Главная / Илм / АЛАФИ САФРО

АЛАФИ САФРО

gratiola-officinalisАЛАФИ САФРО (Gratiola officinalis), думчагул, мурчагул, сафрогиёх, симун, гиёхест бисёрсола. Аз 10 то 60 см кад мекашад. Решааш сершоха, бо пулакчахо пушида шудааст. Пояаш рост, сершоху барг. Баргаш нештаршакли бутун ё дандонадор. Гулаш то- каи сафед, дар гулпояи дароз (8 – 20 мм), ки аз багали баргхо мебарояд, чойгир аст. Мевааш байзашакл, дорчинии сиёхтоб; гузааш сертухм. Тухмаш майдаи дарозруя, хокистарранг ё дорчини. Моххои май – июн гул мекунад. А. с. дар кади чуйборхо, сохили дарёхо, чойхои сернам ва маргзорхои обшор меруяд. Дар мавзеъхои Точикистони Чануби (дар атрофи шахри Душанбе, водии Хисор) вомехурад. Онро бо максади доруи дар давраи гулшукуфт чамъовари намуда, дар руи когаз ё матоъ ба гафсии 3 – 5 см хушк мекунанд. Барои магор назадан, онро вакт-вакт омехта кардан лозим аст. Появу бар- ги А. с. дар тибби мардуми хамчун давои киччарон, пешоброн, исхоловар ва хангоми беморихои чигар, испурч, талха, истиско, табларза, заъфи руда, бавосир, беморихои занона истифода мешавад. Мархами аз он тахияшударо хангоми беморихои хасба, хоришак, чарохатхои гуногун, устухонхурак, варами рагхо ва никрис ба пуст мемоланд. Барои табобати гастроэнтерит, илтихоби гурда ва масона низ нафъ дорад.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекар- ственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …