Главная / Илм / АЛБУМИНХО

АЛБУМИНХО

albuminhoАЛБУМИНХО (аз лот. albumen – сафедии тухм), сафедахои табии, ки дар бофтахои наботот ва хайвонот мавчуданд. Дар об ва сулфити аммонийи 50-фоиза хал мешаванд; дар мавриди чушондани махлули оби сохтори А. тагйир меёбад. А. аз аминокислотахо иборатанд; онхо мета- вонанд бо карбогидратхо, липидхо ва диг. сафедахо пайваст гарданд. Микдори А. дар таркиби мевахо бо мурури пухта расидани онхо афзуда, баъд кам мешавад (ба шароити обу хаво ва агротехникаи парвариш вобаста аст). Мас., дар гужми ангур 65% (35% глобулин) ва дар тухми он то 28% А. вучуд дорад. Сафедаи халшавандаи шираи ангур аз чихати таркиб ба А. наздик аст. Дар бофтахои организми одам микдори А. нисбатан кам аст (5 – 10 фисади хамаи сафедахоро ташкил медихад). А. дар тар- киби хун бештар буда, ба 55 – 60 фисади хачми умумии сафедахои он баробар аст. А.-и хун факат дар чигар хосил шуда, сипас ба хун интикол меёбад. Ахамияти физиологии А. дар зардоби хун багоят калон аст. Онхо на факат хосияти худи зардоб, балки бисёр равандхои мубодиларо дар тамоми организм мукаррар месозанд. Дар мавриди бисёр беморихо, мас., беморихои сирояти, осеби чигару гурдахо, иллати силсилаи устухонхо ва баъди чаррохихои вазнин микдори А. дар зардоби хун кохиш меёбад. Ниг. низ Сафедахо, Глобулинхо.
Ад.: Долгов В.В., Шевченко О.П., Ла- бораторная диагностика нарушений обмена белков, М., 1997; Биохимия, М., 2005.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …