Главная / Илм / АЛКАЛОЗ

АЛКАЛОЗ

alkalozАЛКАЛОЗ (аз лот. alcali – ишкор), ихтилоли мувозанати кислотаю ишкорхо дар организм, ки хангоми он микдори асосхо меафзояд. А. чуброни ва гайричуброни мешавад. Хангоми А.-и чуброни pH-и хун муътадил (7,35 – 7,45) аст; дар аснои А.-и гайричуброни pH аз 7,45 зиёд аст, ки сабаби ин бартари хосил кардани асосхо ва иллати механизмхои химиявию физиологии танзими мувозинати кислотаю ишкорхо мебошад. А. вобаста ба пайдоиш гази, гайригази ва омехта мешавад. А. – и г а з и дар натичаи гипервентилятсияи шуш ба вучуд меояд. Сабаби гипервентилятсияи шуш беморихои майна (энсефалитхо, омос ва г.), таъсири моддахои химияви ва дорухо ба маркази нафасгири, баланд шудани харорати бадан, хунравихои шадид ва г. мебошанд. А.-и гайригази се навъ – ихрочи, экзогени ва мубодилави мешавад. А.-и ихрочи дар натичаи ис- теъмоли дурударози дорухои пешоброн, баъзе беморихои гурда, гадудхои усораи дохили, серараки ба вучуд меояд. Сабаби А.-и экзогени барзиёд ворид шудани би- карбонати натрий аст. А.-и мубодилави хангоми баъзе беморихо, ки боиси ихти- лоли мубодилаи электролитхо мешаванд, сар мезанад (мас., дар мавриди гемолиз, рахит, баъди чаррохи ва г.). А.-и омехта дар сурати осеб ёфтани майна, ки бо дамкутахи ва кай чараён мегирад, ба вукуъ мепайвандад. Хангоми А. харакати хун халалдор, фишори шараён паст мешавад, фаъолияти рудахо ва маркази нафас табох мегардад. Дар натичаи А.-и гази фаъолияти зехни суст шуда, сар чарх мезанад, бемор аз хуш меравад. Табобати А. ба рафъ намудани сабабхои он нигаронида шуда- аст (истифодаи махлулхои хлориди аммо- ний, калий, калтсий, исулин ва г.).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …