Главная / Илм / АНАСТОМОЗ

АНАСТОМОЗ

anastomozАНАСТОМОЗ (Anastomosis), пайвастагии табии ё сунъии узвхои найчашакл, бронххо, рагхо, асабхо ва г. А. бештар дар силсилаи рагхо дучор меояд. Мас., А.-хои шараёни, вариди, лимфави ва шараёну вариди. А.-хои дохилисистемави шохаи хамон як рагро мепайванданд; А.-хои байнисистемави бошанд, хавзаи хамсояро низ фаро мегиранд, мас., А.-и венаи даромадгохи чигар ва венаи холи. А.-и рагхо вазифаи нокилро ичро мекунанд; онхо хамчунин дар танзими хунгардиши маркази, хунгардиши канори ва танзими харорати организм ширкат меварзанд. Халал ёфтани фаъолияти ин А.-хо боиси дар узву бофтахо дармондани хун ва инкишофи варам мешавад.
Пайвастагии байни торхои асабро низ А. меноманд. А.-и асаб имкон медихад, ки дар мавриди халал ёфтани интиколи импулс аз як асаб хассосият дар мавзеи иннерватсия махфуз монад.
Дар амалияи чаррохи хангоми беморихои гуногун, ки дар натичаи онхо кобилияти гузарониши узвхои найчашакл вайрон мешавад, бисёр вакт А.-и сунъи ба вучуд меоранд. Мас., дар аснои сурохи бронххоро танг кардани омос, кисми тангшударо бурида, байни нугхои он А. мегузоранд. Дар мавриди ихтилоли гузаронандагии рохи меъдаю рудахо бошад, байни халкахои руда, меъдаю руда, талхадону руда, хамчунин сурхрудаю руда А. гузошта мешавад. Ин имкон медихад, ки фаъолияти узвхои рохи меъдаю рудахо баркарор карда шавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …