Главная / Илм / АМЁБИАЗ

АМЁБИАЗ

amyobiazАМЁБИАЗ (Amoebiasis), дизентерияи амёбави, як навъ бемории паразити. Хангоми он рудахо захмнок мешаванд, гохо думбал (абстсесс)-и чигар, майна ба вучуд меояд, шуш ва узвхои дигар осеб меёбанд.
Ангезаи А. (Entamoeda histolytica) ба оилаи Entamoebidae, синфи Sarcodinae (калбакипойхо), типи Protozoa мансуб аст. Хаёти ангезанда аз ду давра иборат мебошад: нашви (трофозоид) ва ороми (систа). Давраи нашви аз 4 хели амёбахо иборат аст: бофтаи, нашвии калон, чавфи ва пешсистаи. Дарозии амёбаи бофтаи 20 – 25 мкм буда, хеле серхаракат ва сироятовар аст. Он хангоми А.-и шадид дар узвхои осебёфта ва начосати бемор ёфт мешавад. Дарозии амёбаи нашвии калон аз 30 – 40 то 60 – 80 мкм аст. Кобили фагоситози эритроситхо (эритрофаг) мебошад. Хангоми А.-и руда дар начосати мариз дучор меояд. Амёбаи чавфи (дарозиаш 15 – 20 мкм) нисбатан кам харакат мекунад. Дар чавфи рудаи гафс мавчуд аст. Дар ахлоти одамоне, ки А.-и шадиди рударо аз сар гузарондаанд, мушохида мешавад. Амёбаи пешсистаи (дарозиаш 12 – 20 мкм) камхаракат аст. Дар начосати одамоне, ки аз А.-и шадиди руда офият ёфтаанд, хамчунин дар начосати ашхоси хомили систа баъди истеъмоли давохои дарунрон ба мушохида мерасад.
Давраи оромии амёбаи исхоли хунин дар шакли систахо чараён мегирад. Систахо мудаввар буда, кутрашон то 9 – 14 мкм аст. Онхо дар ахлоти одамоне, ки А.-и шадиди рударо паси сар кардаанд, беморони мубталои А.-и музмини такроршаванда (дар давраи бехбудии муваккати) ва хомилони систа мушохида мегарданд. Систахо ба таъсири омилхои мухит тоб меоранд. Дар ахлоти тар, хамчунин об то 1 мох кобили хаёт буда, дар хоки наму чои соя то 8 руз зинда мемонанд. Аз таъсири гарми ва хушкидан зуд махв мешаванд.
Манбаи сирояти А. шахси бемор ё хомили амёбахо мебошад. Систаи амёбахо ба воситаи ахлот хорич мешавад. Дар 1 г ахлот то 6 млн систа мавчуд аст. Одам хангоми истеъмоли об ва хуроквории олудаи систахо, хамчунин аз дасти ифлос сироят меёбад. А. дар мамолики иклимашон гарм пахн шудааст. Бемории мавсими (тобистону тирамох) мебошад. Хусусан моххои август бештар хуруч меёбад. Ба А. бештар одамони миёнсол гирифтор мешаванд.
Сироят дар натичаи ба рохи узвхои хозима афтодани систаи амёба ба вукуъ мепайвандад. Пардаи систа дар кисми поёни рудаи борик ё кисми болои рудаи гафс гудохта шуда, худи систа дар сурохи кисми ба тана наздики рудаи гафс зиндаги ва афзоиш менамояд. Дар чунин мавридхо баъзан шахс мариз нашуданаш хам мумкин аст (онро амёбахомилии солим меноманд). Дар мавридхои дигар, амёбаи чавфи ба пардаи зерлуобии руда ворид шуда, ба амёбаи бофтаии бемориовар табдил меёбад. Сабаби ба бофтахо даромадан ва гудохта шудани амёбахо моддахои махсус – ситолизинхо ва ферментхои протеолизи доштани онхо аст. Амёба дар бофтахои девораи руда афзоиш меёбад ва ба пайдоиши думбал (абстсесс)-хои хурд мусоидат мекунад. Думбалхо тадричан чукур рафта, луобпардаро захмнок месозанд. Ба афзоишу осеби амёбахо микрофлораи руда таъсири калон мерасонад. Дар ин бобат тарзи гизогири ва вазъи саломатии шахс низ беахамият нест. Бо мурури вакт адади захмхо меафзояд. Асосан курруда ва рудаи болорав осеб меёбад. Амёба тавассути хун мумкин аст ба чигар ва узвхои дигар гузарад. Чунин вазъро А.-и гайрирудави меноманд, хол он ки вай оризаи худи А. аст. Огози маризи хамеша ба иллати рудахо вобастаги дорад. Хини сурох кардани захмхо перитонити махдуд ба назар мерасад. Дар мавриди шифо ёфтани захмхо бофтахо хадша баста, мумкин аст руда танг шавад.
Давраи нихонии А. аз 1 хафта то 3 мох (бештар 3 – 6 хафта) мебошад. А. чунин хелхо дорад: 1) А.-и рудаи (шадид, музмин, пинхони); 2) А.-и гайрирудаи (гепатити амёбаи, думбали чигар, думбали узвхои дигар, А.-и пуст); 3) А.-и муштарак (якчоя бо гелминтозхо, дизентерияи бактерияви рух менамояд).
А. одатан ба таври шадид огоз меёбад. Мариз сусту бехол шуда, сар ва гохо шикам ба дард медарояд. Минбаъд исхол пайдо мешавад, ахлот бо хуну луоб омехта аст. Мавзеи курруда ва рудаи болорав хангоми даст расондан дард мекунад.
Пас аз давраи шадиди давраи офияти бардавом сар мешавад, ки бемор худро солим мепиндорад. Вале дертар маризи боз хуруч мекунад ва чараёни он музмин мегардад. Дар сурати табобат накардан, А.-и музмин то 10 сол давом менамояд. Вай ба ду тарзи сарири (клиники) – такроршаванда ва муттасил падид меояд.
А.-и такроршаванда гох хуруч карда, гохо хомуш мешавад. Дар мавриди хуруч вазъи беморон кариб, ки бетагйир ва харорати бадан муътадил аст, поёни кабургаи тарафи рост дард мекунад (бинобар ин онро баъзан сахван аппендитсит меноманд), исхол рух менамояд.
Хангоми А.-и музмини муттасил маризи бидуни даври сабукшави чараён мегирад. Вале, бо вучуди ин, падидахои бемори гохо тезутунд (дарди шикам, исхол, кабзият, начосати хунолуд, баъзан тафсу таб кардани бемор) ва гохо каме суст мешаванд.
Ба оризахои А. перитонити умуми ё чузъи, танг шудани руда, амёбома, хуншории руда, кучидани луобпардаи рудаи рост мансубанд. Дар натичаи танг гаштани руда ва амёбома мумкин аст сурохи руда баста шавад. Амёбома ташкилаи омосшакл буда, дар девораи руда падид меояд ва хини такрор ёфтани сироят фасод хосил мекунад. Ба оризахои хоричирудаи думбали чигар, майна, осеби пуст мансубанд. Думбали чигар нисбатан бештар дучор меояд. Ба таври шадид чараён гирифтани думбал боиси таб, табларза, сустиву бехоли ва дарди зери кабургаи рост мешавад. Думбали амёбави мумкин аст ба узвхои наздик гузашта, ба пайдоиши думбали зеридиафрагмави, перитонит, плеврити фасоддор ва перикардит мусоидат бинмояд. Думбали чигар гохо ба руи пуст мебарояд ва дар чунин холатхо дар мавзеи носур осеби амёбавии пуст ба вукуъ мепайвандад. Думбалхоро хангоми тахкики рентгенологи ошкор кардан мумкин аст.
А. дар беморхона муолича карда мешавад.
Ад.: Хашимов Дж.М., Кишечный амёбиаз в Таджикистане, Д., 1970; Камардинов Х.К (ва диг.), Беморихои сирояти, Д., 2000; Хамон муал., Инфекционные и паразитарные болезни, Д., 2009
Х.К. Камардинов,
Э.Р. Рахмонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …