Главная / Илм / АЛЮМИНИЙ

АЛЮМИНИЙ

aluminiumАЛЮМИНИЙ (Aluminium, Al), элементи химиявии гурухи III чадвали Менделеев, раками ат. 13, массаи ат. 26,98, харор. гуд. 6600, харор. чуш. 25000. А. 8,8 фисади массаи кишри заминро ташкил медихад. Дар табиат дар холати як изотопи собит вомехурад; чанд изотопи сунъии радиоактив хам дорад. Аксари намакхои А. дар об нагз хал шуда, мухити турш хосил мекунанд. Микдори А. дар организми одам хеле кам аст.
Дар амалияи тиб дорухое, ки аз намакхои А. таркиб ёфтаанд, истифода мегарданд. Намакхои халшавандаи А. хосияти кобизи (гунчасози), бактерисиди ва сузандаги доранд. Пайвастхои халшавандаи он, мас., гидрооксиди А., гили сафед (каолин) таъсири чазби ва фарогир мерасонанд.
Гили сафед дорувори тибби кадим аст. Мас., Абуалии Сино аз кавли Дискуридус гуфтааст: «Хамаи намудхои гиле, ки андар пизишки ба кор баранд, ба таври умум дорои кувваи гиранда, нармкунанда, сардиоваранда ва часпонанда буванд, вале ба таври хусус хар кадом дорои хосиятеанд, ки аз барои як чиз судманданд ва аз барои чизи дигар не. Аз чумлаи гили заминхои кишт бархе бисёр сафед буда, бархе хокистарист… Агар онро бар порае аз мис бисованд, аз совидани он ранги зангор хосил шавад. Онро гохе чун шустани сафеда бишуянд… решхоро гушт меруёнад ва чарохатро бахам меоварад…» Гили сафед (Bolus alba) дар тибби муосир низ мавриди истифода аст. Онро дар шакли хока, хамира ва мархам барои табобати беморихои пуст, реш, шалхидаги, сухтаги кор мефармоянд. Меъёри истеъмоли он барои калонсолон аз 20 – 30 то 100 г (дар як шабонаруз), барои кудакон 5 – 10 г аст. Хамчунин гили сафедро ба курсу хабхое, ки дар таркибашон маводи зудвайрон дошта бошанд, илова мекунанд.
Ад.: Халифаев Д., Хочиматов М., Гил ва гилдавои, Д., 2002; Фармацевтическая химия, М., 2005.
М. Самиев.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …