Главная / Илм / АНАЛИЗАТОРХО

АНАЛИЗАТОРХО

analizatorАНАЛИЗАТОРХО, силсилаи ташкилахои махсуси асаб дар хайвоноти оли ва одам, ки ходисахои дар атроф ва дохили организм ба амал ояндаро дарк, инчунин ахбори кабулкардаро тахвил мекунад. Мафхуми А.-ро с. 1909 олими рус И.П. Павлов ба илм дохил намудааст.
Дарки ангезахои дохили ва беруни дар ретсепторхо – нуги торхои асабхои марказшитоб (афференти) огоз меёбад. Ретсепторхо энергияи ангезандаро ба импулсхои асаб мегузаронанд, импулсхо тавассути торхои асабия ба кисмхои марказии анализатор ва билохир ба чойхои гуногуни кишри магзи сар гузаронида мешаванд. Кисми асосии А. ахборро аз атроф кабул мекунанд. Инхо ба ном А.-и экстеросептиви (беруни), мас., сомеа, босира, шомма, зоика ва ломисаанд. А.-и дигар – интерсептиви (даруни) холати мухити дохилии организмро назорат мекунанд. Дастгохи мувозинат, такяву тахрика ва савияи фишори хун зери таъсири онхо мебошанд.
Магзи сар тавассути А. доимо оид ба ходисахои мухими биологии хам беруни организм ва хам дохили он ахбори муфассал ва аник гирифта, мувофики он «фармон»-и зарури медихад. Конунияти проексияи вусъатёбанда (экстенсиви) хосияти мушаххаси А. аст: савияи намояндагии А. хар кадар баланд бошад, ба он хамон андоза микдори зиёди унсурхои асаби дохил мешаванд. Унсурхои асаб дар ретсепторхо аз хама кам ва дар кишри нимкурахои калон аз хама бештар вокеъ гаштаанд; аз ин сабаб кисмхои болоии асабияи маркази кобиланд ахбори расидаро бехтару сахехтар тахлил кунанд. Хар кадом анализатор дар тамоми савияхои асабияи маркази минтакаи майяни проексияи ретсепторхои худро дорад. Ин ба таъсири мутакобилаи А.-и гуногун, тахлили пурратари ахбори кабулшуда ва ба вучуд овардани тасвири комили олами беруна имкон медихад. Махз ягонагии тахлил ва синтез мувофикати тасаввуротро бо хакикати вокеи таъмин менамояд. Мас., буи хайвони даррандаро дарк карда (А.-и шомма), овози онро шунида (А.-и сомеа) ё худашро дида (А.-и босира) курбонии эхтимоли нафакат пайдоиши хисси дард ва расидани маълумоти иловагиро мунтазир намешавад, балки вазъиятро пурра тасаввур мекунад ва мувофики он амал менамояд.
Дар сурати ихтилоли яке аз А. (иллатёби, бемори), хамчунин дар чараёни машк имконоти дигар А. васеъ мешавад. Мас., эхсоси шунавои, ломиса, дарки фишор ва харорат дар нобиноён нисбат ба шахсони бино хубтар инкишоф ёфтааст.
Ад.: Орлов Р.С., Ноздрачев А.Д., Нормальная физиология, М., 2005.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …