Главная / Чамъият / АМНИЯТИ НАКЛИЁТИ

АМНИЯТИ НАКЛИЁТИ

Конуни Чумхурии Точикистон

 дар бораи АМНИЯТИ НАКЛИЁТИ

 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2012, №7, мод. 697)

Конуни мазкур муносибатхои хукуки, ташкили, иктисоди ва дигар муносибатхоеро, ки ба таъмини амнияти наклиёти ва фаъолияти устувори мачмуи наклиёт вобастаанд, танзим менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМЙ  

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

naqliyoi-02

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

амнияти наклиёти – холати химоя шудани объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиёт аз амалхои дахолати гайриконунй;

таъмини амнияти наклиётй – амалй намудани тадбирхои аз чониби давлат муайяншудаи хукукй, иктисоди, ташкилй дар сохаи мачмуи (комплекси) наклиёт, ки ба хавфи содир шудани амалхои дахолати гайриконуни мутобикат мекунанд;

амали дахолати гайриконуни – амали зиддихукуки (аз чумла, амали террористи), ки ба фаъолияти бехатарии мачмуи наклиёт тахдид намуда, сабабгори зарар расонидан ба хаёт ва саломатии одамон, расонидани зарари модди ва ё боиси хавфи ба вучуд омадани чунин окибатхо гардад;

макоми ваколатдори давлатии сохаи таъмини амнияти наклиёти – макомоти ичроияи хокимияти давлати, ки Хукумати Чумхурии Точикистон чихати ичрои вазифаи хизматрасонии давлати дар сохаи таъмини амнияти наклиёти ваколатдор кардааст;

гурухбандии объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиёт – мансуб донистани объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиёт ба гуруххои муайян бо назардошти дарачаи хавфи содир амали дахолати гайриконуни ва окибатхои эхтимолии он;

объектхои инфрасохтори наклиёт – мачмуи технологие, ки рохи охан, роххои обии дохили,хатсайрхо пайвастакунандаи, роххои автомобилгард, накбу пул, гузаргохи рохи охан ва автобусхо, бандархои махсуси мохидори ва дарёи, воситахои бандари, иншоотхои гидротехники киштирони, аэродромхо, фурудгоххо объектхои низоми алока, киштиронию хавонаварди ва идораи харакати воситахои наклиётро дар бар мегирад, инчунин дигар биною иншоот, дастгоххо ва тачхизоте. ки фаъолияти мачмуи наклиётро таъмин мекунанд;

-арзёбии осебпазирии объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиёт -муайян намудани дарачаи химоя шудани объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиёт аз хавфи содир шудани амали дахолати гайриконуни;

ташкилотхои махсуси сохаи таъмини амнияти наклиёти – шахсони хукукие, ки аз чониби макоми ваколатдори давлатии сохаи таъмини амнияти наклиёти бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон барои арзёбии осебпазирии объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиёт мукаррар гардидаанд;

субъектхои инфрасохтори наклиёт – шахсони вокеи ва хукуки, ки сохибмулкони объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиёт мебошанд ё онхоро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон истифода мебаранд;

воситахои наклиёт – наклиётхои хавои, рохи охан, автомобили, оби, барки ва кубури, ки барои хамлу накл мукаррар шудаанд;

– мачмуи наклиёт – объектхо ва субъектхои инфрасохтори наклиёт, воситахои наклиёт;

сатхи амнияти наклиётй – дарачаи химоя шудани мачмуи наклиёт, ки ба дарачаи хатари содир шудани амали дахолати гайриконуни мувофикат мекунад.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи амнияти наклиёти

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи амнияти наклиёти ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Максад ва вазифахои таъмини амнияти наклиёти

1.Максади таъмини амнияти наклиёти фаъолияти устувор ва бехатари мачмуи наклиёт, химояи манфиатхои шахе, чамъият ва давлат дар сохахои мачмуи наклиёт аз амалхои дахолати гайриконуни мебошанд.

2.Вазифахои таъмини амнияти наклиёти инхоянд:

–  танзими меъёрии хукуки дар сохаи таъмини амнияти наклиёти;

– муайян намудани тахдидхо оид ба анчом додани амалхои дахолати гайриконуни;

– гурухбандии объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклнёт;

– тахия ва татбики талабот оид ба таъмини амнияти наклиёти;

– тахия ва татбики чорахо оид ба таъмини амнияти наклиёти;

– тайёр намудани мутахассисон дар сохаи таъмини амнияти наклиёти;

– санчиш ва назорат дар сохаи таъмини амнияти наклиёти;

-таъмини иттилооти, моддию техники ва илмии техникии амнияти наклиёти.

 

Моддаи 4. Принсипхои таъмини амнияти наклиёти

Принсипхои таъмини амнияти наклиёти инхоянд:

–  конуният;

–  риояи мувозинати манфиатхои шахс, чамъият ва давлат;

–  масъулияти тарафайни шахс, чамъият ва давлат дар сохаи таъмини амнияти наклиёти;

–  хамгирои (интегратсия) бо низоми байналмилалии амният;

–  хамкории субъектхои инфрасохтори наклиёт ва макомоти давлати.

 

БОБИ 2. АМНИЯТИ НАКЛИЁТИ ВА ТАДБИРхО ОИД БА ТАЪМИНИ ОН

 

Моддаи 5. Таъмини амнияти наклиёти

  1. Таъмини амнияти наклиётии объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиёт ба зиммаи субъектхои инфрасохтори наклиёт вогузор карда мешавад, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
  2. Назорати давлати дар сохаи таъмини амнияти наклиёти аз чониби макоми ваколатдори давлатии сохаи таъмини амнияти наклиёти мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

 

Моддаи 6. Арзёбии осебпазирии объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиёт аз амалхои дахолати гайриконуни

1.Тартиби арзёбии осебпазирии объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиёт аз чониби макоми ваколатдори давлатии сохаи таъмини амнияти наклиёти дар мувофика бо макомоти давлатии амнияти миллй ва корхои дохилй мукаррар карда мешавад.

2.Осебпазирии объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиёт аз чониби ташкилотхои махсуси сохаи таъмини амнияти наклиёти, макомоти давлатии амнияти миллй ва макомоти корхои дохили бо назардошти талаботи таъмини амнияти наклиёти арзёби карда мешавад.

3.Натичахои арзёбии осебпазирии объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиёт аз чониби макоми ваколатдори давлатии сохаи таъмини амнияти наклиёти тасдик карда мешаванд.

  1. Интишори маълумот оид ба натичахои арзёбии осебпазирии объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиёт мань acт.

 

Моддаи 7. Гурухбандии объектхои инфрасохтори наклиёт вавоситахои наклиёт

  1. Микдори гуруххо ва меъёри гурухбандии объектхои инфрасохтири наклиёт ва воситахои наклиёт бо тартибе мукаррар карда мешаванд, ки он аз чониби макоми ваколатдори давлатии сохаи таъмини амнияти наклиёти дар мувофика бо макомоти давлатии амнияти миллй, макомоти корхои дохили ва макомоти ваколатдори давлатии сохаи рушди иктисод муайя карда мешавад.
  2. Объектхои гурухбандишуда ба фехристи объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиёт дохил карда мешаванд, ки пешбурди он 6а зиммаи макоми ваколатдори давлатии сохаи таъмини амнияти наклиёти бо тартиби мукарраргардида вогузор карда мешавад.

 

Моддаи 8. Сатхи амнияти наклиёти, объектхои инфрасохтори наклиёти ва воситахои наклиёт

  1. Бо максади андешидани тадбирхо оид ба таъмини амнияти наклиёти дар мачмуи наклиёт сатххои гуногуни амнияти наклиёти мукаррар карда мешаванд.
  2. Номгуи сатххои амнияти наклиёти ва тартиби эълон намудани онхо дар холати тагйир ёфтани дарачаи хавфи содиршавии амали дахолати гайриконуни ба фаъолияти мачмуи наклиёт аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 9. Талабот оид ба таъмини амнияти наклиёти

