Главная / Илм / АНАФИЛАКСИЯ

АНАФИЛАКСИЯ

PrintАНАФИЛАКСИЯ (Anaphylaxia; аз юн. ana – аз нав ва aphylaxia – бехимояти ), як намуди реаксияи аллергиро гуянд, ки хангоми такроран ба организм таввасути пуст ё мушак (на таввасути узвхои хозима) ворид намудани баъзе моддахои аллергиязо ба вучуд меоянд (ниг. Аллергия). А. дар намуди реаксияи умуми ё чузъи (мас., чун иллати пуст) зохир мешавад. Реаксияи умумию хеле аёни организмро сактаи анафилакси меноманд. Зухуроти гуногуни А., аз чумла сактаи анафилаксиро баъзе дорухо, нешзании занбури асал, орую говзанбур, гарди растанихо (агар баъди тадохули пештараи аллерген организм нисбат ба он хассос шуда бошад) ба вучуд меоранд. Душвор гардидани нафаскаши, паст шудани фишори хун ва бехуши аломатхои асосии сактаи анафилакси мебошанд. Хангоми сактаи анафилакси бемор ба ёрии таъчилии тибби мухточ мешавад.
Бо максади пешгирии А. бе тавсияи духтур истеъмол кардани дорухо (беназорат истеъмол кардани онхо боиси баланд шудани хассосияти организм мегардад) чоиз нест. Агар хангоми истифодаи дору ин ё он реаксияи аллерги (обварам, саглес ва г.) руй дихад, бетаъхир ба духтур мурочиат кардан лозим аст.
Бахри табобати А. адреналин, эфедрин, дорухои хормони ва г.-ро кор мефармоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …