Главная / Илм / АЛ-ЧОМЕЪ ЛИ МУФРАДОТИ-Л-АДВИЯ ВА-Л-АГЗИЯ

АЛ-ЧОМЕЪ ЛИ МУФРАДОТИ-Л-АДВИЯ ВА-Л-АГЗИЯ

kniga«АЛ-ЧОМЕЪ ЛИ МУФРАДОТИ-Л-АДВИЯ ВА-Л-АГЗИЯ» («Китоби чомеъ дар баёни дорухои сода ва гизохо»), асари Зиёуддин Абдуллох ибни Ахмад, маъруф ба Ибни Байтор (1197 – 1248). Аз китобхои бехтарин дар дорушиноси буда, дар он тавсиф, табиат ва хосияти давоии зиёда аз 1400 доруи сода ва гиёххои доруги бо номхои араби, юнони ва лотини ба таври муфассал, дакик ва ба тартиби алифбо ёд гаштаанд. Аз чумла кариб 300 доруе, ки дар китоб оварда шудааст, аз кашфиёти худи Ибни Байтор мебошад. Хамаи дорухое, ки муаллиф зикр кардааст, худ бевосита онхоро дида, муояна ва тахкик намудааст. «А.» дар асрхои миёна чанд маротиба ба лотини ва дар замони хозир ба забонхои немиси ва фаронсави тарчима ва нашр шудааст. Он то а. 18 дар донишгоххои Аврупо хамчун китоби дарси омухта мешуд.
Ад.: Риёз Рамазон, «ад-Даво мин фачри-т-таърих ила-л-явм»; Ахмад Шавкат, «Таъриху-т-тиб ва одобуху ва аъломуху».
С. Шахобуддинов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vulqon

ВУЛКОН ЧИСТ?

ВУЛКОНХО Харорати он то + 1500°С мерасад, дар сатхи замин 900-1200°С ташкил мекунад ва охиста …