Талабот оид ба таъмини амнияти наклиёти, ки сатххои амниятро дар асоси моддаи 8 Конуни мазкур барои гуруххои гуногуни объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиёт ба хисоб мегирад, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон бо пешниходи макоми ваколатдори давлатии сохаи таъмини амнияти наклиёти дар мувофика бо макомоти давлатии амнияти милли, макомоти корхои дохили ва макомоти ваколатдори давлатии сохаи рушди иктисод мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 10. Банакшагири ва татбики чорахо оид ба таъмини амнияти наклиётии объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиёт

  1. Субъектхои инфрасохтори наклиёт дар асоси натичаи арзёбии осебпазирии объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиёт накшахои таъмини амнияти наклиётии объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиётро тахия менамоянд. Накшахои зикршуда мачмуи чорахоро оид ба таъмини амнияти наклиёти пешбини менамоянд. Tapтиби тахияи накшахои зикршударо макоми ваколатдори давлатии сохаи амнияти наклиёти дар мувофика бо макомоти давлатии амнияти милли ва макомоти корхои дохили мукаррар мекунад.
  2. Накшахои таъмини амнияти наклиётии объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиётро макоми ваколатдори давлатии сохаи таъмини амнияти наклиёти тасдик мекунад.
  3. Накшахои таъмини амнияти наклиётии объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиёт аз чониби субъектхои инфрасохтори наклиёт мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд.

4.Интишори маълумоти накшахои таъмини амнияти наклиётии объектхои инфрасохтори наклиёт на воситахои наклиёт манъ мебошад.

 

Моддаи 11. Махдудиятхо хангоми кабул кардан ба коре, ки бевосита ба таъмини амнияти наклиёти алокаманд мебошад

1.Ба мансабе, ки бевосита ба таъмини амнияти наклиёти алокаманд аст, шахсони зерин кабул карда намешаванд:

-онхое, ки доги суди доранд;

-онхое, ки дар кайди муассисахои макомоти давлатии тандурусти бо сабаби беморихои рухи, майзадаги ё нашъаманди мебошанд;

-онхое, ки ваколатхояшон дар вазифаи давлати пеш аз мухлат катъ гардидааст ё аз хизмати давлати, аз чумла аз макомоти хифзи хукук, макомоти прокуратура ё макомоти суди бо асосхое озод карда шудаанд, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон бо содир намудани кирдори бадномкунандаи шарафи хизматчии давлати, дагалона ё пайдарпай риоя накардани интизоми мехнати ва нобовари нисбат бау алокаманд буда, баъди пеш аз мухлат катъ гардидани ваколатхо ё озод шудан аз хизмати давлати камтар аз се сол гузашта бошад;

– онхое, ки дар асоси натичаи тафтиши мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи макомоти давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон» гузаронидашуда хулосаи макомоти давлатии амнияти милли дар бораи норавоии фаъолияти чунин шахсон дар объектхои барои хаёт ё саломатии инсон, инчунин барои мухити зист хатари зиёддошта вучуд дошта бошад.

2.Номгуи кору ихтисос ва мансабхое, ки бевосита бо таъмини амнияти наклиёти алокаманданд, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 12. Таъминоти иттилооти дар сохаи амнияти наклиёти

  1. Бо максади амали намудани чорабинихо оид ба таъмини амнияти наклиёти аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи технологияи иттилооти ва алока низоми ягонаи давлатии иттилоотии таъмини амнияти наклиёти таъсис дода мешавад, ки моликияти Чумхурии Точикистон мебошад.

2.Низоми итилоотии мазкур инчунин аз махзани мутамаркази автоматикунонидашудаи маълумоти шахси дар бораи мусофирон иборат мебошад. Чунин махзанхо дар холати ичрои навъхои зерини хамлу накл тартиб дода мешаванд:

-хамлу накли хавоии дохили ва байналмилали;

-хамлу накли дохилии дур ва байналмилали тавассути рохи охан;

-хамлу накли байналмилали тавассути наклиёти оби ва автомобили:

-хамлу накл тавассути рохи охан, наклиёти дохилии оби ва автомобили аз руи хатсайри алохида, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон бо пешниходи макоми ваколатдори давлатии сохаи амнияти наклиёти дар мувофика бо макомоти давлатии амнияти милли ва макомоти корхои дохили сурат мегирад.

3.Махзани мутамаркази автоматикунонидашудаи маълумоти шахсй дар бораи мусофирон дар асоси маълумоти пешниходнамудаи сохторхои зерин тартиб дода мешавад:

-субъектхои инфрасохтори наклиёт ва интиколдихандагон;

-макомоти ичроияи хокимияти давлати;

-давлатхои хоричи ва ташкилотхо дар доираи хамкори доир ба масъалахои амнияти наклиёти.

4.Хангоми ба расмият даровардани хуччатхои мусофират (чиптахо) маълумоти зерин ба махзани мутамаркази автоматикунонидашудаи маълумоти шахси дар бораи мусофирон ирсол карда мешавад:

–  насаб, ном ва номи падар;

–  сана ва чои таваллуд;

–  намуд ва раками хуччати тасдиккунандаи шахсият, ки дар асоси он хуччати мусофират (чипта) харида шудааст;

-нуктаи ба рох, баромадан, нуктаи таъиншуда, намуди хатсайри харакат (бе истгохи гузариш, транзити);

-санаи мусофират.

  1. Тартиби ташкил кардан ва пешбурди махзани мутамаркази автоматиконидашудаи маълумоти шахси дар бораи мусофирон, хамчунин пешниход намудани маълумоти дар он дарчгардида аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  2. Субъекти инфрасохтори накдиёт ё интиколдихандаи давлати хоричие, ки молики воситаи наклиёт мебошад, хамлу накли байналмилалии мусофиронро ба Чумхурии Точикистон, аз Чумхурии Точикистон ва (ё) тавассути худуди Чумхурии Точикистон анчом медихад ва ё худуди онро тибки дигар асосхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода мебарад, маълумоти хуччатхои мусофират (чиптахо)-ро ба махзани мутамаркази автоматиконидашудаи маълумоти шахси дар бораи мусофирон мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ва Конуни мазкур ирсол менамояд.

7.Риояи тартиби ирсоли маълумоти дар хамин модда пешбинишударо ба махзани мутамаркази автоматиконидашудаи маълумоти шахси дар бораи мусофирон макомоти ваколатдори давлатии сохаи наклиёт, ки вазифаи танзим ва назоратро дар сохаи наклиёт ба зима доранд, назорат мекунанд.

8.Интишори маълумот оид ба захираои иттилоотии низоми ягонаи давлатии иттилоотии таъмини амнияти наклиёти манъ аст.

 

Моддан 13. Хукуку ухдадорихои субъектхои инфрасохтори наклиёт ва интиколдихандагони воситахои наклиёт дар сохаи таъмини амнияти наклиёти

1.Субъектхои инфрасохтори наклиёт ва интиколдихандагони воситахои наклиёт хукук доранд, ки:

–  бо тартиби мукарраршуда аз макоми ваколатдори давлатии сохди амнияти наклиёти маълумотро дар бораи масъалахои таъмини амнияти наклиёти дастрас намоянд;

–  ба макоми ваколатдори давлатии сохаи таъмини амнияти наклиёти, макомоти давлатии амнияти милли ва корхои дохили доир ба таъмини амнияти наклиёти таклифхо пешниход намоянд.

2.Субъектхои инфрасохтори наклиёт ва интиколдихандагон ухдадоранд, ки:

-бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлатии сохаи таъмини амнияти накдиёти фавран дар бораи тахдидхои содир кардан ва содир шудани амалхои дахолати гайриконуни ба объектхои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиёт маълумот диханд;

-дастурхо ва карорхои шахсони масъули ваколатдори макоми ваколатдори давлатии сохаи амнияти наклиётиро дар бораи рафъи риоя нашудани талабот оид ба таъмини амнияти наклиёти мувофики моддаи 9 Конуни мазкур ичро намоянд;

-дар ошкор, пешгири ва бартараф намудани амалхои дахолати гайриконуни, хамчунин рафъи окибати онхо, мукаррар намудани сабабу заминахои содир шудани онхо мусоидат намоянд.

 

БОБИ 3. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 14. Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи15. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

         Президенти

Чумхурии Точикитон                                                                   Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе

3 июли соли 2012

         №847

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …