Главная / Илм / АМПУТАТСИЯ

АМПУТАТСИЯ

amputatciyaАМПУТАТСИЯ (лот. amputatio – бурида дур кардан), амали чаррохист, ки кисми канории дасту пой ё аъзои иллатнок (мас., гадуди шир, гарданаи бачадон ва г.)-ро бурида дур мекунанд. Кисман А. кардани дасту пойро экзартикулятсия ва пурра А. кардани аъзоро экстирпатсия меноманд. Факат дар сурате А. мекунанд, ки ягон аъзои бадан аз кор монад ё ки хавфе ба хаёти бемор оварад (мас., мавчудияти омосхои саратони, гангрена, беморихои вазнини сирояти, ки табобат намеёбанд, осебхои сахту вазнини андомхо, ба андозаи зиёд иллат ёфтани рагу асабхо, ки имкони табобат надоранд ва г.).
А.-и дасту пой яке аз кадимтарин усулхои чаррохи мебошад. Тамоми зинахои он хануз ба духтурони Юнони Кадим, мас., Букрот (а. 4 то м.) маълум буд. Ба А. духтурони Рими Кадим (а. 2) Села ва Архиген асос гузоштанд. Минбаъд тули садсолахо нишондодхои ин олимон рочеъ ба пешгирии хунрави фаромуш гаштанд. Хамин тавр, А. факат а. 16, баъди аз чониби чаррохи франсави А. Паре дарёфтани усули бастани рагхое, ки хангоми А. бурида мешаванд, имконпазир гашт.
Тибби муосир барои рох надодан ба чирк гирифтани чарохат чорахои эътимоднок (тоза кардани чарохат, истифодаи антибиотикхо ва г.)-ро ба кор мебарад. Аз ин сабаб дар баъзе мавридхо хатто дасту пой ё аъзои хеле сахт захмдоршударо низ бидуни А. сихат кардан мумкин аст. Дар мавриди А. хаминро ба назар мегиранд, ки кисми бокимондаи дасту пой (култа) барои протез кардан имконпазир гардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …