Главная / Илм / АЛИ ИБНИ АББОСИ АХВОЗИ

АЛИ ИБНИ АББОСИ АХВОЗИ

imagesАЛИ ИБНИ АББОСИ АХВОЗИ (с. тав. номаълум – с. ваф. 994), табиб, дар ахди Сомониён ба сар бурдааст. Бино ба баъзе маълумот корро аз дасти Абубакри Рози кабул карда, ба Абуали ибни Сино супоридааст. А. табиби дарбори хокимони сомони буд. Дар робита ба тиб чандин таълифот дорад: «Дастури тиб», «Ал-Малики», «Пандномаи пизишки» ва г. «Дастури тиб»-и А. то интишор ёфтани «Ал-Конун»-и Ибни Сино китоби руимизии табибони замон махсуб мешуд. А. ба масъалаи бо рохи тачриба санчидани самараи табобат эътибори чидди медод; талаб менамуд, ки раванди муоличаю шифои маризон дар бемористон дакик санчида ва дуруст кайд карда шавад. Рисолаи «Ал-Малики» аз чумлаи асархои калонхачми А. буда, бар радифи комус таълиф шудааст. Он хамаи комёбихои тибби давронро тачассум ме- намуд. Дар асар масъалахои бехдошт ва пархез мавриди барраси карор ёфтаанд. «Пандномаи пизишки»- и А. дастуре барои табибон буд. Он масъалахои одобу ахлок ва деонтологияро низ дарбар мегирифт.
Бо акидаи А. «Факат пизишки ахлоку одобаш воло ба дили маризон рох ёфта метавонад ба онхо шифо бахшад; мариз ба чунин табиб эътимоду эътикод баста, ба у саривакт мурочиат хохад кард. Факат чунин табиб сазовори хурмату эхтироми кулли мардум хохад шуд…»
Ад.: Исхоки Ю., Точиев Я., Таърихи мух- тасари тибби точик, Д., 1993.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …