«АЛ-ЧАВДИЯ» («Неки ва нек шудан»), рисолаест дар боби тиб. Мутааллик ба калами Абуали ибни Сино буда, с-хои 1005 – 10 ба забони точики иншо шудааст. Хачму мазмун, забону баёни «А.-Ч.» шаходат медихад, ки вай барои омма бо максади чори намудани коидахои хифзи саломати, баланд бардоштани савияи дониши тиббии мардум ва начот додан аз баъзе иллатхои одди таълиф ёфтааст. Мукаддимаи рисола бо ин сатрхо сар мешавад: «…Бидон, ки чамеи иллатхо аз хурдани бисёру гуфтани бисёр ва хуфтани бисёру мучомиати бисёр падид ояд. Аз хурдани бисёр меъда табох шавад ва чигар заиф шавад ва дарди шикаму гурда падид ояд ва ногувориш ва бодхои зишту тухма ва сустии аъзо бувад. Ва аз хоби бисёр зардии руй ва гаронии тан бошад ва магз тихи гардад ва чашм биомосад, савдо голиб шавад. Ва аз бисёр гуфтан дарди сар ва шакика бувад ва харорати сафро ва зиёдатии ранч ва ба охири умр иллатхои саъб ориз гардад. Ва аз мучомиат кардани бисёр гурда заиф шавад ва тан логар гардад ва чашм торик ва магз хушк шавад ва лаззати шахват дарнаёбад ва руяш зуд сафед шавад ва пусти бадан дурушт гардад».
«А.-Ч.» аз 8 боб иборат буда, дар онхо дар бораи илочи баъзе беморихои чашм (пурхуни, тухмак, илтихоб ва об рафтани чашм, шабкури, рехтани мижа), дандону дахон (дард ва хунравии дандон, буи бад ва об рафтан аз дахон ва г.), меъда, дафъи кай, кирми меъда, куланч, дарди нофу захор, калаф, таб, хориши андом, моргазида, муйрези, берун омадани макъад, дармони бавосир, омос, дарди хоя, сустии кувваи бох, истиско, катъ ва ифроти хайзи занон, нозои, сусткамари, камширии пистон, усулхои махв намудан ва ё хусонидани хашарот (магас, кайк, мурча ва г.), чонвархои газанда (мор, каждум) ва лавозимоти пардози бадан сухан меравад. Муаллиф барои табобати беморихои номбурда харгуна наботот ва меваю сабзавот, моддахои гизои, химияви ва органикиро тавсия медихад.
Ю. Н. Нуралиев.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …