Главная / Илм / АНЧИР

АНЧИР

figАНЧИР (Ficus carica), т и н, бутта ё дарахтест хурд. А.-и худруй то 4 – 5 м кад мекашад. Танааш сершох, баргаш калони чокдор, мевааш мурудшакл ё кулчамонанди зард, сабз, бунафш ва бур. А.-и худруй дар кухистони Хисор, Дарвозу Каротегин ва диг. мавзеъхо дучор меояд. А.-ро дар Точикистон аз замонхои кадим мепарваранд.
Бино ба маълумоти Чолинус анчиркок меъдаро тоза мекунад. Ба акидаи Абуалии Сино истеъмоли А. дар нахори, хусусан якчоя бо чормагз ва бодом барои организм судбахш аст. Кабзияти чигару сипурзро мекушояд, барои гурда ва масона нафъ меорад, реги гурдаро меронад, бемории саръро шифо мебахшад, ранги руйро тоза мекунад, думбалро «мепазонад». Агар аз решаи он якчоя бо решаи бунафша, сода ва охаки шукуфта мархам сохта ба нохун банданд, касалии нохунхуракро шифо мебахшад. Бо чушоби А. хангоми варам кардан гулуро гаргара мекунанд. Гураи А.-ро ба догхои модарзоди ва озах мебанданд. Абуалии Сино бо шароби А. сурфаи кухна, дарди сандуки сина, омоси шуш ва нойчахои шушро табобат мекард. Барги А. барои илочи шукуфа нафъ дорад; онро хангоми саглес ва захмхои гуногун истифода мекунанд. Афшураи барги А. вашм (холкуби)-ро меравонад. Омехтаи шираи барги А. бо кафки хардал хоришакро шифо мебахшад. Абуалии Сино чушоби анчиркокро барои муоличаи гирифтани овоз ва сусткамари тавсия додааст. у дар «Ал-Вохия» овардааст, ки анчиркок барои бемории саръ, махав, обхура ва шукуфа, шираи он барои чашмдард, дандондард, шукуфа муфид аст, барги А. сабусаки сарро нест мекунад, шилми он гули чашмро меравонад. Бино ба маълумоти «Эхёу-т-тиб» анчири бо сирко омехта барои беморихои испурч нафъ дорад. Дар «Махзану-л-адвия» кайд шудааст, ки А. хангоми дилзани, зики нафас, сулфа, дарди сандуки сина, сахт шудани пардаи шуш муфид буда, давои араковар аст. «Анчир сергизо, зудхазм, таскиндихандаи харорат ва ташнаги мебошад… Хурдани он бо бодом ва писта чихати ислохи баданхои заиф… нофеъ аст. Ва чун ношто бихуранд, мачории (рохи) гизоро кушода намояд ва баданро фарбех созад ва хурдани он пеш аз таом… шикамро мулоим мекунад».
Дар тибби халки реша, шираи тана, барг ва меваи А.-ро барои табобати беморихои гуногун истифода мебаранд. А.-ро давои бемории сил, узвхои нафас, чигар, гурда, меъда, сулфа, гулудард, сулфакабутак мехисобанд. Чушоби баргхои хушк ва решаи А.-ро хангоми заъфи меъда, чушоби меваашро барои муоличаи беморихои гурда, чакмезаки ва камхуни истифода мебаранд. Чойи анчиркок дарди гулуро рафъ менамояд. Меваи дар шир чушондаи онро барои муоличаи назлаи сахти роххои болоии нафас, бронхит, нойи нафас, захми меъда, кабзияти музмин, рафъи дарди санги гурда ва чун воситаи тозакунандаи хун, балгамовар, пешоброн тавсия медиханд. Тухми А. давои исхоловар аст. Шираи А.-ро барои муоличаи чарохат ва гармича истифода мебаранд. Истеъмоли А. барои беморони диабети канд ва илтихоби шадиди руда зарар дорад.
Дар тибби муосир аз барги А. доруи «Псоберан» тайёр мекунанд, ки барои муоличаи песи истифода мешавад. Анчиркок ба таркиби доруи «Кафиол» дохил шудааст.
Ад.: Хикмати асрхо (мураттибон В.А. Капранов, Р. Хошим), Д., 1975; Ю. Нуралиев, Лекарственные растения, Д., 1988; М. Ходжиматов, Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …