«АЛ-КОНУН», «Ал-Конун фи-т-тибб», «Конуни тиб», шохасари тиббии Абуали ибни Сино. Ба забони араби таълиф шу- дааст. «А.-К.» кулли масъалахои тибро бо асосу далелхо харчониба инъикос ме- намояд. Низомии Арузии Самарканди (а. 12) гуфтааст: «Хар касе ки чилди аввали «Ал-Конун»-ро аз бар кардааст, барои у аз кавоиди умумию асосии тиб чизе пинхон нахохад монд. Баъди омухтани «Ал-Конун» мутолиаи асархои дигари тибби зиёдатист». Ибни Сино хангоми дар Гургон буданаш (с. 1012) ба хохиши яке аз дустони бисёр наздики худ ба таълифи «А.-К.» мепардозад ва дар он чо китоби авв. онро ба анчом мерасонад. Сипас ин корро дар Рай ва Хамадон давом дода, такр. с. 1024 аз таълифи пурраи он фориг мешавад. «А.-К.» аз панч китоб иборат буда, хар китоб ба фан, фан ба чумла, чумла ба макола ва макола ба фаслхо таксим мешаванд.
Китоби якум андар умури куллии пи- зишкист, ки он бахши назариявии тиб, таърифи илми тиб, мавзуъхои он, ташрехи умумии тан, таърифу таснифи беморихо ва сабабхои онхо, конуну дастурхои умумии нигахдории тандурусти, аз кабили усулхои момоиву парвариши кудак, варзиши тан ва тадбирхои умумии муолича (кай, исхол, раг задан ва г.)-ро дар бар мегирад. Абуалии Сино дар огози китоби якум дар баёни илми тиб навиштааст: «Ман тасдик мекунам: тиб илмест оид ба донистани тани инсон дар вазъи саломати ё бемори ва ба инсон баргардондани саломати, ки ру ба заъф овардааст. Вакто ки мегуянд тиб иборат аст аз назария ва амалия, гу- мон набояд кард, ки бахше аз тиб дироят асту бахше амал (ки баъзе мухаккикони ин масъала чунин мепиндоранд). Баръакс, бидон, ки маънои ин дигар аст, яъне хар ду бахши тиб илм аст, яке илми асосхои тиб, дигаре илми тарзи табобат». Бо ин суханон Ибни Сино хамбастагии назария ва амалияи тибро таъкид кардааст.
Китоби дуввум ба маводи доруи бахши- да шуда, бо номи дорухои сода пешкаши хонанда мешавад. Он ду бахшро дар бар мегирад. Дар бахши якум назарияи умумии дорушиноси, коидаву дастурхои инихоби маводи доруи, чи гуна чамъовари ва захира кардани онхо оварда шудааст. Дар бахши дуввум беш аз 800 намуди маводи доруии наботи, хайвони ва маъдани ба тартиби абчад (на алифбои) зикр ёфтааст. Ба тартиби абчад овардани маводи доруи эхтимол дар он замон хеле маъмул ва хатто муносиб хам будааст, зеро ин маводи доруи дар сарчашмахои юнони низ ба хамин тартиб омадаанд ва тарти- би абчад аз ин чихат то андозае мутобики алифбои юнонист.
Китоби севвум андар баёни беморихои чузъиест, ки дар хар як андому системаи идоракунанда ё физиологии инсон руй медиханд. Ин китоб аз бузургтарин бахши «А.-К.» буда, такрибан ними хачми умумии онро ташкил медихад ва тамоми беморихои чузъии инсон ва рохи муоличаи онхоро дар бар мегирад. Дар он нахуст тахлили муфас- сали фаъолияту мохият ва сохти хар як андом, сипас анвои гуногуни беморихои он ва баъд аз он роххои муолича, пархез, дармон ва дорухои хоси он, инчунин тарзи истифодаи онхо оварда мешавад.
Китоби чахорум андар баёни табхо, беморихои сирояти, чаррохи, омосхо, захролуди, беморихое, ки агар руй диханд, хоси ягон андом нестанд ва низ андар баёни оростаги мебошад. Дар ин китоб тамоми беморихо, иллатхо ва осебхое, ки ба тамоми тан дахл доранд ва роххои муоличаи онхо баён ёфтааст, аз кабили табхо, омосхову табишхо (чушишхо), осебхои тасодуфие, ки мучиби баромада- ни андомхо, шикастани устухонхо ва руй додани чарохатхо мегарданд, захролуд шудани чисм аз захрхои хайвони, наботи ва маъдани. Дар охир дар бахши ороиш (косметика) беморихову осебхои чисмие баён ёфтаанд, ки агарчи чандон пурзахмат нестанд, вале хусни зохирии танро халалдор менамоянд. Дар ин бахш хамчунин рохи муолича ва чи гуна бартараф кардани онхо нишон дода шудааст.
Китоби панчум андар баёни дорухои мураккаб аст. Одатан, ин бахши тибро «Карободин» меноманд ва бинобар он ин китоб бо номи «Карободини Ал-Конун» низ маъруф аст. Китоби панчум асосан аз се кисм иборат мебошад. Дар кисми якум назарияи умумии дорухои мураккаб, дар кисми дуввум дорухои мураккаб аз руи таксимоти навъи ва дар кисми севвум дорухои мураккаби санчидашуда аз руи таксимоти хосияти хоси шифои ва фармакологии онхо, яъне ба хасби хар як андоми тан ва беморихои онхо оварда шудаанд.
Дар хама фаслу бобхои «А.-К.» фикру мулохиза, коркарду ихтироот, тадбиру тавсияхои тоза чой доранд, ки бисёре аз онхо эчоди худи муаллиф буда, имруз мохияти амалиашонро гум накардаанд. Ибни Сино як фасли бузурги «А.-К.»-ро ба илми амрози ботин (терапия) бахшидааст. У фароянди беморихоро ба чор мархала – огоз, афзоиш, ба гоят расидан ва пастрави чудо карда, доир ба хар яки онхо маълумоти мучаз медихад: «Огоз замонест, ки андар он бемори зохир гар- дад ва холатхояш яксон буда, афзудани вай ошкор набувад. Афзоиш он замонест, ки андар он хангом шиддатёбии бемори дида шавад. Мархилаи ба гоят расидан за- монест, ки андар он бемори андар хамаи бахшхои худ ба холати ягона бошад. Пастрави замонест, ки андар он хангом камшави падид ояд ва руз ба руз ин камшави зохиртар бигардад». Дар бобати муоличаи беморихо давохои гуногуни содаю мураккаб, дорухои наботи, хайвони ва маъдани тавсия шудаанд.
Дар «А.-К.» бори аввал дар бораи си- роят кардани баъзе беморихо ишора раф- тааст. Осебшиноси дар «А.-К.» нисбатан муфассал шарх ёфтаанд. Абуалии Сино зери мафхуми «баромадаги» пурра аз чойгохи хеш берун шудани устухонро дар назар дорад. Ба акидаи у устухони пурра набаромадаро «лагжидани пайвандгох» мегуянд, ки онро аз тарики дастмол метавон ташхис кард. Шикастагии устухон ва тарзи ташхиси онро Ибни Сино чунин шарх медихад: «Агар андоми шикаста ба суи берун майл кунад, ба гуфтаи Букрот бех аз он аст, ки ба суи андарун майл карда бошад… Махали шикастаро андар касони калонсол бо ёрии дард… ва бо даст-даст кардан муайян кунанд, вале андар кудакони хурдсол аз тарики дард, омос ва сурхие бинамоянд, ки аксар вакт андар эшон ориз бигардад». Дар тибби муосир исбот шудааст, ки сабаби бисёр оризахои латхури, шикастан ё баромадагии узв нодуруст гузоштани бандина аст. Дар «А.-К.» дар бораи ин мавзуъ фикрхое чой доранд, ки имруз аз нигохи мутахассисон билкул дурустанд: «Бисёр бошад, ки аз сахт бастан, дер кушодан ва ба он кам нигохубин кардан андом бимирад, ган- дида гардад ва ба буридан эхтиёч пайдо кунад…» Дар «А.-К.» шаш тарзи чо ба чо кардани баромадагии устухони бозу ва се усули баромадагии сутунмухра ва думгоза кайд шудааст. Чунончи, дар баёни шикастагии бозу Абуалии Сино мегуяд: «Агар барои хуб чойгир кардан (устухони шикаста) ба кашидани сахт эхтиёч бошад… беморро ба курсии баланде бинишон, ки аз нишаста дида ба рост истодан наздик бошад, бояд зери багалашро бар паллаи нардбон ва ягон чизи бад-ин монанд. чойгир кунанд ва бояд ин махалро пешаки хамвор сохта, барохату нарм гардонда бо- шанд. Сипас, бояд ягон чизи гаронеро бар оринчи у биовезанд… Хар гох (устухон) ба андозаи дилхох кашида шавад, он гох вайро рост кунанд».
.
Ибни Сино хусусан ба коидахои безараргардони (асептика ва антисептика) эътибори чидди додааст: «Бояд пораи бандина покиза бошад, зеро пораи чиркин сахт буда, дард биангезад, бояд тунук бо- шад, то агар чизе бар вай тилоъ кунанд, аз он бигузарад ва бояд сабук бошад, то бар андоми дардманд гарони наоварад».
Дар «А.-К.» ба масъалахои пири ва беморихои пирсоли, ки акнун мавзуи илми геронтология мебошанд, таваччухи зиёд зохир шудааст. Аз нигохи Абуалии Сино пирсолон ба муносибат, тагзия ва табобати махсус эхтиёч доранд: «Гизои пирро бояд ба бахшхои кам-кам чудо намуд ва онро ба хасби кувваи гувориш ва нотавонии он ду ё се бор дод… Пиронро бо равган, хусусан бо равгани зайтуни хуш хукнарези кардан судманд аст». Имруз дар дунё садхо муассисахои илми вучуд доранд, ки мавзуи тадкикоти онхоро махз геронтология ташкил медихад. Аз ин лихоз «А.-К.»- ро метавон аввалин сарчашмаи маълумот оид ба геронтология хисобид.
Дар «А.-К.» масоили равонпизишки (психиатрия) ва беморихои рухи ба фаъо- лият ва ночурихои магзи сар вобаста кар- да шудаанд. Ибни Сино ба ин мавзуъ дахл намуда, байни ихтилоли идрок ва ихтило- ли тафаккур тафовут мегузорад. Ба акидаи у агар дар баъзе холатхо дар сар пайдо шудани садохои гуногун (мас., садои об, накора, вазиши шамол ва г.) аломати ночурии рухи бошад, пас дар мавридхои дигар нишонахои он эхсоси буйхои нохуш ва шарорахои пеши чашм махсуб мешаванд, ки онхо дар асл вучуд надоранд. Ашхоси гирифтори беморихои рухи дар кайди дунёи дигар мебошанд, онхо чизи набударо вучуддошта ва вучуддоштаро вучуд надошта мепиндоранд.
Бо чунин мушохидахои хеш Ибни Сино дар «А.-К.» ба тараккии таълимот оид ба тавахуммот ва хазён заминаи илми гузоштааст. Тафовути парешонии зехн ва гулию хамокатро Абуалии Сино дар нукси магзи сар мебинад: «Фарк миёни парешонии зехн ва гулию хамокат андар он аст, ки харчанд ин хар ду осеби акли буда, сабаби хар дуро баамаловаранда мумкин аст ан- дар шиками миёнгини магз чой дошта бо- шад, вале парешонии зехн ба хасби тагйир осеби феълхои фикрист ва гулию хамокат осебхое ба хасби кохиш ва ё бекоршави буда, холатест, ки шабех ба холати пирию кудаки бувад».
Доир ба беморихои рухи маълумот дода, Ибни Сино дар «А.-К.» рочеъ ба молиху- лиё (меланхолия) низ таваккуф кардааст. У нишонахои холати рухии мазкурро дар тарси бесабаб, тундмизочи, гушанишини, гирёнзадаги, паридани андомхо, бонг за- дани гуш, гамгинию бадгумони, вахшат, харфхои бехуда ва г. мебинад: «Агар савдои баамаловардаи молихулиё хуни бошад, (бемори) бо шодию ханда зохир гардад ва андухи сахт уро хамрох набошад, агар (савдо) бо балгам падид омада бошад, (бемори) бо бехавсалаги, камхаракати ва ороми зохир шавад, агар (савдо) аз сафро падид омада бошад, (бемори) бо изтироб ва андаке чунун ба амал ояд ва мисли мониё бошад, агар савдо савдои холис бошад, хангоми ин (бемори) андеша бештару душмани камтар бувад, вале агар (беморро) бичунбонанд, ба шур омада, чунон кина гирад, ки дигар фаромуш накунад…»
Абуалии Сино табиати сирояти доштани бисёр беморихоро фарк мекард. Чунон чи, нахустин бор дар таърихи илми тиб дар «А.-К.» ишорате ба _ангезаи беморихо (микробхо) рафтааст. У мегуяд, ки дар мухити беруни чонварони бемориовар мавчуданд, ки ба чашм наменамоянд. Дар «А.-К.» ба василаи об, хаво ва гизо пахн гаштани беморихои сирояти (тоун, вабо, сухтани, хори, нагзак, сурхакон, ханозир, сарсом, варача, киччасори ва г.) сухан рафта, зарурати чушонидан ё соф кардани оби нушоки таъкид шудааст. Вакте ки сухан аз бобати шинохтани чунин беморихо равад, нишонахои асосии онхо як ба як зикр меёбанд. Чунончи, дар мавриди бемории хори омадааст: «Агар ягон касро саги девона бигазад, нахуст ба чуз чарохате чун дигар чарохатхои дарднок мушохида нашавад, вале сипас баъд аз якчанд руз уро бархе аз андешахои табах ва хобхои фосид ва холате мисли хашм, васваса, ошуфтахоли ва чавоб гуфтан_на ба чизи пурсидашуда ба амал ояд. Уро бибини, ки ангуштонаш ба ташаннуч ги- рифтор шуда бошанд. аз рушнои бигуре- зад… хукак, ташнаги ва хушкидани дахон ориз бигарданд, аз мардум гурехта танхои гузинад. Гохе аз рушнои ба хашм ояд… Баъд, андар мархалаи охир аз об ва аз тарихо метарсидаги шавад… Ин бемори гохе андар миёни як хафта то шаш мох бикушад ва миёнаи ин мухлат чихил руз
аст». Аз нигохи мутахассисони вогирши нос имруз дар ташхиси бемории хори, ки дар «А.-К.» омадааст, тагйироти назаррас вучуд надорад.
Чаррохияи Ибни Сино харчониба дакик ва хеле чолиби диккат аст. У чандин хел олат ва усулхо, мас., усули гирифтани санги масонаро ихтироъ намуда, бо ин кор илму санъати чаррохиро такмил ва таракки додааст. Баъзе мавзуъхои «А.-К.»- ро табобати захмхо, захмбанди, нигох доштани хунрави, чаррохии решхои фасоддор, носурхо, чурраи шикам ва г. дар бар гирифтаанд. Дар «А.-К.» такр. 12 навъи чарохат ва чорахои табобати онхо ёдрас шудаанд, мас., духтани чарохати шикам ба чунин тарз шарх ёфтааст: «Ман бароят бехтарин тарикаи духтани шикамро тавсиф намуда мегуям: Азбаски чизи мавриди эхтиёч ин аст, ки бояд миёни сифок ва марок пайваста шавад, бинобар ин туро лозим аст, ки андар огози духтан сузанро аз беруни пуст ба суи дарун бизани. Хар гох сузанро андар пуст ва андар муша- ке дароварди, ки ба дарозои шикам рост фуруд омадааст, гушаи сифоки андар ин суй бударо ба холи хеш гузошта, андар он сузанро надарор ва сузанро андар гушаи дигаре дароварда, аз дарун ба суи берун бигузарон. Чун сузанро гузаронди, бори дуввум низ аз худи хамин гушаи марок аз берун ба суи дарун гузаронида, гушаи сифоки андар ин чониб бударо ба холи худ бигузор ва сузанро андар гушаи дигар зада, аз дарун ба берун бигузарон. Баробари гузаронидани сузан аз сифок онро аз гушаи мароки андар ин нохия буда низ бигузарон ва хамин тарик то аз хамаи он гузарон- дани сузан (корро бояд давом дод). Сипас, низ аз хамин бар сар карда, онро ба гушае бидуз, ки аз сифоки андар бари берунбуда аст. Сузанро аз пусте берун ор, ки ба наздики он чой до-
рад. Сипас сузанро дубора андар он пуст дароварда гушаи сифоки андар чониби дигар бударо бо ин гуша аз марок бидуз ва (сузанро) аз пусте берун ор, ки андар нохияи он чой дорад. Ин корро ба хамин тартиб пай дар пай то пурра духта шуда- ни чарохат давом дех». Маълум мегардад, ки Ибни Сино дар мавриди духтани захми шикам мисли Чолинус ба пайвастани сифок (шикампарда) бо деворахои нарми шикам эътибори хос додааст.
Хангоми табобати бавосир (геморрой) Абуалии Сино кабл аз хама ба тагзияи бемор ва рафъи кабзият диккат медод. Си- пас аз пайи муолича бо дору мешуд, агар ин кор натича надихад, пас у гуддахои бавосирро бо ришта сахт мебаст ё онхоро бурида дур мекард. Чунин тарзи муоличаи бавосир, ки дар «А.-К.» тавсиф ёфтааст, аз усулхои чаррохии хозира кам фарк дорад.
Дар замоне, ки Ибни Сино ба сар бур- дааст, конунхои шариат рох намедоданд, ки табиби мард ба зани хомила кумак ра- сонад ё дар вакти таваллуд иштирок дошта бошад. Бо вучуди ин сахми Абуалии Сино дар инкишофи илми момои назаррас аст. Бисёр тарзу усулхои аз рахм берун овардани тифл, ки у пешниход намудааст, дар амал фаровон истифода мешуданд. Абуалии Сино дар «А.-К.» рочеъ ба сабабхои бенаслии зану мард ва искот, нишонахои хамл, ихтилоли хайз, пархези зани хомила, синамакони, дуруст буридани ноф ва г. маълумоти муфассалу чолиб додааст. «Сабаби нозои ё андар мании мард, ё андар мании зан, ё андар андомхои захдон ва ё андар андомхои нара ва афзорхои мани чой дорад. Ё мумкин аст он ба сабабе вобаста бошад, ки андар андомхои мабдаи вучуд дошта, аз кабили андух, тарс, дардхои гуногуни сар, заъфи гувориш ва хоммонии гизо бувад. Ё мумкин аст ба ягон хатоии ногахон руйдодае вобаста бошад» – омадааст дар «А.-К.». Чунин шархи безурёти аз нигохи илми билкул дуруст мебошад.
Бархе аз мавзуъхои «А.-К.»-ро оризаю душворихои таваллуд дар бар гирифтаанд. Чунончи, дар мавриди тадбири зане, ки бача ниходанаш ба сабаби бузургии кудак душвор аст, Абуалии Сино мегуяд: «Бояд доя агар битавонад, ин гуна чанинро хуб даст гирифта, андак-андак ба нарми би- кашад ва агар натавонад, уро бо домони ягон чома бибандад ва охистаю бахра- бахра берун кашад. Агар ин хам суд набах- шад, анбурхои гуногунро ба кор барад ва бо ёрии онхо чанинро берун орад. Агар аз ин рох хам нашавад, аз хама осонаш пора- пора карда, берун овардан буда, тадбири чанини мурдаро ба кор баранд». Ин гуна усули чаррохи (эмбриотомия), ки Ибни Сино пешниход кардааст, то ох. а. 19 дар амалияи тиб фаровон истифода мешуд.
Педиатрия хамчун илм нимаи дуюми а. 19 ба вучуд омадааст, вале бисёр масъалахои он (мас., ба кудак додани шири сина, табобати беморихои кудакон, нигохубини тифл ва г.) дар «А.-К.» халлу фасл ёфтаанд. Абуалии Сино мегуяд: «Чигунагии шир ва гизо додани он (кудак) чунин аст, ки бояд хар кадар ки мумкин аст, бо шири модараш шир дода шавад, зеро
аз хамаи гизохо ин ба гавхари он гизое, ки пеш хангоми андар рахм будан гириф- та буд, … бештар монанд аст. Бинобар ин (кудак) онро бипазирад ва бештар ба он улфат дорад». Кулли духтурони атфол бар он акидаанд, ки шири модар бехтарин гизо барои тифл мебошад. Дар бораи тар- зи маконидани кудак, ки омили асосии пешгирии бисёр беморихост, Ибни Сино гуфтааст: «Аввали пагохи бояд аз шире, ки ба бача бидиханд, ду – се бор душид, хусусан агар андар шир нуксоне бошад ва сипас пистонро ба дахони у бояд гузошт. Агар шир бад ва тундмаза шуда бошад, бехтар он аст, ки ширдиханда пагохи но- шито шир надихад… Муддати табиии ширдихи ду сол аст. Агар кудак гайри шир чизе бихохад, бояд ба тадрич дода шавад ва бар вай сахт набояд гирифт».
Ибни Сино дар тахкики масъалахои офталмология ва оториноларингология низ комёб будааст. У доир ба ташрехи чашм маълумот дода, онро аз се кисм (чалидия, зучочия, байзия) иборат медонад. Катъи назар аз он ки Шайхурраис шабакаи чашмро алохида ном набурдааст, у бо асаби босира пайвастаги дошта- ни онро дуруст тавсиф мекунад. Сипас у мегуяд: «Аз тарафи (пешини) он бофтаи анкабутие растааст, ки аз он пардаи латифе падид ояд… Ин парда хамчун девор миёни рутубати чалиди ва рутубати сафедимонанд афтидааст, то андар миёни чизи латиф ва чизи касиф деворе бошад». Акнун ба мо маълум аст, ки хангоми ихтилоли гилофа (парда) моеи хонаи пеш ба булурак гузашта, онро тира месозад. Абуали Сино дуруст кайд кардааст: «Ин (парда) аз бахри он чун ошёни анкабут тунук аст, ки агар ба таври ситабр андар пеши рутубати чалиди меистод, бешубха, чунин мухолот ба миён меомад, ки нури аз тарики (рутубати) сафедимонанд расидаро аз рутубати чалиди мепушад». Ибни Сино пардаи авв. чашмро рагпарда меномад, ки «. вай гузаргохи гизост ва эхтиёч ба он нест, ки хамаи бахшхои у аз барои манфиати гизогири сохта шуда бошанд, балки бахши пасини вай, ки машимаи ном дорад, кифоят аст». Чунин хулосагири кобили таваччух мебошад, зеро имруз мукаррар шудааст, ки махз рагпарда дар амали бинои ширкати фаъол меварзад.
Абуалии Сино рочеъ ба макоми магзи сар дар бинои навиштааст: «Нотавонии биниш ва офати он мумкин аст… вобаста ба ягон сабабе бошад, ки андар худи магз чой дорад». Имруз ин гуфтахо тасдик гаш- та, асоси бахши нави офталмология – ней- роофталмологияро ташкил доданд. Дар «А.-К.» оид ба беморихои чашм ва табобати онхо низ маълумоти муфид оварда шудааст. Дар робита ба хуншории бини Ибни Сино менависад: «Рафтани хуни бини яке аз холатхоест, ки хам суд дорад ва хам зиён…». Суд овардани хуни биниро, бешубха, дар мавриди бемории гипертония метавон мушохида кард. «Хар ки баъди он сарашро аз пури сабукшуда… дарёбад, пас вайро аз хуни бини суд хосил шуда бошад».
Тавсияхои Ибни Сино дар бобати бо садохои баланд баркарор кардани гаронии гуш чолиби таваччух мебошанд: «Варзиш кардан, инчунин андар гуш сахт садо додан ва бук ва монанди инхоро навохтан аз барои ин гуна (гарони) сахт судманд аст…» Дар мавриди баъзе беморихо ба фаъолияти гуш таъсири мусоид расонда- ни садои баланд, ки Абуалии Сино тасвир кардааст, баъди садсолахо аз чониби мутахассисон мавриди истифода карор гирифт. Холо кудакони гирифтори иллати гушро дар мактабхои махсус, ки бо асбобхои баландкунандаи садо тачхизонида шудаанд, таълим медиханд.
Бисёр тавсияхое, ки дар «А.-К.» чой доранд, барои ташаккули сохахои нави илми тиб заминаи мусоид фарохам оварданд.
«А.-К.» дар Шарк зуд мавриди писанди алокамандон карор гирифта, тадричан тамоми китобхои пеш аз худ дар ин риш- та таълифшуда, хусусан «Ал -Хови»-и Закариёи Рози (865 – 925) ва «Комил- ус-синоат»-и Абулхасани Мачуси (ваф. 1010)-ро тахти шуоъ карор дод. Нахустин омузгори «А.-К.» худи муаллиф буда, ба ривояти Абуубайди Чузчони у хангоми дар Исфахон будан, хар бегохи, баъд аз фарогат аз корхои маъмури ва вочиботи
рузона, дар халкаи шогирдону мухлисон аз «А.-К.» дарс мегуфтааст. Сипас, нусхахои бисёри «А.-К.» дар атрофу акнофи олами ислом пахн шуда, дар хамаи марказхои илмию фархангии он хамчун китоби дарсии тиб мавриди омузиш ва истифодаи пизишкон карор гирифт. Дар хар асре мувофики талаботи замон ба ин китоб донишмандон шарху таъликот навиштаанд, барои хубтар аз бар кардани умдатарин матолиби тибби вариантхои мухтасари онро ба вучуд овардаанд ва хатто ба гуфтаи муаллифи «Кашф-аз-зунун» Хочи Халифа Довуди Антоки (ваф. 1599) «А.- К.»-ро ба назм даровардааст.
«А.-К.»-ро дар а. 12 Жерари Кремони ва Алпагус ба лотини, с. 1279 Натантом Меати (Хаммати) ба забони ибри тарчума карданд. Баъди ихтирои санъати чоп «А.-К.» дар катори китобхои муътабари замон ба забони лотини нашр гардид (1473). Аз а. 15 то а. 17 аз чихати адади нашр кариб хеч китоб ба он баробар шуда наметавонист. «А.-К.» ба шакли мукаммал кариб 40 маротиба ва чузъхое аз он садхо бор ба забонхои гуногуни халкхои чахон интишор ёфтааст. Аз сабаби бузургии хачм бисёр нусхахои мухтасари он мурат- таб ва нашр гардиданд, ки машхуртарини онхо таснифи Ибни Нафиси «Ал-Мучиз» буда, с. 1828 дар Калкутта ба табъ расидааст. Солхои 1954 – 60 олимони шурави онро ба забонхои руси ва узбеки тарчума карда, дар Тошканд интишор намуданд.
«А.-К.» ба забони точики низ тарч. ва нашр шудааст. Тарчумаи точикии он, ки мутобик ба таксимбандии худи Абуали Синост, инчунин тавзехот ва чанд намуди лугот аз чониби корманди Ин-ти забон, адабиёт, шаркшиноси ва мероси хаттии АИ ЧТ Саиднуриддин Шахобуддинов пур- ра анчом ёфта, дар идораи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Точик ба табъ расидааст.
«А.-К.» аз назарияхои гайриилми ва суннатхои схоластикии хоси асрхои миёна фориг аст. Муаллиф «А.-К.»-ро ба номи сохибдавлате набахшидааст, вазъи бемор ва муоличаи онро бо нучум (холати кавокиб ва сайёрагон ва таъсири онхо) вобаста наменамояд. Ибни Сино «А.-К.»-ро дар асоси тасаввуроти дурусти илмии таъсири мухит ба инсон таълиф кардааст: у мегуяд: «Табиати халке, масалан, хиндухо ё исавихо, ба шароити иклими онон мусоид аст. Хамаи хиндухоро як ниход хос аст, ки боиси саломатии онхост, аммо исави- ён табиати дигари ба худ хос доранд, ки саломатии ононро нигох медорад. Агар хиндуро табиат бо табиати исави иваз гардад, бемор ё халок мешавад ва баръакс… Хар одам мизочи муайян ва ниходи чисми у хислати хос дорад. Аз ин чост зарурати таъйин намудани дору мувофики табъи хар як одам; доруе, ки ба Ахмад гарми мекунад, ба Зохид чунон таъсир надорад». «А.-К.» аввалин маротиба аз тарафи Нуралиев Ю. дар чорчубаи тибби исботи ва дастовардхои тибби муосир хамчун системаи мустакили тибби тахлил шудааст. «А.-К.» беш аз 500 сол дар донишкада ва муассисахои тиббии чахон чун китоби дарсии асоси ва дастурамал хизмат кард. Асархое, ки хакимони минбаъда дар илми тиб ба забонхои араби ва форси тасниф кардаанд, ба «А.-К.» асос ёфта ва аксар таклиде ба онанд. Бисёр коидахои назофат ва нигохдории тандурусти, усулхои пешгири ва дармони дардхо, ки дар «А.-К.» зикр ёфтаанд, асоси тибби халкии Шарк гардида, дар байни мардум маъмул шудаанд.
Ад.: Абуали ибни Сино, Конуни тиб, ч. 1 – 5, Д., 1991 – 2005; Канон врачебной науки, кн. 1 – 5, Ташкент, 1954 – 60; Терновский В. Н., Ибн Сина, М., 1969; Петров Б. Д., Ибн Сина (980 – 1037), М., 1980; «Канон» Ибн-Сино и современная медицин- ская наука, Д., 1980; Нуралиев Ю., Медицинская система Авиценны, Д., 2005.
М. Диноршоев, Ю. Нуралиев,
С. Шахобуддинов, А. Тошев.