Главная / Илм / АНДРОЛОГИЯ

АНДРОЛОГИЯ

andrologiiaАНДРОЛОГИЯ (аз andros – мард ва …логия), як сохаи илми тиб, ки фаъоияти чинсии мардхоро аз нигохи физиологи ва маризи меомузад. Бино ба мукаррароти Созмони байналмилалии тандурусти вазифаи А. тахкики солимии насловарии мардхо махсуб мешавад. А. дар чор самт инкишоф меёбад: якум – омузиши ночурихои чинси, ки ба беморихои узвхои таносул вобастаанд; дуюм – тадкики ночурихои чинсие, ки ба беморихои узвхои дигар алокаманд мебошанд; сеюм – омузиши нукси инкишофи чинси, ки дар мавриди он фаркият байни нишонахои мард ва зан бархам мехурад; чахорум – тадкики масъалахои танзими оила ва безурётии мардхо.
А. ба масъалахои бенасли, гипогонадизм (нукси тарашшухи гадудхои усораи дохили), безурётии мард, костагии нууз (эрексия), таназзули физиологии фаъолияти чинсии мард ва г. эътибори чидди медихад.
А. хамчун тахассуси алохидаи тибби факат дар чанд давлат (Франсия, Италия) вучуд дорад. Вале дар ин мамлакатхо низ онро як бахши эндокринология мехисобанд. Ихтисоси «андролог» бошад, дар Миср ва Индонезия мавчуд аст.
А. тамоми беморихои аъзои таносули мардро дар хама синну сол тадкик мекунад (амрози илтихоби, осебхои гуногуни узвхои чинси, омосхо, сусткамари ва г.). Дар инкишофи А. дастовардхои биологияи умуми, биологияи молекулави, эмбриология, физиологияи эътидоли ва эътилоли, эндокринология ва г. хеле мухим мебошанд. Истифодаи усулхои биология ва генетикаи молекулави дар тадкики бенаслии мардхо ва гипогонадизм, тазрики дохилихучайравии нутфа, корбасти дорухои босамар хангоми сусткамари ва г. дар пешрафти А. сахми назаррас гузоштанд. А. дар баъзе мавридхо ба амалиёти чаррохи низ ру меорад.
Дар Точикистон аввалин шуъбаи андрологи (барои 20 кат) с. 1995 дар заминаи клиникаи кафедраи урологияи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино бо ташаббуси проф. Т.Р. Кодири ташкил шуда буд. С. 2008 чунин шуъба дар Беморхонаи клиникии вилоятии Сугд (барои 30 кат) низ таъсис ёфт. Шуъбаи андрологи дар Маркази чумхуриявии клиникии «Урология» низ фаъолият дорад.
Т. Р. Кодири.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …