Главная / Илм / АЛМАГЕЛ

АЛМАГЕЛ

almagelАЛМАГЕЛ, як навъ доруи омехта. Аз гидроксиди алюминий ва гидроксиди магний иборат аст. Пардаи луобии меъдаро аз таъсири кислотаи хлорид мухофизат мекунад. А. таъсири бедардгардони низ дошта махсули турши меъдаро нест, зардачуш ва дардро хангоми решмараз, метеоризм (дамиши шикам), ихтилоли функсияи рудахо кам месозад. А. кабати мухофизиро ба вучуд оварда, хамзамон барои дар луобпардаи меъда баробар пахн шудани моддахои фаъол мусоидат мекунад, таъсири тулонии мавзеи боки мегузорад.
А.-ро хангоми решмарази меъда ва рудаи дувоздахангушта, гастрити шадид ва музмин, эзофагит, чурраи диафрагма ва токсикози хомилаги истифода мебаранд. Рузе 3 – 4 кошукча (30 дакика пеш аз хоб) истеъмол кардан лозим. Дар мавриди решмарази рудаи дувоздахангушта ва баъзе шаклхои решмарази меъда А.- ро дар байни гизои асоси тавсия кардан мумкин аст. Хангоми беморихое, ки дард, кай ва дилбехузури доранд, «Алмагели А.» нафъ мерасонад. Вояи дору барои кудакон ба таври инфироди (бо маслихати духтур) муайян карда мешавад. Пеш аз истифодаи А. онро такон додан лозим аст. А. бинобар алюминийи зиёд доштанаш баъзан боиси кабзият хохад шуд. Якчоя истеъмол намудани А.-е, ки анестезин дорад («Алмагели А») ва дорухои сулфаниламиди мумкин нест. Агар шахс гирифтори бемории гурда, дил ё гипертония бошад, пас пеш аз истеъмоли А. бояд бо духтур машварат бикунад. Б. О. Ишонкулова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …