Главная / Илм / АКУПРЕССУРА

АКУПРЕССУРА

akkupresuraАКУПРЕССУРА, яке аз усулхои табобати чини. Аз чумлаи усулхои кадимтарини муолича буда, хануз аз а. 3 то м. маъмул буд. Дар мамлакатхои шарки аввал дар Чин пайдо шуда, минбаъд тарзхои гуногуни он дар кишвархои дигар низ густариш ёфтанд. Чиниёни кадим мукаррар карданд, ки фишор додани нуктахои муайяни бадан дардро сабук ва холи беморро бехтар месозад. Ин усул дар заминаи принсипхои меридианхо ва нуктахои акупунктура бунёд шудааст, вале барои баркарор кардани мачрои «тси»-и узвхои осебдида на сузан, балки фишори ангушт ба кор бурда мешавад. Дар Чин А.-ро одамони оди низ меомузанд, то ин ки дар мавриди зарурат ба худ ва наздикон ёри расонанд. А. усули бехтари табобат буда, махсусан хангоми сардард, дарди пушт, зики нафас, аллергия ва тахаммулнопазири муфид аст. Вай, одатан, дар якчояги бо усулхои дигар (бештар бо йога ё гиёхшифои) мавриди истифода карор дода мешавад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …