Главная / Илм / АЛБИНИЗМ

АЛБИНИЗМ

albinizmАЛБИНИЗМ (лот. albus – сафед), вучуд надоштани пигментатсияи мукаррари дар одам (ранги мукаррарии муй, пуст, пардаи чашм ва г.). А. аломати ирси буда, аз мавчудияти гени ретсессиви, ки дар холати гомозиготи синтези пигментхо (меланин) – ро бозмедорад, вобастаги дорад. Дар одам коэффисиенти зухуроти А., яъне мавчуд будани гени А. дар холати гомозиготи, баробари 1:20000 аст. Бино ба акидаи олимон сабаби А. набудани ферменти тирозиназа, ки бахри синтези меланин ахамияти калон дорад, махсуб мешавад. Дар генхое, ки хосил шудани тирозиназаро ба ухда доранд, метавонанд нокисихои гуногун рух намоянд.
Меланин дар меланосомаи меланоситхо ташаккул меёбад. Меланоситхо дар пуст, муй ва бофтахои рангбахши чашм вучуд доранд. Дар мавриди А. ранги муй, пуст, чашм тагйир меёбад; гохо факат ранги чашм дигаргун мешаваду бас.
А. имкон дорад, ки боиси иллатхои гуногун – наздикбини, астигматизм, хассосияти баланд ба таъсири рушнои ва г. гардад. Пуст ва муи ашхоси гирифтори А. сафед буда, чашмашон сурх метобад. А. дар байни хамаи халкиятхо дучор меояд. Он хусусан дар байни сиёхпустони Америкаи Шимоли, хиндиёни штати Аризона, Мексика, сокинони Ситсилия бештар ба мушохида мерасад. А. чузъи низ мешавад. Дар мавриди он дар пуст догхои сафед ба вучуд меоянд, вале ранги аслии пуст ва чашмон боки мемонад (гохо ранги муй низ сафед аст). А. муолича намешавад. Чунин одамон бояд худро аз таъсири офтоб хифз кунанд, ба чашм айнаки сиёх гиранд. Х. Ч. Усмонова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …