Главная / Илм / АЛЛЕРГОЛОГИЯ

АЛЛЕРГОЛОГИЯ

allergologiyaАЛЛЕРГОЛОГИЯ (аз аллергия ва …ло- гия), як фасли илми тиб, ки сабаб, тарзи инкишоф, зухуроти клиникии беморихои аллерги ва усулхои пешгирию муоличаи онхоро дарбар мегирад. А. бо иммуно- логия зич алокаманд аст, зеро омилхои иммунологи асоси инкишофи аллергия махсуб мешаванд. А. нимаи якуми а. 20 дар натичаи дар тамоми чахон ру ба афзоиш овардани беморихои аллерги хамчун фасли мустакили илм ба миён омад. А. аз усулхои тачриба дар хайвонот, тадкики иммунологи, патофизиологи ва патохимияви, роххои мухталифи пажухишхои клиникоиммунологи (тестхои дерматологи ва серологи), патофизиологи ва патохимиявии ашхоси гирифтори беморихои аллерги (намуна барои омузиши фаъолияти шуш, мукаррар кардани микдори гистамин ва диг. моддахои фаъо ли биологи дар хун) истифода мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …