Главная / Илм / АМЁБАХО

АМЁБАХО

amyobaАМЁБАХО (Amoebina), як гурухи соддатаринхо. Бештар дар обанборхои шириноб, гохо дар хок сукунат ихтиёр мекунанд. А.-хои паразит низ мавчуданд. Андозаи А. аз 50 мкм то 2 – 3 мм аст. А. шакли доими надоранд. А.-е, ки чисмашон аз ситоплазма иборат аст, пойхои калбаки (псевдоподияхо) дошта, онхо вазифаи харакат ва доштани гизоро ба чо меоранд. Гизои А. бактерияхо, обсабзхои майда, соддатаринхо ва г. мебошанд. Дар атрофи гизо аз ситоплазма шираи махсус чудо мешавад, ки он вакуолаи хозимаро ба вучуд меорад (андаруни он гизо хазм шуда, захида ба ситоплазма мегузарад). Об ва махсули фаъолияти хаётиро вакуолаи кашишхуранда ихроч менамояд. А. одатан як хаста (ядро) доранд, вале амёбаи Pelomyxa серядро аст. Бисёр А. бо рохи гайричинси (таксимшави) афзоиш мекунанд. Дар А. афзоиши чинси ахёнан ба мушохида мерасад. Дар шароити номусоид (кам шудани гизо, хунуки, хушк шудани обанборхо ва г.) чисми А. лунда ва сатхи протоплазма гафс гашта, он чилди мухофиз хосил мекунад (яъне систа ба вучуд меояд). А.-е, ки дар обхои ширин сукунат доранд, далели ифлос будани об махсуб мешаванд. А.-и паразит дар рудаи хайвоноти гуногун ва одам зист мекунанд. Дар байни онхо хусусан А.-и исхоли хунин (Entamoeba histolytica) хавфноканд. Онхо бемории амёбиазро ба вучуд меоранд, ки хеле вазнин аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …