Главная / Илм / АКУШЕРИ

АКУШЕРИ

akusheriАКУШЕРИ (Obstetricia), момои, кобилаги, як сохаи тибби клиники. Равандхои мукаррари ва носомонихои мухталифи организми занро, ки ба обистани, хомилаги, зоиш ва вазъи пас аз таваллуд вобастаанд, меомузад. Дарёфти усулхои кумаки момои, пешгири ва муоличаи аворизи хомилаги ва зоиш, инчунин беморихои хамил ва навзод вазифахои А. мебошад. А. яке аз сохахои кадимтарини тибби амали ба шумор меравад. Маълумоти аввалин оид ба баъзе усулхои ёрии тибби дар аснои душвор будани таваллуд хануз дар папирусхои Эберси Мисри Кадим (хазорахои 3 – 2 то м.) оварда шудаанд. Дар китоби мукаддаси хиндухо «Аюрведа» (а. 8 то м.) масъалахои диететикаи хомила ва як катор усулхои ёри хангоми таваллуд зикр ёфтаанд. Дар инкишофи А. олимони Юнони Кадим, Рим, Искандария ва г. сахми калон гузоштаанд. Дар пешрафти амалии он бошад, макоми олими намоёни точик Абуалии Сино (а. 10) багоят бузург аст. Акидахои у оид ба А. дар китоби сеюми «Ал-Конун»-и у баён гардидаанд. Бо ин хама А. то а. 16 илми тачрибави ба шумор мерафт. Равнаки А. чун илм бо комёбихои бузурги анатомия, физиология ва тиб алокаманд аст. Чаррохи франсави Амбруаз Паре (1517 – 90) чаррохии А.-ро, ки кайхо фаромуш шуда буд, ба амалияи А. баргардонд. А. Левре (с. 1751) ва У. Смелли (1754) гирахои А.-ро такмил доданд. Дар а-хои 17 – 18 дар аксари мамлакатхои Европа кафедра ва клиникахои А. таъсис ёфтанд, таълими мунтазами он чори карда шуд. А. дар Точикистон дар давраи Хокимияти Шурави инкишоф ёфт. Кафедраи акушери ва беморихои занонаи фак-ти муоличавии Донишкадаи давлатии тиббии Точикистон (аз с. 1941), ки бо ташаб- буси В. А. Лоситская таъсис ёфта буд, маркази илмии А. гардид. С. 1959 дар фак-ти педиатрия низ чунин кафедра таъсис ёфт. Акушерону гинекологхои чумхури дар инкишофи эндокринологияи А., омузиши физиологияи хуни зани хомила, инчунин халли проблемахои камхунии онхо ва беморихои генетикии хун хизматхои шоён карданд. Соли 1971 дар назди кафедраи акушери ва гинекологияи факти табобатии донишкадаи мазкур лабораторияи «Беморихои занон, амрози модарзод ва гайримодарзоди кудакон» таъсис ёфт, ки баъдтар (с.1980) барои ташкил карда шудани Пажухишгохи хифзи модару кудак (хозира Пажухишгохи акушери, гинекология ва неонатология) заминаи мусоид фарохам овард.
Тадкикоти олимони точик баъди с-хои 80-уми а. 20 асосан ба халли масоили роххои кам кардани беморихо ва фавти модару кудак, синамакони, хосил шудани шири сина дар занхои хомила вобаста ба шароити иклими субтропикхои хушки Точикистон, мубодилаи витаминхо дар мавриди хомилагии муътадил ва оризанок, таъсири омилхои номусоиди табии ва саноат ба кобилияти насловарии занхо, камхуни ва хомилаги, таъсири пестисидхо ва камгизои ба системаи насловарии бонувон, оризахои фасодию уфунати дар сохаи А., оризахои перитонит баъди чоки кайсар ва г. равона шудаанд.
Яке аз масъалахои мухиме, ки олимони чумхури сари он кор кардаанд, экология ва фаъолияти насл овардани занхо мебошад. Зимни муоинаи коргарзанони саноати бофандаги маълум гашт, ки чанги пахта бо омехтаи дуоксиди силитсий ва пестисидхо омили асосии бемориовар махсуб меёбанд. Хамчунин мукаррар карда шуд, ки шароити кори занхои пахтачин ба саломати таъсири номусоид мерасонад, мас., гармии токатфарсо, афканишоти инфрасурх, гарду чанги зиёд ва г.
Як силсила пажухишхои олимони точик ба тадкики хусусиятхои чараёни хамл ва анчоми он дар коргарзанони Корхонаи алюминийи Точикистон бахшида шудаанд. Маълум гашт, ки коргарзанони корхонаи мазкур аз нигохи акушери ва гинекологи ба гурухи хавфпазир тааллук доранд. Феълан бисёр масъалахои А. дар кафедрахои марбутаи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Точикистон ва Пажухишгохи акушери, гинекология ва перинатология халлу фасл меёбанд. Дар ривочу равнаки А. олимони варзидаи чумхури Голубчик С.Б., Гуртовой Б.П., Гуртовой Л.Е., Хакимова С.Х., Трубни- кова Л.И., Пулодова М.Т., Абдурахмонов М.К., Додхоева М.Ф., Нарзуллоева Е.Н. ва диг. сахми арзанда гузоштаанд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …