Главная / Илм / АМВОЧИ ЭЛЕКТРОМАГНИТи

АМВОЧИ ЭЛЕКТРОМАГНИТи

amvochi-elektromagnitiАМВОЧИ ЭЛЕКТРОМАГНИТи, афканишоти электромагнити, тагйири майдони электромагнити, ки дар фазо бо суръати нихои (охирнок) пахн мешавад., афканишоти электромагнити, тагйири майдони электромагнити, ки дар фазо бо суръати нихои (охирнок) пахн мешавад. Ба афканишоти электромагнити мавчхои радио (мавчхои дароз, миёна, кутох, ултракутох ва микромавчхо), афканишоти гарми (шуоъхои инфрасурх, рушноии ба чашм намоён ва шуоъхои ултрабунафш), афканишоти ионзо ( нурхои рентгени ва гамманурхо) мансубанд.
Таъсири биологии А. э.-ро хусусиятхои мавчу квантхо муайян мекунанд. Хосияти мавчхо аз суръати пахншави дар фазо (дар атмосфера такр. ба 300 000 км/сон. баробар буда, барои хамаи А. э. як хел аст), басомади лаппиши майдон ва дарозии мавч иборат аст. Басомади лаппишро бо гертсхо (гс) чен мекунанд (гертс ин як лаппишест дар як сон). Бузургихои хосилави инхоянд: килогертс (Кгс) – 1 хаз. гс; мегагертс (Мгс) – 1 млн. гс; гегагертс (Ггс) – 1 млрд. гс. Дарозии мавчхо бо километр (км), метр (м), дитсиметр (дм), сантиметр (см), миллиметр (мм), микрометр (мкм) ва нанометр (нм) чен карда мешавад.
Хусусиятхои квантии А. э. бо афканишоти электромагнити дар шакли хиссахои алохидаи элементари – квантхо (фотонхо) муайян карда мешаванд. Кванти электромагнити энергияи муайян дорад. Бузургии энергия ба басомади лаппиш вобаста аст; басомади лаппиши майдони электромагнити хар кадар калон бошад, энергияи квант хамон кадар зиёд аст ва он бо электронволт (ЭВ)-хо ифода меёбад.
Роххои таъсири А. э. ба организми одам мураккабу гуногун буда, то хол пурра омухта нашудаанд. Ба бадани одам пахн шудани мавчхо ба монанди дар фазо пахн гашта, аз ашёи атроф инъикос ёфтани онхо ба дарозии мавчхо ва намуди афканишот вобаста аст. Фаъолияти биологии мавчхои радио баробари кам шудани дарозии мавч меафзояд. Як кисми энергияи радиомавчхои ба организм воридшударо бофтахо фуру мебаранд. Дар натичаи ин гармии зиёд чудо мешавад. Мас., агар чашм, ки рагхояш нисбатан камтаранд, аз микроамвочи дарозии мавчашон 10 – 12 сантиметра осеб ёбад, пас харорати кисми акиби зучочия 200С меафзояд ва худи чашм хира мешавад (ниг. Катаракта). Хангоми таъсири доимии А. э.-и пастшиддат одам хастаги эхсос намуда, кобилияти кори суст мешавад, сар гох – гох дард мекунад, табъ хира ва асаб хароб аст. Баъзе одамон аз серараки, суст шудани кувваи хофиза, нафастанги, дарди дил шикоят мекунанд. Дар ин гуна холатхо фавран ба духтур мурочиат бояд кард. Дар аснои бо манбаи мавчхои радио сару кор доштан барои таъмини бехатарии кор аз усулу васоити замонавии хифозат истифода бурда мешавад.
Коргароне, ки доимо бо А. э. сарукор доранд, тахти назорати тибби мебошанд. Ба корхои марбут ба А. э. одамон бояд вобаста ба касб кабул карда шаванд. Ниг. низ Афканишоти ионзо, Нуршифои, Баркшифои.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …