Главная / Илм / АЛЛЕРГИЯ

АЛЛЕРГИЯ

allergiyaАЛЛЕРГИЯ (Allergia; аз юн. allos – ди- гар, бегона ва ergon – таъсир), хассосияти баланди организм, ки дар натичаи таъсири баъзе омилхои мухит, мас., моддахои химияви, микробхо ва махсули фаъолияти хаёти онхо, хуроквори, дору ва г., ки онхоро аллерген меноманд, ба вучуд меояд.
Истилохи «аллергия»-ро ба илм с. 1906 духтури австрияги К. Пирке барои ифодаи аксуламали гайримукаррарии баъзе кудакон, ки баъди тазрики зардоби зидди гулузиндонак пайдо мешуд, чори кардааст. А. боиси инкишофи беморихои аллерги мегардад.
Беморихои аллерги (зики нафас, полли- ноз, саглес, зукоми аллерги, дерматитхо, А.-и хурок ва дору) аз даврахои кадим маълуманд. Хануз хаким Букрот таъкид карда буд, ки баъзе хурокворихо ба ор- ганизми одам намефоранд ва боиси пайдоиши саглес ва ихтилоли кори меъда ме- гарданд. Ба гуфтаи табиб Чолинус баъзан аз буи гул зуком ба вучуд меояд. Дар а. 19 исбот шуд, ки сабаби табларзаи хасбедаги тавассути нафаскаши фуру бурдани гарди растанихост (ниг. Поллиноз); хамчунин фарзияе пайдо шуда буд, ки ба рохи нафас афтодани гарду чанг боиси пайдоиши бемории зики нафас мегардад.
Беморихои аллерги дар тамоми чахон пахн шудаанд. Дар баъзе мамлакатхо то 10%-и ахоли гирифтори беморихои гуногуни аллерги аст. Бештар зики нафас, поллиноз ва саглес густариш ёфтаанд, ки натичаи фаровон истифода бурдани антибиотикхо барин дорухост. Тараккиёти пуравчи саноати химия ва истехсоли микдори зиёди моддахои гуногуни синтези, рангхо, хокахои чомашуи ва г. низ яке аз омилхои густариш ёфтани беморихои аллерги мебошанд.
1) Пайвастхои гуногун – аз моддахои со- даи химияви (бром, йод) то моддахои му- раккаб (сафедахо, полисахаридхо) – метавонанд чун аллерген таъсир расонанд. Баъ- зеи аллергенхо ба организм аз берун ворид шуда (аллергенхои экзогени), баъзеи дигар дар худи организм ташаккул меёбанд (аллергенхои эндогени ё аутоаллергенхо). Аллергенхои экзогени ду хел мешаванд: гайрисирояти (гарду чанги хона, пашми хайвонот, дору, моддахои химияви, гарди растани, хурокворихои гуштиву шири ва наботи) ва сирояти (бактерияхо, вирусхо, занбуругхо ва махсули фаъолияти онхо). Аллергенхои экзогени ба организм бо роххои гуногун ворид шуда, боиси осеби узвхо мегарданд. Онхо ба чунин гуруххо таксим мешаванд. Аллергенхои биологи – микробхо (ниг. Бактерияхо), вирусхо, занбуругхо (ниг. Занбуругхои микроскопи), гелминтхо, ваксинахо ва зардобхо (ниг. Вакси- на, Зардоб). А. боиси пайдоиши брутселлёз, махав, сил, домана ва г. барин беморихо мегардад. Ин намуди А.-ро А.-и сирояти ва гурухи беморихоеро, ки аз микробхо, занбуругхо ё вирусхо ба вучуд меоянд (А. дар инкишофи онхо мавкеи хос дорад), беморихои аллергию сирояти меноманд. Хамчунин баъзан микробу занбуругхое, ки дар пуст ё роххои нафас, дахон ва руда вучуд доранд, боиси инкишофи ин гуна беморихо хоханд шуд. Микробхои бемо- риовари дандонхои пусида, чавфи бини, талхадон (хангоми газаки онхо) низ ман- баи А. ба шумор мераванд. Тазрики зардобу ваксинахо баъзан боиси анафилаксия мегардад. Хини гелминтозхо бошад, дар натичаи чаббида шудани махсули тачзия ва мубодилаи гелминтхо А. ба вучуд меояд.
2) Аллергенхои доруи. Хар дору метавонад реаксияи аллергиро пайдо кунад (мас., кодеин, аспирин, сулфаниламидхо, пенитсиллин ва г.). Истеъмоли новока- ин, витамини В1 ва диг. дорухо бошад, бештар боди аллерги меорад. Суръати реаксияи аллерги ба микдори истеъмоли дору вобаста аст. Антибиотикхо (хусусан пенитсиллин), ки солхои охир истеъмоли онхо беш аз пеш меафзояд, таъсири бади аллерги доранд. Даври муолича хар кадар такрор шавад, окибати нохуши А. хамон кадар зиёдтар аст. Пенитсиллин нисбат ба диг. дорухо бештар мучиби А. мегардад. Дар хотир бояд дошт, ки истеъмоли дору бидуни тавсияи духтур басо хатарнок аст.
3) Аллергенхои рузгор. Чанги гилем, сарулибос, курпаву болин, занбуругхои девори намкашидаи хона, хашарот (кана, нонхурак, кайк ва г.), инчунин аллергенхои пуст (муй, пашм, сабусаки хайвонот) ба аллергенхои рузгор до- хил мешаванд. Солхои охир реаксияхои аллерги аз маводи химиявии рузгор, ху- сусан аз васоити шустушу, зиёд шудаанд. Аллергенхои рузгор бештар беморихои аллергии рохи нафасзики нафас ва зуко- ми аллергиро ба вучуд меоранд.
4) Аллергенхои гард. Дар натичаи ба организм ворид шудани гарди баъзе растанихо амрози аллерги сар мезананд. Гарди наботот бештар тавассути шамол пахн шуда, зуком, конъюнктивит ва диг. поллинозхоро ба вучуд меорад.
5) Аллергенхои гизои. Истеъмоли шир, гушт, мохи, помидор, мевахои ситруси, шоколад, кулфинай, шохтути замини ва г. бештар сабаби А. мегарданд. Иллате, ки дар натичаи тавассути меъдаю руда ба организм ворид шудани аллерген инкишоф меёбад, А.-и гизои ном дорад. Он осебхои аллергие, ки дар худи меъдаю руда бинобар ба организм бо рохи дигар ворид гаштани аллерген пайдо шудаанд, А.-и меъдаю руда меноманд. Мас., аллергене, ки ба организм тавассути пардаи луобии рохи нафас ворид мегардад, имкон дорад дар хар кисми меъдаю руда холати аллер- гиро ба вучуд оварад. Хангоми А.-и гизои реаксияи аллерги баъди чанд дакикаи ба меъдаю руда ворид шудани аллерген зохир мешавад. Мас, агар одам ба шир А. дошта бошад, баъд аз чанд дакикаи истеъ- моли он ногахон кай ва исхол руй медихад. Дертар аломатхои дигари бемори (саглес, табларза) низ ба вучуд меоянд. Баъзан нишонахои нахустини реаксияи аллерги дар меъдаю руда баъд аз чанд соат пайдо мешаванд. Одатан, А.-и гизои дар заминаи ихтилоли кори меъдаю руда авч мегирад. Барзиёд хурондани кудакон низ ба инкишофи А. мусоидат мекунад (аксар вакт аллергенхои хурок дар онхо диатезро ба вучуд меоранд; ниг. Ширинча). Бояд гуфт, ки нафоридани ин ё он хуроквори хамеша ба А. вобаста нест. Эхтимол, сабаби ин норасоии баъзе ферментхои хозима бо- шад, ки боиси вайрон шудани хазми хурок ва исхол мегардад (нишонахои он ба А.-и гизои монанд мебошанд).
6) Аллергенхои саноати. Дар натичаи тараккиёти пуравчи саноати химия тамос (контакт)-и одамон бо мод- дахои гуногун зиёд шуда, боиси пайдои- ши реаксияхои аллерги (асосан дар на- муди беморихои пуст) гардид. Скипидар, равганхои маъдани, никел, хром, марги- муш, зифт, моддахои даббоги, рангуборхои азонафтоли, локхо, инсектофунгисидхо, формалин, карбамид, катрони эпоксиди, детергентхо, аминобензолхо, хосилахои хинолин, хлорбензол ва г. аллергенхои саноати махсуб мешаванд. Дар сартарош- хона ва чойхои пардозгари рангубор барои муй, абру, мижгон, моддахои аттори, дар фотолабораторияхо бошад, гидрохи- нон ва пайвастхои бром таъсири аллерги мерасонанд.
7) Омилхои физики – гарми, хунуки ва ангезиши механики гурухи мах- суси аллергенхо мебошанд. Чунин мешуморанд, ки бисёр вакт аз таъсири онхо дар организм моддахои махсус хосил шуда, окибат ба аллерген табдил меё- банд. Баъди ба организм ворид шудани аллерген, реаксияхои аллерги ба вучуд меоянд. Онхо ду хел мешаванд: махсус ва номахсус. Инкишофи реаксияи мах- сус аз давраи нихони иборат аст. Дар ин давра хассосияти организм ба аллерген меафзояд (онро сенсибилизатсия меноманд). Сенсибилизатсия дар натичаи дар организм хосил шудани моддахои бегона (сафедахо, ки чавобан ба аллергени воридгашта хосил мешаванд ё лимфоситхое, ки бо аллерген таъсири мутакобила доранд) ба вукуъ мепайвандад. Агар дар лахзаи пайдоиши онхо аллерген аз организм дур карда шавад, он гох нишонахои бемори падид намеоянд. Хангоми такроран ба организм таъсир намудани аллерген, организм ба он хассос шуда, реаксияи аллерги (таъсири мутакобилаи моддахои бегона ё лимфоситхо бо аллер- гене, ки боиси хосил шудани онхо гарди- дааст) авч мегирад. Дар натичаи чунин таъсири тарафайни аллергену организм моддахои химияви (гистамин, серотонин ва г.) хосил шуда, ба бофта ва хучайраю узвхо осеб мерасонанд (осеб бахри ташаккули беморихои аллерги замина фарохам меорад). Дар сурати бори аввал ба организм ворид гаштани аллерген, реаксияхои номахсуси аллерги руй медиханд. Дар ин гуна мавридхо хассосияти организм баланд намешавад, аммо худи аллерген моддахое хосил мекунад, ки онхо хучайра, бофта ва узвхоро иллати месозанд. Идиосинкразия аз чумлаи реаксияхои номахсус аст. Реаксияхои аллерги вобаста ба замонаи падидои ду хел мешаванд: бетаъхир ва суст. Баъд аз 15 – 20 дакикаи ба бемор таъсир кардани аллерген, реаксияхои аллергии пуст ва узвхо зохир мешаванд, ки онхоро, одатан, реаксияхои бетаъхир мегуянд. Обилаи пуст, ихтилоч (спазма)-и бронххо ва ихтилоли кори меъдаю руда аз чумлаи ин гуна реаксияхо мебошанд. Сада- маи анафилакси, поллинозхо, саглес, зики нафас, бемории зардоби ва обварам (обварами Квинке) низ мансуби реаксияхои аллергии бетаъхиранд. Бемории зардоби баъд аз тазрики зардоб ё гамма-глобулин (пас аз 2 – 12 руз) сар мезанад (хангоми он хасба, хориш, варами гиреххои лимфави, таб ва г. пайдо мешавад). Варами зудгузару махдуди пуст ва пардахои луоби, ки зери таъсири ин ё он аллерген ба вучуд меоянд, аломатхои обварами Квинке мебошанд. Он бештар дар руй, баъзан дар луобпардаи дахон, ханчара (ниг. Хурусак) ва меъдаю руда мушохида мегардад. Реаксияхои сусти аллерги, одатан, пас аз чанд соат ё чанд шаборуз авч мегиранд. Беморихои пуст, ки дар коркунони саноати химия, дорусози, кормандони тиб, инчунин хини хассосияти баланди организм нисбати бактерияхо мушохида мешаванд (мас., хангоми сил, брутселлёз, манкаги, туляремия ва г.), аксуламалхои сусти аллерги махсуб меёбанд.
А. метавонад дар хама холатхои тамоси организм бо аллерген ба вучуд наояд. Дар пайдоиши он ирсият, холати силси- лаи асаб ва гадудхои эндокрини макоми муайян доранд. Мукаррар кардаанд, ки агар волидайн гирифтори поллинозхо, садамаи анафилакси, зики нафас (шакли ирсии он), баъзе намудхои зукоми аллерги бошанд, пас имкон дорад, ки дар бештар аз 70 фисади кудакони онхо низ беморихои аллерги ба мушохида расанд. Дар оилахое, ки яке аз волидайн бемор аст, то 56 фиса- ди кудакон гирифтори амрози аллерги мешаванд. Дар кудакон вобаста ба намуди аллерген ва тарзи ба организм ворид гаш- тани он, беморихои аллерги шаклхои гуногун мегиранд. Ихтилоли кори силсилаи асаб, гадудхои эндокрини, захми майна, эхсосоти манфи ва заъфи кори гадудхои болои гурда ба инкишофи А. мусоидат менамоянд. Кобилияти ба сафедахою хучайрахои худи организм мутаассир буданро аутоаллергия меноманд. Дар аснои он аллерген эндоаллерген (аз эндо – даруни) ном мегирад. Таълимот оид ба ау- тоаллергия бо номи олими барчастаи рус, микробиолог ва иммунолог И.И. Мечни- ков вобаста аст. Эндоаллергенхо ду навъ – табии (асли) ва гайритабии мешаванд. Ба эндоаллергенхои табии баъзе сафедахои бофтахо хос мебошанд.
Сафедахои барои организм бегона (онхо хангоми сухтаги, бемории шуои, ин- чунин дар натичаи пайвастан ба токсинхо ё дорухое, ки ба организм ворид шуда- анд, ба вучуд меоянд)-ро эндоаллергенхои иктисоби (дар чараёни хаёт пайдошуда) меноманд. Организм сафедахои худиро аз сафедахои бегона фарк мекунад. Дар асл бофтахои хусусии организм иллат надо- ранд, зеро бар зидди онхо аллерген (эндо- аллерген) хосил намешавад. Хангоми ау- тоаллергия таъсири омилхои мухофизатии организм ба мукобили бофтахои худи он нигаронида мешаванд (мохияти аутоаллергия аз хамин иборат аст). Дар мавриди аз хадди муайян гузаштани осеби бофтахо раванди аутоаллергия ба бемории аутоаллергия табдил меёбад. Баъзе намудхои камхунии гемолизи, миастения ва гломерулонефрит аз чумлаи чунин беморихо мебошанд. Олимон тахмин мекунанд, ки аутоаллергия дар инкишофи тарбод, реш- марази руда, зики нафас (шакли сироятию аллергии он) ширкат меварзад. Хангоми ташхиси беморихои аллерги аз мариз муфассал пурсидани таърихи касали басо мухим аст. Бо ин рох оид ба хусусияти бемори ва сабабхои он метавон хулоса баровард (духтур тахмин мекунад, ки кадом гурухи аллергенхо боиси бемори гашта- анд). Аллергенхои бемориангезро тавассути озмоиши махсус ва тадкики лаборатори ошкор месозанд. Одамони ба беморихои аллерги дучоршударо факат духтур табобат мекунад. Катъ намудани тамоси бемор бо аллергени ошкоргашта ва кохиш додани хассосияти организм нисбати он илочи асосии пешгирии беморист. Паст кардани хассосияти организм ба аллерген гипосен- сибилизатсия ном дорад. Гипосенсибилизатсия дар натичаи микдори торафт зиёди аллергенро ба организм ворид намудан ва дар бофтахо пайдо шудани подтанхои махсусе, ки аллергени бегонаро пайваст мекунанд, хосил мегардад. Аз хамин сабаб тамоси аллерген бо подтанхои хучайраю бофтахо катъ шуда, реаксияи аллерги ба вукуъ намеояд. Гипосенсибилизатсияи махсус ба шарте гузаронида мешавад, ки агар дар бемор аломатхои маризи ба мушохида нарасанд. Дар мавриди хуручи бемори аз усулхои муоличае истифода мебаранд, ки онхо инкишофи А.-ро катъ ва аломатхои бемориро рафъ месозанд (мас., дар мавриди паст шудани фишори хун дорухои тангкунандаи раг ва хангоми ташаннучи бронххо дорухои васеъкунан- даи бронххоро медиханд).
Дар чумури бисёр беморхонахо уток ва шуъбахои махсуси аллергологи до- ранд. Дар онхо духтурон – аллергологхо кор мекунанд. Ташхиси беморихои аллерги, муолича, бистаригардонии маризон, кумаки машварати ба муассисахои муоличавии дигар, бахисобгири ва омории беморихои аллерги, таргиби дастовардхои аллергологи дар байни кормандони тиб ва ахоли аз чумлаи вазифахои асосии утокхои аллергологи махсуб меёбанд.
Барои пешгирии беморихои аллерги андешидани тадбирхои зерин ногузиранд: 1) чилавгири аз тамоси такрори бо мод- дахое, ки хассосияти баланди организм- ро ба вучуд меоранд; 2) рох надодан ба халалдор шудани реаксияи мухофизатии организм. Ба тадбирхои якум махдуд на- мудани истеъмоли дорухои гуногун (яъне дар холатхои зарури ва факат бо тавсияи духтур истифода кардани онхо), корбасти технологияи пешкадам (тамоси коргарон- ро бо аллергенхо пешгири мекунад) ва тоза нигох доштани манзили зист тааллук доранд. Ба тадбирхои дуюм бартараф на- мудани манбаи сироят дар организм до-
хил мешавад (табобати дандонхои иллати, газаки чавфи бини, илтихоби талхадон, бронхитхо ва г.). Муътадил гардондани фаъолияти меъдаю руда пайдоиши А.-и гизоиро пешгири мекунад. Шири мо- дар мухимтарин воситаи пешгирии А.-и кудакон аст (бисёр кудакон аз истеъмоли гизохои сунъи гирифтори А. мешаванд). Бахри дучор нагаштан ба А. риояи низоми дурусти мехнат ва истирохат низ ахамияти калон дорад.
Ад.: Адо А. Д., Полнер А. А., Совре- менная практическая аллергология, М., 1993; Сит- кевич А. Е., Казеко А. Г., Профилактика и лечение аллергических заболеваний кожи, М., 1997; Общая аллергология, С – Пб., 2001; Зоиров П. Т., Частная дерматология и венерология, Д., 2007; Гаффарова М.А., Аллергические заболевания в детском возрасте, Д., 2008.
М. Н. Чураев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …