Главная / Илм / АМБЛИОПИЯ

АМБЛИОПИЯ

ambliopijaАМБЛИОПИЯ (Amblyopia; аз юн. amblus – суст, заиф ва opos – чашм), бекувват шудани чашм. А.-ро бемории «чашми танбал» низ меноманд. Одатан дар як, баъзан дар харду чашм мушохида мешавад. А. маризии атфол аст (аз давраи таваллуд то синни 7-солаги давом мекунад). Баъзан дар кудаконе, ки як чашми онхо гирифтори наздикбини ё дурбини аст, ба вучуд меояд. Агар кувваи як чашм нисбат ба чашми дигар бештар бошад, пас магзи сар ба тасвири сусту хирае, ки аз чашми иллати меояд, «эътибор» намедихад. Ин гуна холат тадричан боиси инкишофи А. хохад шуд. Кудак шояд хатто эхсос накунад, ки у факат бо як чашм менигарад.
А.-ро сари вакт ташхис кардан лозим аст. Чунин кудакон, одатан, кач нигох мекунанд ё барои дуруст нигаристан, сарашонро ба ягон тараф мегардонанд. Ахвали, наздикбини ё дурбинии сахт, осеби шохпардаи чашм, ки барои гузаштани рушнои аз чашм монеъ мешавад, кам будани вазн хангоми таваллуд, чалла таваллуд ёфтан ва г. ба пайдоиши А. мусоидат менамоянд.
Бахри табобати А. аз бандина, дорухои чашм, айнак ва г. истифода мекунанд. Ба таъхир гузоштани муолича ба манфиати кудак нест.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …