Главная / Илм / АНГИНА

АНГИНА

anginaАНГИНА (Angina pharyngis; аз лот. ango – буги мекунам), гулудард, захрбод, бемории сироятие, ки чун илтихоби бодомакхои ком зохир мешавад. Бодомакхо дар гулу аз ду тарафи забонча ва коми нарм чой гирифтаанд ва онхоро хангоми кушодани дахон дидан мумкин аст.
А.-ро микробхои гуногун, асосан стрептококкхо ба вучуд меоранд; онхо ба гулу аз ашёи рузгор (мас., косаву табаки шахси бемор) рох меёбанд. Гохо микробхое, низ ки дар гулу мавчуд буда, одатан, А.-ро намеангезанд, зери таъсири шароити номусоид (мас., хунуки ё ногахон тагйир ёфтани харорати мухит) фаъол мегарданд ва мучиби бемори мешаванд. Баъзе одамон агар яхмос хуранд, пояшонро тар ё оббози кунанд, дархол маризи А. мегарданд. Моддахои гуногуни муассир (дуд, чанг, шароб ва г.), хамчунин мавчудияти аденоидхо ё диг. иллатхои пешгохи ком низ ба пайдоиши А. мусоидат мекунанд. Газаки бини ва чавфи он (мас., Гайморит), инчунин илтихоби чавфи дахон (дандонхои пусида) боиси зуд-зуд хуруч ёфтани А. хоханд шуд.
А., одатан, ногахон сар мешавад. Гулу танг ва хушк шуда месузад, хангоми фуру бурдани лукма дард мекунад; мариз бемадор, сар вазнин ва таб пайдо хохад шуд. Хангоми А. бодомакхо сурх шуда, дар пардаи луобии онхо доначахои римнок ба вучуд меоянд.
А. бисёр вакт 7 – 8 руз давом карда, бо шифои бемор анчом меёбад. Агар бемор ба духтур дер мурочиат кунад, маслихати уро ба чо наорад ё бо худмуолича машгул шавад, мумкин аст окибати А. нохуш гардад. Римхонаи атрофи бодомак (думбали назди бодомак) аломати анчоми бади А. аст. Он баъд аз 2 – 3 рузи нест шудани зухуроти бемори пайдо мешавад. Таби бемор якбора баланд (39 – 400С ) шуда, гулу сахт дард мекунад, обу хурок хурда наметавонад, дахонро бо душвори мекушояд; дар натичаи газаки гиреххои лимфави гардан варам мекунад. Дар мавриди тул кашидани бемори римхонаи назди бодомак васеъ ва гулу танг мешавад, нафаскаши катъ мегардад.
Хангоми А. ичро намудани тавсияи духтур шарти асосии зудтар шифо ёфтан буда, имкон медихад, ки оризахои бемори пешгири карда шаванд. Хуроки бемор бояд гуногун ва сергизо бошад: гуштоб, шавлаи суюки манка, котлети бугпаз, шири гарм, лимучой ва г. Истеъмоли хуроки тунду тез, гарму дурушт мумкин нест. Гаргараи гулу ва дигар воситахои муоличаро, ки духтур тавсия кардааст, дар вакташ бояд ичро кард. Барои он ки хангоми гаргара (2 – 3 дакика) дору ба дарунтари гулу расад, сарро ба пушт хам карда, нафас нагиред.
Азбаски А. бемории сирояти аст, бемор бояд косаву табак ва сачоки алохида дошта бошад. Шахсе, ки ба бемор нигохубин мекунад, бояд дасташро зуд-зуд шуста, онро бо атр, спирт ва г. тоза кунад. Косаву табаки беморро 10 – 15 дакика чушонида, либосхои уро алохида шустан лозим аст. Дар назди бистари бемор барои туф кардан зарфи махсус гузошта, ба он махлули гандзудо (мас., махлули перманганати калий) меандозанд.
А. дар бисёр одамон гох-гох такрор мешавад. Вале дар баъзе мавридхо таъсири иллати бодомакхо боки монда, газаки шадид ба газаки музмин мубаддал мегардад (ниг. Тонзиллит). А. ба системаю узвхои мухими организм таъсир расонда, боиси газаки гурдахо (ниг. Нефрит), тарбод ва осеби банду бугумхо (ниг. Артрит) хохад шуд.
Бехдошти мухит, хусусан дар шароити истехсолот бартараф кардани чангу губор, дуд, тахти назорати духтур гирифтани ашхосе, ки зуд-зуд гирифтори А. мешаванд, роххои асосии пешгирии беморианд. Азбаски сардии аз хад зиёди бадан яке аз сабабхои асосии пайдоиши А. мегардад, организмро аз моххои авали хаёт обутоб додан (оббози, кабули ваннахои хавои ва офтоби, варзиши бадан) лозим аст; бо оби хунук чайконидани гулу низ ахамияти калон дорад. Аз истеъмоли машруботи спирти ва тамокукаши худдори бояд кард. Нафакат таъсири никотин, балки таъсири харорати дуд ва махсули тактири хушки тамоку низ боиси илтихоби луобпардаи гулу мегарданд. Тамокукаши хусусан хангоми бемори зарар дорад (аксар вакт холи маризро якбора бад мекунад).
Ад.: Богомильский М.Р., Чистякова В.Р., Детская оториноларингология, М., 2002; Хирургические болезни детского возраста, М., 2004; Запруднов А.М. (ва диг.), Детские болезни, М., 2004.
Б. Шамсиддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …