Главная / Илм / АМИНХОИ БИОГЕНи

АМИНХОИ БИОГЕНи

aminhoi_biogeni1АМИНХОИ БИОГЕНи, гурухи пайвастхои органикии нитрогендор, ки дар организм бо рохи декарбоксилонии аминокислотахо, яъне аз молекулаи онхо чудо шудани гурухи карбоксил – СООН, хосил мешаванд. Барои организм аминоспиртхое, ки дар таркибашон бокимондаи пирокатехин (1,2 – дигидроксибензол, катехол) мавчуд аст (катехоламинхо), ахамияти калон доранд. Катехоламинхо (дофамин, норадреналин, адреналин) дар натичаи мубодилаи моддахо хосил мешаванд. Баъзе моддахои фаъоли биологии табии ва сунъи, ки чун дору мавриди истифода карор мегиранд, шабехи катехоламинхо мебошанд (мас., эфедрин, мезатин).
А. б., мас., гистамин, серотонин, норадреналин, адреналин, тирамин ва г. ба раванди боздори ва ангезиш, ки дар кишри магзи сар рух менамояд, таъсир мерасонанд. Баъзе А. б. дар рудаи гафс зери таъсири бактерияхои фасодзо хосил гашта, барои организм захрнок мебошанд. Дар организм А. б. бо унсурхои биохимиявии хучайра пайваст мешаванд. Ба раванди мазкур кислотахои аденозинфосфат, нуклеинат ва карбогидратхои калонмолекула (мас. гепарин) таъсири мусбат мерасонанд. А. б. дар хучайрахо дар холати пайваст дучор меоянд; онхо фаъол нестанд ва зери таъсири ферменти аминоксидаза карор намегиранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …