Главная / Илм / АНЕВРИЗМА

АНЕВРИЗМА

anevrizmaАНЕВРИЗМА (Aneurysma; ба маънои васеъ шудан), васеъ гаштани рагхои хун ё чавфи дил, ки дар натичаи ёзидан ва дамидани деворахои он ба вучуд меояд. А.-ро чун боди сактаи дил, атеросклероз, сифилис ва диг. беморихо, хамчунин натичаи захм (А.-и захми) медонанд. Маълум аст, ки нукси модарзоди девораи раг метавонад боиси пайдоиши А. (бештар дар рагхои майна) гардад. Вобаста ба мавзеъ А. шараёни, вариди, шараёнию вариди мешавад. Намудхои дукшакл ва халташакли А. бештар вомехуранд. А.-и аорта (шохраг) бештар дар мардоне мушохида мешавад, ки гирифтори атеросклероз мебошанд. А.-и дил асосан окибати нохуши сактаи калб буда, одатан, дар девораи меъдачаи чап ба вучуд меояд.
Зухуроти А. ба мавкеъ, андоза ва диг. омилхои марбути он вобаста аст. Чараёни бемори басе дуру дароз ва номаълум (беаломат) мебошад. А. боиси ихтилоли хунгирии бофтахо мешавад. Хангоми А. бисёр вакт фаъолияти дил халал меёбад (чи кадаре ки А. ба мушаки дил наздик чойгир шуда бошад, ихтилоли кори дил хамон кадар барвакттар ба вукуъ мепайвандад). Кафидани А. ва хунравии халокатбор аз имкон берун нест.
Хамаи бемороне, ки гирифтори А.-анд, ба муолича ва назорати махсус мухточанд. Чаррохиро аз руи аломатхои махсус мегузаронанд. Комёбихои илми чаррохии хозира имкон медиханд, ки беморон бомуваффакият чаррохи ва аз марг рахонда шаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …