Главная / Илм / АМНИОСЕНТЕЗ

АМНИОСЕНТЕЗ

amniosintezАМНИОСЕНТЕЗ (Amniocentesis; аз amnion – чанинпарда ва kentesis – шикофтан), пунксияи пардаи чанин. А. бо максади ташхиси барои гирифтани оби хамрохак истифода мегардад. Мурод аз А. мукаррар кардани вазъи чанин, баъзе беморихои ирси, бемории гемолизии кудак хангоми резус-конфликт ва г. мебошад. А. бо максади ба халтаи чанин фиристодани дору ва катъи хамл дар мухлатхои охирини хомилаги низ гузаронда мешавад (ниг. Искот).
А.-ро духтур ба амал меорад. Кабл аз огози кор бо рохи тадкики ултрасадои мавкеи хамрохакро муайян мекунанд (барои захмдор насохтани он). А. зери бехиссозии мавзеи ва дар шароити тамйизи сурат мегирад. Сузан аз девораи шикам ё равоки пеши махбал гузаронда мешавад. А.-ро асосан дар давраи дуюми хамл амали мегардонанд.
Дар мавриди хавфи искот, нукси инкишофи бачадон, дар девораи пеши бачадон чойгир будани хамрохак, инчунин хангоми беморихои сирояти А. манъ аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …