Главная / Илм / АЛОПЕТСИЯ

АЛОПЕТСИЯ

alopetciyaАЛОПЕТСИЯ (Alopecia), пурра ё кисман рехтани муй. А. модарзоди, лонави, бармахал ва алоими мешавад.
А.-и модарзоди гохо бо осеби нохунхо, дандон ва пуст хамрох мегардад. Хеле кам дучор меояд ва бештар хусусияти оилави дорад.
Дар мавриди А.-и лонави муи сар, риш, муйлаб, баъзан абрую мижгон, муи зери каш чо-чо (лонави) пурра мерезад. Бемори асосан дар синни чавони ва миёнсоли ба мушохида мерасад. Ба пайдоиши он беморихои сирояти, ночурихои эндокрини ва рухи, таъсири нурхои рентгени ва г. мусоидат мекунанд. Чое ки муи он рехтааст, шакли доираро дорад. Гохо китъахои хурд ба хамдигар пайваста, китъахои калони бемуйро ба вучуд меоранд. Пусти чои осебёфта суфта ва чилонок мебошад. Дар давраи огози бемори сурохи масомахои фолликулахои муйро ба чашм дидан мумкин аст, вале баъдтар онхо хамвору тахт мешаванд. Бемори аз 2 мох то 1 – 2 сол давом мекунад. А.-хои бадзот (тотали) ва канори дуру дароз идома меёбанд. Дар мавриди А.-и бадзот муи тамоми сар, дар аснои А.-и канори бошад, факат муи атрофи он мерезад.
А.-и бармахал асосан дар заминаи бемории себорея ба амал меояд. Хоси мардхо буда, дар давраи чавони ва миёнсоли мушохида мешавад. Рехтани муй аз кисми пешона огоз ёфта, дар муддати чанд сол тамоми сарро фаро мегирад (баъзан факат муи канорхои сар боки мемонад). Пусте, ки муи он рехтааст, чилонок ва тунук мешавад. Бемори дар занхо низ метавонад ба мушохида расад (муи онхо камубеш тунук хохад шуд).
Сабаби А.-и алоими беморихои гуногун, мас., сифилис, сили пуст, бодхурда, микроспория, трихофития ва г. мебошанд.
Дар мавриди хама шаклхои А. муоличаро духтур таъин мекунад. Бо максади табобат аз кортикостероидхо, витаминхо, дорухои оромсозандаи асаб, давохои васеъкунандаи рагхои хунгузар, мархамхои гуногун ва г. истифода мебаранд.
Окибати бемори ба шакли А. вобаста аст. Хангоми А.-и модарзод ва дар баъзе мавридхо хангоми А.-и бадзот муй намебарояд. Дар сурати А.-и бармахал доманадор шудани бемориро метавон пешгири кард.
Ад.: Зоиров П.Т., Беморихои пуст, Д., 1999; Хамон муаллиф, Болезни кожи, Д., 2002; Хамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.
П.Т. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …