. имкон медихад, ки хусусиятхои анатоми ва тагйироти бинобар беморихо рухнамуда, хамчунин самти харакати хун дар узвхои мазкур ошкор карда шавад. Ба сифати моддаи контрасти аз пайвастхои йод истифода мекунанд. Дар мавриди гумонбари аз ягон иллат, мас., нукси девораи байни пешдилхо, моддаи контрастиро ба чойи осебёфта ё ба камера бо фишори нисбатан зиёд равон месозанд. Хангоми аз нигохи техники пеш омадани ягон душвори (барои дуруст чой гирифтани катетер мамониат мекунад) моддаи контрасти ба чойи осебёфта харчи наздиктар фиристода, харакати он дар навор кайд карда мешавад. Солхои охир бо максади А. аз компютерхо истифода мебаранд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …