Главная / Илм / АМБУЛАТОРИЯ

АМБУЛАТОРИЯ

ambulatoriaАМБУЛАТОРИЯ (лот. ambulatorius – бо рафтуо ичро кардан), муассисаи пешгирию табобати беморихо. А. ба фаъолияти нуктахои фелдшерию акушери ва нигахдории тандурусти назорату рохбари мекунад. Назар ба дармонгох дар А. шумораи ками мутахассисон – терапевт, чаррох, педиатр, стоматолог кор мекунанд. Беморонеро, ки ба намуди дигари ёрии тибби мухточанд, ба муассисахои дахлдор мефиристанд. Кори А. дар асоси принсипи таксимоти худуду махалхо (аз руи махалли истикомат ва чои кор) ба рох монда мешавад. Вазифаи коркунони А. инчунин аз гузаронидани тадбирхои пешгирии бемори ва умури санитарию гигиени иборат аст. Дар Точикистон А.-и аввалин с. 1886 дар махаллаи Миршабхонаи ш. Хучанд, дар хавлии Грудинин ном точир таъсис ёфта буд, ки асосан ба занхои махалли кумак мерасонд. Дар он як нафар духтури зан, тарчумон ва фелдшер кор мекард. Дар тули зиёда аз як сол такр. 4 хаз. наф. занон муолича гирифтанд. Дар давраи Хукумати Шурави дар Точикистон адади А.-хо хеле афзуд. А.-хои хозира бо тачхизоту лавозимоти замонави мучаххаз мебошанд. Дар А.-хо асосан духтурони оилави фаъолият менамоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …