Главная / Илм / АМЕНОРЕЯ

АМЕНОРЕЯ

amenoreyaАМЕНОРЕЯ (аз а – хиссачаи инкори, юн. men – мох ва rheo – мешорам), бехайзи, хайз надидан. Холатест, ки зан дар муддати 6 мох ё аз ин бештар хайз намебинад. Агар духтар баъди ба балогат расидан ё зан тамоман хайз надида бошад, А.-и якумин ва агар боре хайз дида, минбаъд тамоман хайз набинад, А.-и дуюмин меноманд. Дар хаёти зан чанд давраи хайз надидан (то балогат, хомилаги, бачамакони, менопауза) вучуд дорад. Ин даврахо чун холати физиологии организм давом карда, баъд катъ мегарданд (А.-и физиологи). А.-и патологи дар натичаи нуксони модарзодии тухмдон, бачадон ва махбал, хеле суст инкишоф ёфтани узвхои номбурда, инчунин осеб дидани чанин аз доруе, ки зан дар давраи хомилаги (дар аввал ва то охири мохи сеюми бордори – дар давраи мухими тагйири чанин) истеъмол мекунад, пайдо мешавад. Табобати А.-е, ки аз ин сабабхо руй додааст, имконнопазир аст. А. дар натичаи беморихои гадудхои эндокрини, хусусан гадудхои сипаршакл, болои гурда ва гипофиз, бемории сил, камвитамини, искоти пай дар пай низ ба вучуд меояд.
Сабабхои А.-ро метавон ба чузъи ва умуми чудо кард. Ба сабабхои чузъии А. мансубанд: вучуд надоштани махбал ва бачадон; омоси тухмдонхо; тагйироти бебозгашти луобпардаи бачадон; кастратсияи шуоъи ё чаррохи. Вале бисёр вакт сабаби А. беморихои вазнини сирояти (домана, хасба, вабо, пневмония, уфунат ва г.), сили шуш, гурда, тухмдонхо, чигар, силсилаи дилу рагхо, гадудхои усораи дохили, амрози рухи (шизофрения, психастения, саръ), захролуди (аз сурб, фосфор) ва г. махсуб мешаванд.
Муоличаи А. ба рафъи бемории асоси (камхуни, беиштихои, диабет, беморихои гадуди сипаршакл, гипофиз ва г.) вобаста аст. Хусусан тадбирхое, ки ба бехсозии бо хун таъмин гаштани узвхои коси хурд нигаронида шудаанд, натичаи дилхох медиханд. Давохои гормони, физиотерапия ва истеъмоли витаминхо низ мухим аст.
Ад.: Норвитц Э.Р. (ва диг.), Наглядные акушерство и гинекология, М., 2003; Гинекология, М., 2005.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …